– Берун меравам! – овози баланди Шоҳрух боборо ба ташвиш овард.
– А бача, оҳиста, – таъкид кард бобо. – Дигаронро бедор, нороҳат накун. Имрӯз истироҳат аст.
– Мехоҳам берун бароям!
– Эй бачаҷон, нав саҳар шуд, – бехи гӯши ӯ нарм гуфт бобо. – Ба берун нигар. Ҳаво ганда. Борон меборад.
– Баҳона наковед. Натарсонед. Мехоҳам дар берун бошам! – якравӣ кард Шоҳрух.
– Нағзакак либос бипӯшу бе ғавғо бирав, – розӣ шуд бобо.
– Не-не! Мехоҳам бо шумо биравам! – гуфт вай.
Бобо дар дил «Ҳукми шоҳу кӯдак баробар аст» гуфт ва ноилоҷ бо набера берун баромад. Шоҳрух шод, ки хоҳишаш иҷро шуд. Бобо андешаманд ба осмони абрпӯш нигариста, пурсид:
– Куҷо равем?
– Ба майдони бозиҳои кӯдакон, – ҷавоб дод Шоҳрух ва ангуштони боборо сахттар дошт, то нагурезад. Вақте аз паҳлуи мошини ҳамсоя гузаштанд, вай ба шишаи он дасту ангушт расонда гуфт:
– Оҳо, мошин сахт хунук хӯрдаст, ғунг шудаст…
– Аз куҷо донистӣ?
– «Дид» нагуфт–ку, – посух дод Шоҳрух ва афзуд: – Агар хунук намехӯрд, вақти дастрасонӣ «дид-дид, дузд-дузд» гуфта, соҳибашро огоҳ мекард. Гурбаҳо аз тарс мегурехтанд, кабӯтарҳо ба ҳаво мепариданд.
Онҳо ба майдон расида буданд, садои раъд заминро ларзонд, чароғак зад ва қатра-қатра борон омад.
– Мегурезем, бобо. Тар шавед, гуноҳи ман не. Кӣ пештар ба хона мерасад? Давидем! Пешдавак!
Шоҳрух ангуштони боборо сар дода, ба сӯи хона тохт.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон