44.1 C
Душанбе

Ғановат – ғано

Ин калима дар забони матбуоту илм ва ҳатто адабиёт хеле пуристифода аст. Зоҳиран чунин менамояд, ки он дар қолаби калимоте чун «саховат» ё «адоват» сохта шудааст ва истифодааш ба маънии дороиву сарват хато нест, аммо мурур ба фарҳангҳои куҳану нав нишон медиҳад, ки чунин калима аслан вуҷуд надорад.

Солҳо пеш устод Муҳаммадҷон Шакурии равоншод дар маҳфиле гуфта буд, ки бояд аз корбурди ин калима даст бикашем, зеро дуруст нест.

Ба эҳтимоли қавӣ, вожаи «ғановат» дар асри бист дар забони мо пайдо шуд ва чун хатои ом ором-ором доираи корбурдаш фарохтар шуд. Дигар ҳама ба истифодаи он одат карданд. Дар таркиби ин калима «ғано» ба таври алоҳида худ маънии дороиро дорад ва пасванди «ват» дар ин ҷо зиёдатист. Аҷиб аст, ки мо ба ин вожа боз пасванди «манд» илова карда, «ғановатманд» ҳам менависем, ки хато андар хатост. Дар ин маврид «ғаноманд», «пурғано» ва ба таври сода «ғанӣ» гуфтан кофист.

Маънои «ғано» дар фарҳангҳо чунин шарҳ шудааст: тавонгарӣ, сарват, пурмоягӣ, давлатмандӣ. Ин калима маънии суруду нағмаро ҳам дорад, ки бо таваҷҷуҳ ба мавриди корбурдаш метавон дарк кард.

Хулосаи сухан ин аст, ки корбурди калимаи «ғановат» ба маънои дороӣ дуруст нест ва «ғано» метавонад ҷойгузини он бошад.

«Аз дард ва таб…»

Тавре ки дар матлабҳои дигар арз карда будем, имрӯз баъзе тахтаҳо, лавҳаҳо ва наворҳои таблиғӣ ба воситаи харобсози забон табдил шудаанд. Хатоҳои ошкори огаҳии бозаргонӣ (реклама) ба саломатӣ ва зебоии забони мо хатари ҷиддӣ доранд. Бештари таблиғҳо тарҷумаи ҳарф ба ҳарф аз забони русӣ буда, дар тоҷикӣ маъное намедиҳанд. Яке аз ин хатоҳо, ки ин шабу рӯзҳо аз тариқи расонаҳо ва тахтаҳои таблиғии хиёбонҳо дар ҳама ҷо «ҷор» мезанад, марбут ба доруи «Пардифен» аст, ки чунин таблиғ мешавад: «Пардифен – аз дард ва таб». Аз дард ва таб чӣ кор мекунад, маълум нест. Яъне ин ҷумлаи бемаънӣ айнан аз русӣ тарҷума шудааст ва тарҷумонаш шояд гумон кардааст, ки дар тоҷикӣ ҳам чунин мешавад. Тарзи дурусти тоҷикии он чунин аст: «Пардифен василаи раҳоӣ аз дарду таб аст» ё «Пардифен таскинбахшу таб бар аст» ё гузинаи тоҷикии дигар, ки ҳамин маъниро ифода кунад.

Паёмакҳо…

Аз Вазорати тандурустӣ паёмаке омад: «Синамаконӣ модаронро аз ҳомиладории номатлуб ва саратони ғадуди ширӣ пешгирӣ менамояд». Дар бораи хато будани калимаи «ҳомиладорӣ» борҳо навиштаанду гуфтаанд, вале мебинем, ки ҳоло ҳам фаровон истифода мешавад. Ҳомила худ «ҳомиладор» ё бордор аст ва пасванди «дор» онро бемаъно мекунад. Барои Вазорати тандурустӣ донистани ин нукта ҳатмист.

Паёмаки дигари ин вазоратро мехонем: «Фоидаи синамаконӣ, на танҳо барои модару кӯдак аст, балки барои буҷаи оила низ муҳим аст». Дар ин ҷумла низ тарзи баён саҳеҳ нест ва тарзи дурусташ метавонад чунин бошад: «Синамаконӣ (ин калима ҳам дағал менамояд) натанҳо барои модару кӯдак, балки барои буҷаи оила низ судманд аст». Қисмати аввали матни паёмак – «Фоидаи синамаконӣ … барои модару кӯдак аст» дуруст нест.

Аз ширкати ТИСЕЛ низ чанде пеш паёмаке расид: «Ҳамватанони азиз, Шуморо бо ҷашни Ваҳдати миллӣ муборакбод мегӯем». Тарзи ифода низ дар ин ҷумла русист. Русҳо мегӯянд, ки «Поздравляем вас с праздником». Мо, тоҷикон, чунин мегӯем: «Шуморо ба муносибати ид… табрик мекунем, муборакбод мегӯем».

Чунин ба назар мерасад, ки дар ширкатҳои тиҷорию мобилӣ забондоне нест, то чунин ғалатҳоро дуруст кунад. Чунин паёмакҳо қариб ба тамоми сокинони кишвар ирсол мешаванд ва ин ғалатҳо миёни ҳама интишор меёбанду ба мағзҳо ҷо мегиранд. Ин дар ҳолест, ки чунин ширкатҳо сармояи ҳангуфт доранд ва ҷалби забондоне барои навиштани матни солими тоҷикӣ аз дороияшон заррае кам намекунад.

Т. ХАЛИЛӢ, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо