Ҳамакнун соли ҳафтуми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ҷамъбаст шуд. Ҳангоми баргузории озмун ба равшанӣ эҳсос гардид, ки довталабон нисбат ба солҳои пеш хеле фаъол ҳастанд ва ҳатто интихоби ғолибон дар ҳамаи бахшҳо ба мушкилӣ сурат мегирад. Ин душворӣ пеш аз ҳама пайванд ба он дорад, ки дар ҳамаи зинаҳо довталабон бештар аз ҳарсола ашъор азбар кардаву китобҳои зиёдеро мутолеа намудаанд. Новобаста ба мушкилоти фаҳми маъонӣ барои хонандагони зинаҳои макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар номинаи адабиёти классикии тоҷик онҳо кӯшишҳои муваффақонае барои азбар намудани ашъор ва мутолеаи маънирасонаи осори бузургони адабиёти классикии мо намуда истодаанд. Бо итминон метавон изҳор дошт, ки сатҳи донишу биниш, мутолеаву маърифати хондаҳои довталабон имсол аз ҳар сола хеле боло рафтаанд. Агар як гуруҳи онҳо бо сабаби таҷрибаҳои чандсолаи ширкат дар озмун дар ин ҷода муваффақ шуда бошанд, гуруҳи дигар бо такя бар завқу салиқаи баланди хеш дар ин роҳ тавфиқ ёфтаанд.
Омодагӣ ба озмун албатта дар заминаи қиёси синнусолӣ наметавонад дар як сатҳ бошад, вале агар аз нигоҳи зинаҳои камолоти маънавӣ ба шинохти ин масъала ворид шавем, равшан мегардад, ки бемуҳобо кӯдакони хурдсол хеле фаъоланд, новобаста ба он ки онҳо тоза ба майдони маърифат ва омӯзишу мутолеа ворид шудаанд. Бахусус, ширкати чанд нафар хонандагони синфҳои 1 ва 2, ки миқдори зиёди ашъорро азбар намудаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин насли тозафикру тозаандеша дар ин ҷода хеле муваффақанд, ҳарчанд ҳанӯз таҷрибаҳое дар ин арса надоранд. Интихоби ашъор ва осори мутолеашудаи аз ҷониби онҳо қобили таваҷҷуҳ аст, зеро аксаран мутуни манзум ва мансурро ҳаҷман зиёд азбар намудаанд. Соҳиби чунин ганҷинаи бузурги маънавӣ гардидан барои он шарафи бузурге хоҳад буд, ки тамоми умр ҳамроҳӣ намуда, дар камолоти фикриву андешавии эшон нақши муассир хоҳад гузошт. Азбар намудани ашъори зиёд муҷиби тақвияти зарфияти хотираи қавии инсонӣ мегардад, ки ин таҷрибаро аксари бузургони адабиёти классикии мо доштанд. Мурур ба зиндагиномаи бештари нобиғагони илму адаб ва фарҳанги гузаштаи мо ин нуктаро мусаллам мегардонад, ки бештари ин нухбагон дар айёми кӯдакиву наврасӣ улуми динӣ, мантиқу фалсафа, адабиёту ахлоқ ва ҳатто дақиқро аз бар карда буданд. Агар сабаби аввали дар ҳафтсолагӣ гуфтани аввалин рубоӣ аз сӯи Мирзо Абдулқодири Бедил қариҳаи зотии ӯ бошад, омили муассир ба нубуғи эҷодии вай ҳамин мутолеа ва азбар намудани осори фаровоне аз суханварони пешин, маърифати адабиёт ва баҳрварӣ аз суҳбати чунин бузургон ба шумор меравад. Худи вай таъсири суҳбати бузургон ва ҳамнишинӣ бо аҳли саводу маънавиятро ба таври вежа чунин таъкид намуда:
Суҳбати софдилон ҷавҳари иксири ғаност,
Бесадаф қатра муҳол аст, ки гавҳар гардад.
Албатта, таъсири матлуби ин равандро, ки меваҳои дарахти ин озмун ҳаст, мо бо гузашти солҳо шоҳид хоҳем буд. Махсусан, натиҷаҳои шоиставу шоёни таъсири мутолеаи адабиёт ба кӯдакону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таъсилоти миёнаи умумиро, ки нисбат ба табақаҳои дигар хеле фаъоланд ва бо завқу шавқи баланд ба фуруғи фардоафрӯз донишу хирад ворид шудаанд. Масалан, дар миёни хонандагони ғолиб нафароне ҳастанд, ки то 250, 180 адад ғазал азбар намуда, куллан наздики чаҳор ҳазор байтро аз ёд медонанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол доираи мутолеа ва фарогирии мероси адабиёти гузаштаи мо аз сӯи довталабон вусъати бештар касб мекунад. Барои ман бисёр хушоянд буд, ки дар дафтари аксари ширкаткунандагнони озмун чандин намунаҳо аз ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар адабиёти мо бо номи “Абулмаъонӣ” маъруф аст, мавҷуд буд. Чанд нафар пораҳое аз маснавии “Комде ва Мудан”-ро низ аз ёд кардаанду нафарони дигар қасидаҳоеро аз маҳсули хомаи ин шоир медонанд. Бавежа, қасидаи “Саводи аъзам”-ро, ки дар посухи “Дарёи аброр”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ суруда шудаанд. Мухаммасҳое низ аз Бедил дар бастаҳои чанде аз довталабон ҷой дошт. Қобили таъкид аст, ки мардуми тоҷик бештар аз дусад сол аст, ки Бедил мехонанд ва мавҷудияти нусхаҳои фаровони хаттии девони шоир дар хонаҳои мардуми тоҷик гувоҳи ҳақиқати ин амр аст.
Ҳоло аз ёд кардани ашъори Бедил барои хонандагону донишҷӯён худ қадами аввал дар маърифати андешаҳои ин суханвари маънишикор аст. Ин гоми устувор роҳеро дар шинохти рамзу рози калом ва афкори Бедил боз хоҳад намуд. Мо медонем,ки дар гузашта дар сари бозору чойхонаҳо мардуми тоҷик маҳфилҳои бедилхонӣ меоростанд, ки устод Айнӣ ҳам дар китоби “Ёддоштҳо” ва ҳам дар асари “Мирзо Абдулқодири Бедил” бар ин маҷолиси фаҳми шеъри ин суханвар ёд кардааст ва намунаҳои шуруҳи шифоҳие аз ин мафоҳилро Аҳмади Дониш дар “Наводир-ул-вақоеъ” зикр намуда. Ман чунин меандешам, ки таваҷҷуҳи наслҳои мухталиф ба азбар намудани намунаҳои ашъори Бедил дар доираи озмун бо шеваи дигар ва ҷадид нусхае тоза аз чунин маҳофили суннатист, ки дар партави ин иқдоми Пешвои муаззами миллат эҳё ва ба мазҳари умум роҳ меёбад. Дар канори ин, намунаҳое аз ашъори шоироне чун Урфии Шерозӣ, Калими Кошонӣ, Толиби Омулӣ, Қудсии Машҳадӣ, Сипандӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон ба чашм расид, ки вусъати фарогирии мероси адибони классики тоҷикро аз сӯи довталабон бозгӯӣ мекунад. Ин албатта, падидаи қобили таваҷҷуҳ аст, ки ба нуфузи сатҳи маърифати ҷомеа таъкиид меварзад. Аммо баробари ин, ба мушоҳида мерасад, ки бастаҳои довталабон бештари маврид такрори ҳамдигаранд. Аксар намунаҳои ғазалу қасида, анвои дигари шеърӣ дар бастаҳо якхеланд. Ин ҳолат бештари маврид дар маводи ширкаткунандагони як шаҳру ноҳия ба мушоҳида мерасад. Масалан, қасидаи “Шикоят аз пирӣ”, “Васфи Бухоро”, “Модари май”-и Устод Рӯдакӣ ва чанд қасидаи дигар аз Сайфи Фарғонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Хоқонии Шарвонӣ дар бештар аз ҳаштод дар сади бастаҳо мушоҳида мешавад. Ҳарчанд шуморашон хеле кам аст, аммо довталабоне низ ҳастанд, ки қасидаҳои 100 байтӣ ва бештар аз онро ба сурати комил азбар намудаанд. Масалан, дирӯз довталабе аз шаҳри Душанбе қасидаи “Луҷҷат-ул-асрор”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро, ки сад байт аст, ба сурати комил аз бар намудаву қироат кард. Аз ҳар ҷои ин қасида ба сурати мунтахаб пурсида шуд, псосух гуфт. Аммо бештари довталабон қасоидро гоҳо маврид панҷ – шаш байт интихоб мекунанд, яъне ба назари онҳо миқдори муқарраршудаи дар низомнома ҳосил шавад кофист. Бештар онҳо ба сурат кор мегиранд, на ба маънӣ. Ман албатта, ин дидгоҳҳои хешро бар пояи таҷрибаҳои ҳосилшуда изҳор доштам ва фикр мекунам, ки дар номинаҳои дигар низ бояд чунин бошад.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо гузашти ҳафт сол ҳанӯзам бастаҳои довталабон ғалатҳои зиёде доранд. Аксар намунаҳои ашъорро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд, ки дар мавриди мансубияти онҳо ба ин ё он шоир баҳсҳои фаровон аст. Масалан, ғазале бо матлаи
Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем, касе ёри касе нест.
аз номи Мавлонои Балхӣ дар аксари бастаҳо ҷой дорад ва онро довталабон азбар кардаанд. Аммо дар нусхаҳои хаттӣ ва чопии муътамади “Девони Шамс” ин ғазал мавҷуд нест. Чанд намунаҳои ғазали дигар низ бо чунин шеваи мансубият ба шоирони дигар низ ҷой дорад. Чунин мушоҳидаҳо дар бахши рубоиёт низ ба чашм мерасад. Дар амри муқаррар намудани сарҳади жанрҳои суннатӣ низ мушкилот ҷой доранд. Гоҳо ғазалҳои тулонии хоси шоироне чун Мавлоно, Бедил, Сайидо, Шавкати Бухороӣ ва дигаронро ба гуруҳи қасоид шомил кардаанд. Баъдан, достонҳоро ба сурати пароканда интихоб мекунанд. Чун ҳадафи озмун танҳо аз бар намудани шеър нест, балки дарку маърифати адабиёт низ ҳаст, зарурати он аст, ки дар бахши интихоби намунаҳои ашъор таҷдиди назар шавад. Аз нигоҳи аввал, интихоби гузидаи достон метавонад ба маърифати ноқиси матолиб омил гардад.Таҷриба нишон медиҳад, ки нафарони чунин достонҳо ва қасоидро ба сурати комил азбарнамуда ҳам кам нестанд. Ба андешаи мо, дар оянда ба сурати мукаммал азбар намудани як бахши достонҳои таркиби осори ҳамосӣ, ки як тамомияти маъноиву сужавии муайян доранд, бояд тавсия шавад. Ҳамзамон, ба сабаби дақиқияти сарҳади жанрҳои суннатӣ бояд довталабон ё матни қасоидро комилан азбар намоянд ё ҳадди ақал на камтар аз бист байтро ҳифз кунанд.
Вобаста ба ин, ба андешаи мо таҳияи китобе бо номи “Баёзи фурӯғ” зарур аст, чун дар заминаи омода шудани ин чунин китоб имкони пешниҳоди гунаҳои комили достонҳо, қасоид, инчунин мутуни осори манзуми мутанаввеъ ба миён меояд. Тавре гуфта омад, аксаран довталабон намунаҳои яксони ашъорро азбар намудаанд ва ҳатто бештари бастаҳо мушобеҳ ё айни ҳамдигаранд. Ибтикори мазкур барои манзури гунаҳои дигари ашъор ва иҷтиноб аз такрор омил хоҳад буд.
Таҷриба нишон дод, ки бархе довталабон то панҷ-шаш сол ширкаткунандаи даври ниҳоии озмун ҳастанд. Аммо таҳлили вазъи намунаҳои ашъори азбарнамуда ва осори мутолеакарда ин нуктаро равшан месозад, ки миқдоран онҳо дар давоми ин солҳо пеш нарафтанд. Аксаран, ҳамон бо ҳамон 100 ғазалу 100 байт қасидаи соли аввал азбарнамуда ҳамасоли ширкат кардаанд. Ба андешаи мо бо сабаби дубаробар афзудани ҳаҷми ҷоизаҳои озмун зарурати таҷдиди назар ба меъёрҳои озмун пеш омадааст. Ҳадди ақал миқдори ғазалҳо то ба 150 байт, қасида то 200 байт, рубоиву дубайтӣ 150 адад боло бурда шавад. Ин таҷаддуд метавонад барои боло рафтани шавқу кӯшишҳои довталабон таъсири пурфайз гузорад.
Дар фаровард мехоҳам як нуктаи дигарро низ хтаъкид намоям, ки воқеан муҳим аст. Имрӯз зарурати дар як ниҳоди ҷамъиятӣ муттаҳид намудани ғолибони ин озмун пеш омадааст, то аз зарфияти фикрии онҳо дар оянда ҳамаҷониба ба хотири пешрафти ҳамаҷонаи ҷомеа истифода шавад. Дур намеравем, таҷрибаи истифодаи чанд нафар аз ғолибон ба ҳайси довар дар озмун самараҳои матлуб ба бор овард. Чанд сол аст, ки ғолиби номинаи адабиёти ҷаҳон Наврӯзи Ҷумъамурод ҳам дар даври савум ва ҳам чорум ба ҳайси узв ва ҳатто раиси ин номина фаъолият мебарад. Фикр мекунам, ки дар оянда низ аз ин қувваи бузург барои пешрафти кор дар ҳама самтҳо босамар ба кор гирифта шавад.
Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров узви ҳайати ҳакамони даври ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинаи адабиёти классикии тоҷик.





