22.9 C
Душанбе

ФАРЗАНДОНИ ЕСЕНИН

Шоири машҳури рус Сергей Александрович Есенин ҳаргиз аз худ одами намунавӣ наметарошид. Бо вуҷуди ин, ҳама мебахшиданду дӯсташ медоштанд.

Ӯ чор фарзанд дошт. Ба ҳам монанд набуданд онҳо, дар зиндагӣ бо роҳҳои гуногун рафтанд, ба тарзи мухталиф зистанд.

Бори аввал Сергей Есенин дар 19-солагӣ падар шуд. Бо ҳамсараш Анна Изряднова дар матбаа кор мекард. Ҷавонон зуд ба ҳам дил доданд ва фарзандашон Юрийро ба дунё оварданд.

Вақте ки Анна аз таваллудхона баргашт, дар манзилашон тартиботи намунавиро дид: ҳама ҷо шуставу тоза, дар бухорӣ алав шуъла мезад, хӯроки пешин омода, рӯи мизро ширинӣ оро медод. Шоир кунҷковона ба тифл менигаристу моту мабҳут мегуфт: «Ана, ман ҳам падар шудам!»

Аммо ҳамагӣ як моҳ баъд шоир оиларо тарк гуфту ба Петроград рафт ва Анна маҷбур шуд, ки писарашро танҳо тарбия кунад. Есенин ҳар бори ба Маскав омадан онҳоро хабар мегирифту ба қадри имкон ёрӣ мерасонд.

Юрий падарашро бисёр дӯст медошту дар ҷамъомадҳо шеърҳояшро мехонд. Хеле барвақт ба шеърнависӣ сар кард, ҳарчанд ки онҳоро ба касе нишон намедод ва чунин менамуд, ки пайрави падар мешавад. Лекин баъди хатми мактаб қарор дод, ки дар омӯзишгоҳи ҳавонавардӣ бихонад. Ӯ ҳеч гумон намекард, ки як ҳарфи соли 1934 дар суҳбати дӯстонае гуфтааш баъди солҳо зиндагиашро чаппаву роста хоҳад кард. Гурӯҳи ҷавонони сармаст ба шӯхӣ бомбаборон кардани Кремлро муҳокима намуданд. Муҳокима намуданду фаромӯш карданд. Вале маълум мешавад, ки он дар ёди кадоме аз дӯстон монда будааст.

Соли 1935 писари Есенинро ба аскарӣ, ба Хабаровск бурданд. Ва вақте ки пас аз як сол ҳабсаш карданд, ҳайрон шуд. Баъд фаҳмид, ки яке аз иштирокчиёни он суҳбати дӯстона бо парвандаи тамоман дигар ҳабс шудаву дар рафти тафтиш аз қазияи «бомбаборонкунии Кремл» ёд овардааст. Ҳамин кифоя буд, ки писари калонии Есенинро ба аксулинқилобчигӣ ва душмани ҳукумати шӯро будан айбдор намоянд. Зимнан падарашро ҳам ба ёд оварданд, ки амалдорони давлатро хуш надошту зиддашон ҳар гуна гапҳо мегуфт.

Ҷазои чунин «ҷиноят» якто буд – марг. Аммо муфаттишон Юрийро фиреб доданд, ки агар бо онҳо ҳамкорӣ кунад, ҷазояшро сабук хоҳанд намуд ва аскари бечора ҳама гуфтаи онҳоро ба ҷо овард. Дар айбномааш гуфта мешуд, ки ӯ натанҳо амалиёти террористӣ омода кардааст, балки ташкилотчии он ҳам будааст.

«Ҳамкорӣ» бо тафтишот суд накард ва моҳи августи соли 1937 ӯро парронданд. Анна Изряднова инро намедонист, ба вай гуфта буданд, ки маҳкумони марг даҳ сол ҳуқуқи мукотиба надоранд. Лекин модари зор тоқати даҳсола интизорӣ надошт ва як сол баъд аз ҷанг аз ҷаҳон даргузашт.

Солҳои 50 писари хурдии Есенин – Александр кӯшид, ки номи неки бародарашро барқарор кунад. Бо талоши ӯ Юрийро «сафед» карданд, ҳатто гунаҳкорони парвандаи мудҳишашро парронданд, вале ин дарди дили пайвандонро кам карда натавонист.

Баъди Анна Изрядноваро тарк гуфтан Есенин актриса Зинаида Райхро ба занӣ гирифт, лекин онҳо зуд-зуд ҷанҷол мекарданд, тез-тез ҷудо ва боз пайваст мешуданд. Дар чор соли заношӯӣ духтарашон Татяна ва писарашон Константин ба дунё омаданд. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳамдигарро тарк карданд ва Зинаида ҷуфти коргардони машҳури театр Всеволод Мейерхолд гардид. Ӯ духтару писари занашро чун фарзандони худ тарбия менамуд. Есенин гоҳ-гоҳ онҳоро хабар мегирифт ва бахусус бо духтараки чун худаш зарринмӯи чашмкабудаш меболид.

Намедонист ӯ, ки фарзанди дӯстдоштааш ба чи зарбаҳои қисмат рӯ ба рӯ мешавад. Аввал падарандарашро ҳабс кардаву парронданд, баъд шахсони номаълум модарашро дар хонаи худашон куштанд. Он вақт Татяна 21-сола буд ва писараки хурдсоле дошт. Бори ғамхории додараш Константин ҳам ба дӯши вай афтод.

Дар солҳои ҷанг духтари Есенинро ба Ӯзбекистон фиристоданд ва ӯ то охири умр дар ҳамон ҷо монд. Рӯзноманигор буд, дар бораи падараш китоб навишт, ба «сафед кардани» падарандараш – Всеволод Мейерхолд муваффақ шуд ва оқибат соли 1992 дунёро тарк гуфт.

Константин ба донишкадаи муҳандисиву бинокории Маскав дохил шуд. Вале баъди ҳабси падарандар ӯро аз хонаашон бароварданд. Он замон Константинро апааш Татяна ва Анна Изряднова дастгирӣ мекарданд. Зани якуми падараш баъди ба ҷанг рафтанаш ҳам бо ёди ӯ буд ва барояш либосу ғизо мефиристод.

Воқеан, писари Есенин моҳи ноябри соли 1941 ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Се бор сахт маҷрӯҳ шуд ва ҳатто боре ҳалокшуда ҳисобаш карданд. Барои шуҷоату мардонагӣ нишонҳои зиёди ҷангӣ гирифт, баъдан донишкадаро хатм карда, корманди Кумитаи давлатии сохтмони СССР шуд. Лекин танҳо бо сохтмон машғул набуд, футболро бисёр дӯст медошт ва дар бораи ин бозии шавқовар китобҳо навишт.

Апааш Татяна бошавқ ҳодисаеро, ки боре дар фурудгоҳ рух дода буд, нақл мекард. Зане дар навбати билет меистод ва афсаре ёриаш медод. Ногаҳон чашми афсар ба шиносномаи Татяна, ки ба билетфурӯш дароз карда буд, афтод ва бо тааҷҷуб пурсид: «Насабатон Есенина аст? Футболшиноси машҳур Константин Есенин хешатон нест?» Татяна ин ҳодисаи аҷибро ба бародараш нақл карда, бошавқ мегуфт: «Ту аз падарам машҳуртар будаӣ!»

Константин, ки падарро хеле кам дар ёд дошт, бо талоши зиёд бойгонии ӯро таъсис доду барои он ҳуҷҷати фаровон ҷамъ овард ва оқибат соли 1986 вафот кард.

Писари дигари Есенин – Александр як сол пеш аз марги шоир ба дунё омад. Ӯ бори чорум падар шудан намехост ва ба ҳамсараш – тарҷумон Надежда Волпина таклифи исқоти ҳамл намуд. Зан, ба қаҳр омада, ҳатто ҷои будубошашро нагуфта, шоирро тарк кард. Есенин хеле онҳоро ҷуст, лекин ҳамагӣ ду бор муяссараш шуд, ки писарашро бубинад.

Баъди хатми мактаб Александр донишҷӯи факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав гардид, баъд таҳсилро дар аспирантураи он давом дод. Бо вуҷуди шавқи зиёд ба илмҳои дақиқ бо роҳи падар рафт ва тамоми умр шеър навишт. Ашъораш ба аҳли ҷоҳи замон писанд наомад, аз ин рӯ, муаллифро ба табобати руҳӣ маҷбур намуданд ва баъди як сол «унсури хавфноки иҷтимоӣ» шумурда, ба Қазоқистон бадарға карданд. Баъди марги Сталин Александрро «сафед» карданд, вале соли 1959 боз ба «табобати» маҷбуриаш фиристоданд. Воқеан, ӯ зидди Ҳукумати Шӯравӣ буданашро пинҳон ҳам намекард.

Соли 1961 дар Ню-Йорк китоби «Рисолаи озоди фалсафӣ»-и ӯ ба чоп расид ва, албатта, ҳукумати вақт бо сарварии Никита Хрушёв сари муаллифро сила накард. Кор ба ҳадде расид, ки соли 1972 Александр Есенин ба ИМА ҳиҷрат намуд. Устоди донишгоҳҳо, муаллифи кашфиёти илмӣ буд ва моҳи марти соли 2016 дар 92-юмин баҳори умр аз ҷаҳон даргузашт.

Тарҷумаи Сурайё АҲМАДЗОД

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо