25.4 C
Душанбе

Фарзандони Пушкин

Мақоли қадимае ҳаст, ки фарзанди фарзона аксаран фарзона намешавад. Лекин бо он метавон баҳс кард. Сулолаҳоеро ёфтан мумкин аст, ки фарзандону наберагонашон дар истеъдод аз падару бобоёни ҳунарманд кам набудаанд. Баъзан пасояндагон бошуурона дар ҳаёт мавқеъ ва мақоми дигарро интихоб мекунанд, ки бо пешгузаштагони боистеъдодашон дар сабқату худсанҷӣ набошанд. Масалан, ҳарду писари шоири бузурги рус Александр Сергеевич Пушкин хидмати давлатиро интихоб намуданд. Шоир дар номае ба як дӯсташ навишта буд: «Худо накунад, ки онҳо пайрави ман бишаванд, шеър бинависанд ва бо шоҳ дар моҷаро бошанд!»

Бо вуҷуди ин, писари калонии шоир – генерали мустаъфӣ дар охири умр шӯхиомез ба духтараш рози дил намуд, ки дар чашми шиносон навмедиеро мушоҳида мекунад. Александр Александрович чунин мешумурд, ки одамон дар симои ӯ – зодаи шоири бузург шахсияти фавқулодаро меҷӯянд. Ҳарчанд ки писари Пушкин худро як шахси одию муқаррарие мешумурд, ки ҷомеаро «ноумед» кардааст. Бояд гуфт, ки Александр Александрович ё хоксорӣ мекард ё қадри худро намедонист. Чунки хидматҳояш хеле шоиста буданд.

Писари калонии Александр Сергеевич ва Наталя Николаевна моҳи июли соли 1833 дар Санкт-Петербург таваллуд шуда буд. Падари ҷавон ба нахустписараш бисёр меҳрубонӣ мекард. Модари Пушкин – Надежда Осиповна дар номаҳо ба хоҳари шоир ин дилбастагиро чунин тасвир кардааст: «Писарча соат ба соат дустрӯяктар мешавад. Сашкаи хурдакак барои падарашу дӯстони ӯ басо азиз аст…» Писаракро, ки бо исми падараш номида буданд, дар хонадон бо меҳр «Сашкаи зардак» мегуфтанд.

Пушкини бузург мушоҳидаи либоспӯшонӣ, хобонидан ва сер кардани писари ҳамномашро дӯст медошт, шабҳо ба нафаскашиаш гӯш медоду то дер аз сари гаҳворааш дур намешуд. Ҳанӯз ҳамон вақт ӯ аз тақдири Александри хурдакак дар ташвиш буд. Пушкин, ки дар замони салтанати се шоҳ зиста буд, на ҳамеша бо онҳо забон меёфт. Дар номае ба занаш навишта буд: «Сашаҷон бо ҳамноми сангинаслаш (шоҳи оянда Александри 2) чӣ гуна созиш мекарда бошад? Ман бо ҳамномам (Александри 1) ҳеҷ созиш накардам…»

Писари калонӣ ҳам чун дигар фарзандони Александр Сергеевич зери назорати мураббиёни хонаводагӣ тарбия меёфт. Баъди куштори сарвари оила ҳам, бо вуҷуди душвориҳои моддӣ, Наталя Николаевна барои таълиму тарбияи фарзандонаш маблағро дареғ надошт.

Одатан дар хонадон омӯзгорони хуб заҳмат мекашиданд. Ҳамсари Пушкин ба бародараш мегуфт, ки донишу малакаи кӯдакон ин хароҷотро як бар сад ҷуброн мекунанд. Ва ҳақ буд вай.

Соли 1845 Александр Пушкини хурдӣ ба гимназияи Преображенски Петербург дохил шуда, чун хонандаи муваффақу муаддаб ном баровард. Дар 15-солагӣ ӯро ба корпуси пажӣ (паж – ба маънои қарини шоҳ, зери назари шоҳ. Шарҳи тарҷумон) таъйин карданд, онро чун корнет (афсари хурди артиши шоҳи рус. Шарҳи тарҷумон) тарк намуд ва ба полки гвардияи савора фиристода шуд.

Хидмати ҳарбии Александр Александрович бисёр хуб сурат гирифт. Ӯ худро пурра ба кори дӯстдоштааш бахшида, дар ҷанги Қрим корнамоиҳо нишон дод, ки ордени муътабар ва силоҳи номнависи тиллоӣ далели инанд.

Баъди чанде писари шоир флигел-адъютанти Аълоҳазрат, баъди як моҳ генерал-майор ва фармондеҳи дивизия таъйин гардид. Пушкини афсар комилан намунаи ҷавонмардии афсарон ва ба анъанаҳои дерина содиқ буд. Тавре ки таърихнигор навиштааст, афсарон ба фармондеҳи худ эҳтироми бузург доштанд.

Баъди марги ҳамсараш Александр Александрович боз ҳам соҳибэҳтиромтар гардид. Бо вуҷуди мушкилоти хидмати ҳарбӣ, ӯ вақту имкон ёфта, нуҳ фарзандашро бо меҳру муҳаббат ва сазовор тарбия кард.

Соли 1891 Пушкини хурдӣ ба истеъфо баромад. Ӯро ба мақоми мушовири махфӣ таъйин карда, нафақаи хубе – беш аз ҳазор рубл дар як сол доданд. Чун дар сӣ соли хидмат ба либоси ҳарбӣ одат карда буд, аз шоҳ хоҳиш намуд, ки дар истеъфо ҳам пӯшида гаштани онро иҷозат диҳад. Хоҳиши афсари хидматнишондода қонеъ карда шуд, аз ин рӯ касе ӯро дар либоси шаҳрвандӣ надидааст.

Александр Александрович ду бор хонадор ва соҳиби 13 фарзанд шуд. Никоҳи аввалаш таърихи ҷолибе дошт. Маҳбубааш Софя Ланская – духтараки орому хоксор дили Пушкинро обу адо кард, қарори онҳоро хешу табор бо хушнудӣ пазируфтанд, лекин калисо, бинобар ҳамхунии эҳтимолии дӯстдоштаҳо, ин корро имконнопазир донист.

Гап дар он буд, ки Софяи ятим аз хурдӣ дар хонаи амакаш Пётр Петрович Ланской – шавҳари дуюми Наталя Николаевна камол ёфта, ба аҳли хонадон ҳамдилу ҷон шуда буд. Наталя Николаевнаро, ки ба Софя сахт меҳр дошт, интихоби писар чун орзуи деринааш беҳад шод намуд. Мутаассифона, калисо… Арӯс навмед шуд, Александр изҳор дошт, ки ё Софяро мегирад, ё умрбод муҷаррад мемонад. Наталя Николаевна давутози бисёре кард, лекин мурод ҳосил намешуд. Ягона умед шоҳ буд. Асноди заруриро оид ба ҳамхун набудани ҷавонон ҷамъ оварда, Пушкина-Ланская ба қабули шоҳ рафт.

Ба ӯ, ки писарашро беҳад дӯст медошт ва ба муҳаббати сӯзонаш эҳтиром мегузошт, моил кардани дили Александри 2 муяссар гардид. Агар дахолати Аълоҳазрат намебуд, иттифоқи дилдодаҳо ва шохаи пурбортарини шаҷараи пушкинҳо чӣ мешуд!

Заношӯии Александру Софя бисёр неку хушбахтона буд. Соҳиби ёздаҳ фарзанд шуданд онҳо: Наталя, Софя, Мария, Александр, Олга, Анна, Григорий, Пётр, Надежда, Вера, Сергей.

Агар Александр Сергеевич зинда мебуд, ҳатман келинашро соҳибҷамол мехонд. Чунки дар мероси адабии ӯ шӯхии таърихие ҳаст: аз ҳакиме пурсиданд, ки кадом занро метавон соҳибҷамол гуфт? Ҳаким ҷавоб додааст: занеро, ки аз ҳама беш фарзанд таваллуду тарбия кардааст.

Мутаассифона, ҳамаи фарзандонро баркамол дидан ба Софя Александровна муяссар нагашт: моҳи апрели соли 1875 дар Вилно, ки полки шавҳараш сафарбар шуда буд, шамол хӯрда, дар 38-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Александр Александрович аз вафоти ҳамсари дӯстдоштааш бисёр ғамгин шуд. Дергоҳ хонадор нашуда, нигоҳубини нуҳ фарзандро (ду нафараш дар хурдсолӣ вафот карда буданд), ки калониаш Наташа шонздаҳсола буду хурдиаш Сергей яксола, ба гардан гирифт. Вале азбаски Александр Александрович зуд-зуд ба сафарҳои ҳарбӣ мерафт, кӯдаконро бо навбат хешу табори Пушкин нигоҳубин мекарданд.

Соли 1883, баъди 8 сол, ӯ боз хонадор шуд. Лекин Мария Александровна Павлова ҳамсару моиндари хуб набаромад. Аз ин хонадорӣ писари шоир соҳиби ду фарзанд – Николай ва Елена гашт. Бенасиб аз муҳаббати ҳамсарӣ Александр Александрович зуд-зуд ба хориҷа, ба хонаи хоҳаронаш, ки ёдовари модари азизаш буданд, мерафт. Борҳо ӯро дар он ҷо нигоҳ доштанӣ шуданд, лекин меҳри самимии ватандориаш ба ин роҳ намедод.

Генерал Пушкин натанҳо соҳиби нишонҳои муътабари ҳарбӣ ва, аз ин рӯ номбардори ҳақиқии падари бузургаш, балки ходими пурғайрати ҷамъиятӣ ҳам буд. Бахусус барои босаводу худшинос шудани занон талоши бисёр мекард, дар мақомоти гуногун барои онҳо имтиёзу имкониятҳо мекофту меёфт ва бо ин меҳри онҳоро ба худу авлоди худ меафзуд.

Пушкини афсар, ки маҳрумиятҳои хидмати ҳарбиро бисёр дида буд, беш аз ҳама аз ҷанги нав ҳарос дошт. Соли 1914, чун хабари ҷанги ҷаҳониро шунид, хомӯшу ғамгин ба ҳуҷраи кораш даромад ва аз он ҷо зинда набаромад. «Бобоям чун аз сафарбарии умумии ҳарбӣ огоҳ шуд, вазъиятро хуб фаҳмид ва ин сахт мутаассираш кард, – навиштааст наберааш Наталя Сергеевна Мезенсова. – Аламашро он чиз бештар менамуд, ки худи ӯ барои лашкар дигар пиру нодаркор аст».

Тибқи васияташ Александр Александровичро дар паҳлуи зани якумаш Софя гӯронданд. Зани дуюмаш бо фарзандони баркамол ба хориҷа рафтанд ва чун пайвандони Пушкини бузург соҳибэҳтиром буданд.

«Модари азиз, Наталя Ивановна, Шуморо бо таваллуди набераатон Григорий табрик гуфта, ӯро ба меҳру муҳаббататон месупорам!» – навишта буд Александр Сергеевич ба хушдоманаш дар моҳи майи соли 1835.

Мегӯянд, ки Наталя Николаевна ба писари хурдӣ номи падараш – Николай Афанасйевичро доданӣ будааст, вале ҳамсараш хостори номи ҷадди машҳури худ – Григорий Пушка шудааст. Шояд писарашро ҳамчунон сарбози шуҷоъ дидан мехостааст, лекин… Писарак дусола ҳам набуд, ки аз падар маҳрум гашт.

Соли 1844 модари Гриша зани Пётр Ланской шуд. Фарзандони Пушкинро чун зодагони худ дӯст медошт ӯ. Дар 13-солагӣ Григорий ба гимназияе дохил шуд, ки акояш Александр хатм намуда буд. Ба бародараш монанд шудан мехост вай. Ва ҳамеша ба ӯ пайравӣ мекард. Аз ҳама ворисони шоир Гриша бештар ба падараш монанд будааст – ҳам зоҳиран ва ҳам аз рӯи хулқу рафтор.

Григорий то рутбаи полковник хидмат кард ва хеле барвақт – дар 31-солагӣ ба истеъфо баромад, ба деҳаи аҷдодиашон – Михайловское рафт. Мегӯяд, ки Пушкини хурдӣ бисёр боғурур будааст ва нахостааст аҳли пойтахт шоҳиди камбудҳои иқтисодии рӯзгораш бошанд.

Як сабаби зебо ҳам будааст, ки ӯ тарки Петербург намудааст: гӯё ба нозанине дасту дилашро пешниҳод карда, ҳарфи рад шунидааст ва барои аз ғайбату истеҳзо раҳидан ба деҳа рафтааст. Александра Арапова – хоҳари ӯгаяш менависад: «Гриша бо муносибатҳои тӯлониаш бо як фаронсавидухтар модарамро дар ҳолати ногувор гузошта буд. Модар дар он муносибатҳо хатареро ба ояндаи бародарам эҳсос мекард». «Он духтари фурӯтан аз пайи Григорий ба деҳа рафт ва ҳаёташро ба ӯ бахшид», – менависад дар ин мавзуъ духтари Александра Арапова Елизавета Бибикова.

Аҷоиб, ки номи он фаронсавидухтарро, на дар номаҳо ва на дар хотираҳо, касе зикр намекунад. Рост, ки набераи Пушкин (духтари писари калониаш) Софя Веляминовна иҷмолан зикр менамояд, ки Григоиий ва зани фаронсавиаш соҳиби се духтар буданд, лекин аз ному тафсилоти зиндагиашон ёд намекунад.

Григорий Пушкин охирин соҳиби деҳаи аҷдодӣ буд. Бори аввал ӯ дар шашсолагӣ ҳамроҳи модар ва бародару хоҳаронаш ба зиёрати қабри падар омада буд. Баъди чоряк аср вориси шоир хонаи харобшударо аз нав бунёд карда, ҳуҷраи кори падарро аз рӯи тасвирҳо дар романи «Евгений Онегин» барқарор намуд. Григорий Александрович ҳифзи мероси падари бузургашро вазифаи ҷонии худ медонист.

«Аз барои умри осоиштаам ман, Аз барои файзу оромии русто» – ин сатрҳои «Евгений Онегин»-ро шоир гӯё барои писари кенҷааш навишта буд. Григорий шикору моҳигириро дӯст медошт, боғдори моҳире буд, ки мулки падариро дарахтзору гулистон кард. Вай бо ин қаноат накарда, ҳуқуқ омӯхт ва дар ин ришта ҳам то мақомҳои пурифтихор расид.

Соли 1883 Григорий Александровичи 48-сола бори дуюм хонадор шуд. Ҳамсари наваш – Варвара Алексеевна Машкова зани оқил, дастгиру ёвари шавҳар буд ва нағз расм мекашид. Онҳо то соли 1899, то замони бо хоҳиши шоҳ давлатӣ шудани Михайловское дар он ҷо зистанд. Шоҳидон мегӯянд, ки ҳангоми видоъ бо мулки падарӣ Александр Пушкин ба зону зада, бо ҳар гулу буттаи он хайрбод гуфт ва аз сӯзи дил дигарбора ба он ҷо нарафт. Ӯ соли 1905, дар 70-солагӣ даргузашт, вале ҳамсараш боз сӣ соли дигар зист. «Ман хушбахттарин зани Русияам, – гуфтааст ӯ, – келини Пушкин будан насиби ҳар кас намешавад!» Ӯ як умр бо эҳсонкорӣ шуғл варзид, сарпарасти гимназияе дар Вилнюс буд, ки бо талоши ӯ ба номи шоири бузург гузошта шуд, ҳар сол дар аввали июн, ба муносибати зодрӯзи Пушкин маҳфилҳо мегузаронд. Осорхонаи адабии Пушкин дар шаҳри Маркучаси Литва ҳам ҳосили ҷидду ҷаҳд ва заҳматҳои Варвара Алексеевна аст.

Надежда ЛЮБАРСКАЯ

(Тарҷумаи Сурайё АҲМАДЗОД)

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо