15.1 C
Душанбе

ФИРОР (Ҳикоя)

Маро боварам буд, ки зане агар ба ногаҳ мардеро шавҳари худ дидан хоҳад, ун бечораро роҳи яктои халосӣ фирор аст. Вале ин кор на ҳамеша даст медиҳад. Боре, як ошнои ман, пас аз дарки чунин хатар, аз бандаре дар киштӣ нишаст (вай ончунон тарсида буд, ки дар анбонаш танҳо як лифи дандон буд) ва як сол ёди зодгоҳ накарду даври дунё гашт. Аммо, вақте ба ин гумон, ки хатар дигар пушти сар шудааст, дар ҳамон бандар аз кишӣ пиёда гашт (занҳо мегуфт ошнои ман, ноустуворанд, дар дувоздаҳ моҳ вай номи маро ҳатто фаромӯш мекунад), нахустин касеро, ки медид, ҳамон бону буд, ки шодона ба сӯяш даст меафшонид. Ман танҳо як тани аз ин гуна бало ба саломат раҳидаро медонам.

Ӯро Роҷер Черинг ном буд. Вай рӯзгоре ба Рут Барлоу ошиқ шуд, ки марди солхӯрдае буду таҷрибаҳои бешумораш дар зиндагӣ пеши роҳи ин балоро бояд мегирифтанд. Вале Рут Барлоу ҳунари нодири мардҳоро даступоча кардан дошту Роҷер Черинг назди ӯ ҳушёрию дурандеширо аз даст дод. Ва монанди дарахти решамурда пеши пойи зан афтод. Ҳунари ин зан баста ба он буд, ки бо диданаш дар дили ҳар марде раҳму дилсӯзии ногузир зода мешуд. Чашмони мешиву бошукӯҳи бону Рут Барлоу – зани аз ду шӯ монда – касро шефтаву асир месохтанд. Ин чашмҳо ҳамеша ба назар ашколуд менамуданд. Зиндагӣ, мегуфтанд ин чашмҳо, борест гарону равонфарсо бар дӯши ин шонаҳо ва кас дасти дареғ ба сар мезад, ки ҷони ин бечора дар чанги азобе дардовар аст. Ва боз агар ун кас чун Роҷер Черинг таҳамтан буду дар нозу нӯш ба сар мебурд, ногузир ба худ мегуфт, ки ман бояд ин нозанини бепаноҳро аз дасти зиндагии ғалатбоз раҳо кунам! Худоё, чи мӯъҷизае мебуд, агар ғаму андӯҳро аз хонаи ин чашмҳои зебо берун кардан мешуд! Роҷер мегуфт, ки шикасту нокомӣ ҳамеша по ба пойи бону Рут мегаштаанд. Шояд ӯ аз он нокомоне буд, ки «бале» ҳамеша барошяон «бало» мезоид? Агар шӯ мекард, шӯяш мезад, миёнарав фиребаш мекард, ошпазаш майзада мегашт.

Рӯзе, ки Роҷер гуфт, зан розӣ аст бо ӯ сар ба як болин ниҳад, ман барояш бахт орзу кардам. Вай гуфт:

– Бовар дорам шумо дӯст мешавед. Аммо ӯ аз ту метарсад. Туро одамгурез мегӯяд.

– Гапи беҳуда.

– Аз ӯ хушат меояд?

– Хеле.

– Бечора, чи ранҷҳое кашидааст. Дилам месӯзад.

– Бале.

Дигар чӣ мегуфтам? Медонистам, ки зани аблаҳе буд, вале ҳушёр. Ва бечораи ситамдидае набуд; баръакс.

Мо вақти қартабозӣ ошно шудем, вай ду бор пирӯз омад. Ман одоб кардам ва дуруст мебуд агар чашмони ман ашколуд мешуданд, на аз ӯ. То поёни бозӣ вай аз ман хеле қарздор шуд, ваъда дод, ки чак мефиристад, аммо нафиристод. Ҳангоми вохӯрии охирин чеҳраи ман ғамин хоҳад буд, на аз ӯ.

Роҷер ӯро ба дӯстонаш ошно кард, гулӯбанду бозубанди зебо ҳам харид. Ин сӯву он сӯяш бурд. Рӯзи сури арӯсӣ низ таъин шуд. Роҷер сахт хушбахт буд. Вай ба кори неке даст зад ва бо шавқу шӯр ба поёнаш овард. Дар зиндагӣ чунин иттифоқ кам меафтад ва ҷойи шигифт нест, ки ӯ беш аз андоза шефтаи худ гашт.

Ва ногаҳ дилаш аз зан сард гашт. Чаро? Намедонам. Гумон аст аз забони ӯ хаста шуда бошад, зеро санъати сухан дастраси ун зан набуд. Ё шояд нигоҳи ҳазини ӯ торҳои дилашро дигар ба ларза намеовард. Чашмонаш боз гаштанд ва ӯ, чуноне ҳамеша буд, бозпас дурбину дурандешу хирадманд шуд. Ва ин низ ошкораш шуд, ки Рут Барлоу ӯро шавҳар интихоб карда буд, аз ин рӯ, бо тантана савганд ёд кард, ки доми ниҳодаи ӯро пора хоҳад кард. Вале ин кор чандоне осон набуд. Акнун ки ба ҳуш омадаву дар чанги чи зане афтоданашро дарёфт, инро низ донист, ки агар осону бе сару садо аз ӯ раҳо шудан хоҳад, зан овозаи бадбахтию сияҳрӯзиашро ногузир то ба фалаки атлас мебарад. Ва боз, занеро фиреб додан, мисле ки бешарафист; одамҳо бадкору бадрафтораш мехонанд.

Роҷер барои осон кардани ин душвор гӯш ба овози дарунаш дод. Ва аз он гуфтугузор ошкораш гашт, ки эҳсосаш нисбат ба Рут заррае дигар нагаштааст. Вай ҳамчунон ба зан меҳрубон буду ба нозунузаш посух мегуфт, ба театру ресторанаш мебурд, гул ҳадя мекарду ҳама тан гӯш ба ҳарфаш буд. Аҳд карданд, ки бо ёфтани хонаи боястӣ зану шӯ мешаванд, зеро Роҷер иҷоранишин буду зан дар меҳмонхонаи арзоне ба сар мебурд. Ва дасту остин барзаданд. Чанд пешниҳод омад, хонаҳоро диданд, вале манзили дилхоҳе пайдо накарданд. Роҷер миёнаравҳоро дигар кард. Дилдодаҳо яке паси дигар хонаҳоро медиданду аз таҳхона то зершервонӣ месанҷиданд. Бархе аз ин хонаҳо хеле калон, ниме бисёр хурд, яке аз марказ дур, дувумӣ аз ҳад наздик, нархи баъзе гарон, инаш афсурдаву вайрон, ҳавои унаш гарму нафасгир, дигарӣ сарду шамолрав, ё тангу тор, ё равашаниаш бисёр буд. Роҷер дар ҳар хона камбуде меёфт. Ин хурдагирӣ ба беҳуда набуд; вай Рути азизашро танҳо ба хонае мехост бурдан, ки ҳавою фазои олии будубош дошта бошад. Ёфтани чунин хона замон мехосту даводаваш кори душвору хастакунандае буд. Дере нагзашт, ки дар рафтору гуфтори Рут нишонаҳои дилтангиву безорӣ пайдо шудан гирифтанд. Роҷер ба ӯ мегуфт, ки хонаи дилхоҳашон ногузир дар ҷойе ҳаст, шикебо бояд буд. Ин гуна садҳо хона дидаву санҷида шуд.

Ниҳоят сабри Рут сар омад ва ӯ дигар натавонист хашмро фурӯ нишонад:

– Агар дар ҳамин рӯзҳо хона пайдо нашавад, ман меравам. Бо ин ҳол мо баъди панҷ сол хонадор мешавем.

Роҷер ранҷид:

– Воҳима накун! Ками дигар сабр. Ман рӯйхати нави хонаҳоро гирифтам. Қриби шаст хона.

Онҳо боз дунболи кофтукови хонаи ноёб шуданд. Хонаҳо бешумор буданд. Ҷустуҷӯ ба ду сол бурд. Рут одамгурезу сардсухан шуд, нигоҳи чашмони зебову ғаминаш инак сарду беҳис шуда буд. Сабр низ ҳаду сарҳад дорад. Сабри бону Барлоу арзандаи рашки авлиё мебуд, вале рӯзе расид, ки ӯ низ ин борро бурдан натавонист:

– Ту фикри зангирӣ дорӣ?

Лаҳни зан ғайричашмдошт дурушту зананда буд, вале мард худро нигаҳ дошт, нарм ҷавоб дод:

– Ҳамеша. Хонаро ки ёфтем, зану шӯ мешавем. Ҳамин ҳолӣ ба ман як хонаи нав пешниҳод карданд, шояд ин ҳамон аст, ки мо мекофтем.

– Ман наметонам.

– Бечора, мефаҳмам, ту сахт хаста шудаӣ.

Рут Берлоу шикаст хӯрд. Дигар ба мулоқот намеомад, Роҷер инак аз тандурустии ӯ мепурсиду гул ҳадяаш мекард. Вай беш аз пешина далеру боодоб буд. Ҳаррӯз ба зан нома менавишт, ки ба онҳо хонаи дигаре пешниҳод кардаанд. Як ҳафта пас ба ин мазмун нома омад:

«Роҷер, фаҳмидам, ки ту дӯстам намедорӣ. Ман мардеро ёфтам, ки мехоҳад пуштупаноҳам бошад, мо имрӯз никоҳ мекунем.

Рут.»

 Роҷер навишт:

«Рут, номаат маро сахт парешон кард. Намедонам ин андӯҳро чӣ гуна пушти сар кунам, аммо хушбахтии ту бароям муҳимтар аст. Ҳафт нишонии нав мефиристамат, инҳоро ҳамин рӯз гирифтам ва умедворам дар ин шумор хонае бошад, ки туро хуш ояд…

Роҷер.”

Тарҷумаи Юнус Юсуфӣ

Баргирифта аз асари Сомерсет Моэм (Инглистон).

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо