Эҷодиёти Абдуғаффори Абдуҷаббор гуногунжанру гуногунҷанба буда, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам ба сурати ҷомеъ қобили пажӯҳиш ҳастанд. Манзури мо дар ин мухтасар танҳо муруре гузаро ба романи “Ҷанг ва олами афғонҳо” (Душанбе: Адиб, 2024. – 304 саҳ.) мебошад, ки ҳамроҳ бо романи “Қаламрави зиндаҳо ва рафтагон” баёнгари қудрати қалами мусанниф дар эҷоди асари калонҳаҷми бадеъист. Ба сурати куллӣ, жанри романро дар коргоҳи эҷодии нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор нишонаи такмили ҳунари нависандагӣ ва касби таҷрибаи зарурӣ барои халқи осори ҳамосӣ метавон маънидод кард.
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо” агарчи ҳамчун романи бадеъӣ-таърихӣ муаррифӣ шудааст, мувофиқи меъёрҳои роиҷи табақабандии жанри роман аз назари мавзуъ, дар он ҷузъиёти романҳои шарҳиҳолӣ, иҷтимоъӣ, таърихӣ, эҳсосӣ (сентименталӣ) ва аз ҷиҳати табақабандии мавзуъии анвоъи наср вижагиҳои сафарнома қобили ташхис аст. Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба он ки дар маркази таваҷҷуҳи нависанда на саргузашти як ё чанд шахсият, балки тақдири таърихии халқ дар як марҳалаи муайяни таърихӣ қарор дорад, ин асарро бар мабнои мушаххасоти роман эпопея низ баррасӣ кардан мумкин аст. Афзун бар ин аз мутолиаи асар ва чигунагии равиши баёни воқеъаҳо маълум мешавад, ки нависанда аз ёддошти ҳамарӯза ва хотиранависӣ ҳам суд ҷуста ва таъкиди зиёди мусоҳиби асосии ӯ – Сироҷхон Сайёдӣ: “Ёддошт бикун, ба ёд бигир!” чунин маънӣ медиҳад, ки мусоҳиби ҳамешагии нависанда низ аз ёддоштнависии ровӣ огоҳ аст. Дар маҷмуъ пешорӯи мо романе бо бофте аз омехтаи услубҳои гуногун қарор дорад, ки гузашта аз баҳси сурат ва шакл, аз ҷиҳати муҳтаво пурбор аст. Баҳси асосӣ дар роман тасвири бадеъии воқеъаҳои саргузаштӣ ва воқеъие мебошад, ки нависанда он ҳамаро дар сафар шоҳид буда ё дар мусофират аз қавли дигарон шунидааст. Мусофирати нависанда ба Мазори Шариф бо мақсади “ҳалли мушкилоти тиҷоратӣ” сурат гирифтааст, ки баёни ҷузъиёти асосии он пайкараи умумии романро ташкил медиҳад.
Сохтори мундариҷавӣ ва шеваи воқеъабандии роман дар асоси “ёддоштҳои дерина”-и нависанда танзим шуда, ки фарогири “саргузашти бағоят аҷиб, дар айни ҳол пурихтилофу пуртазод”-и мусанниф буда, сӣ сол пеш аз замони тасниф ё таҳрири ниҳоӣ ба вуқуъ пайвастааст. Воқеъаҳои миёнвард (эпизодҳо) аксар асоси воқеъӣ дошта, онҳоро нависанда ё худ аз сар гузаронида ё бо чашми сар дида ва ё аз забони шахсиятҳои асар шунидааст. Аммо муҳокимаву натиҷагириҳое ҳам ҷой доранд, ки баъд аз гузашти солҳо ва пас аз таҳаммул дар мақтаи муайяни ҳаёт – давраи камолоти синну таҷриба ҳосил шудаанд.
Баъзан дар роман ҳангоми нақли чашмдидаҳо ва тасвири тақдири халқи Афғонистон пас аз ҷангҳои дарозмуддату нооромӣ дар ин кишвар, дар маркази қиёс ва андешаи ровӣ мардуми дар он замон гурезаи Тоҷикистон ҳам қарор мегиранд. Дар ҳамин лаҳзаҳо нависанда борҳо ба бартарии сулҳ аз ҷанг, зарари ифротгароӣ, хидматгори “хоҷагон”-и бегона будан, донистану қадр карда тавонистани неъмати ҳаёти осоишта ишора мекунад, ки барои насли ҷавони кишвари мо ҳушдоре воқеъию асоснок буда, ба аҳаммияти ҷомеъашинохтии роман меафзояд. Ҳамчунин дар ҷой-ҷойи асар, ҳам аз қавли шахсиятҳо ва ҳам аз ҷониби нависанда қиёсҳо миёни вазъи Афғонистон ва Тоҷикистон дар он рӯзгорон сурат мегирад ва натиҷа дар гуфтори ҳарду ҷониб як аст – таъкиди бартарии сулҳ аз ҷанг! Вақте сухан ба муҷоҳидон гиреҳ мехӯрад, тамаркуз бештар ба самти Сироҷхон Сайёдӣ ва нақлу муҳокимаҳои вай нигаронида мешавад. Чеҳраи ҳақиқии муҷоҳид ба назари Сайёдӣ чунин аст, ки муҷоҳид “чун теғ ё автомат ба даст бигрифт, …ақлаш кунд мешаваду Худоро фаромӯш мекунад”.
Муқоисаҳои нависанда миёни вазъи кишвари мо, ки дар замони рӯйдоди воқеъаҳои роман дар садади барқароршавӣ қарор дошта, аз фаъолияти ҳукумати конститутсионӣ ҳамагӣ шаш моҳ сипарӣ мешуд ва вазъи кишвари ҳамсоя, ки ҳамеша дар ҳолати ҷангзадагию парешонӣ қарор дошт, бартарии сулҳу ҳамдигарфаҳмиро аз ҷанг бозгӯ мекунад. Ин маънӣ дар муҳокимаву натиҷагириҳои қиёсии нависанда аз рӯйдоди воқеъӣ ва дидаву шунидаҳо бештар зоҳир мешавад, ки ҳосили наздик ба сӣ соли сулҳу оромиро машъалдорӣ мекунад. Дар ҳамин батн ба ҳақиқати андешаи зуҳуроти бузурги иҷтимоъӣ будани таҷриба дар ҳаёти инсонҳо пай бурдан мумкин аст.
Дар ҳамин замина як хусусияти вижаи романи “Ҷанг ва олами афғонҳо” ошкор мешавад, ки аз басомади зиёди тасвирҳои қиёсӣ иборат аст. Муқоисаҳо ду ангеза доранд – бузург ва кӯчак, ки онҳоро ошкору ниҳон ҳам метавон гуфт. Вақте сухан аз тасвирҳои қиёсии муносибати миёни кишварҳои манфиатдор дар Афғонистон, ба мисли Иттиҳодияи Шӯравию Амрикову Покистон ва ё гурезаҳои иҷборию мақсаднок меравад, масъала равшан аст. Ангезаи ниҳон аз ҳисси отифии нависанда ва ногуфтаҳои қалбии бархе шахсиятҳо сарчашма мегирад. Мушоҳидаҳо, муносибат ва ёдовариҳои нависанда аз вазъи гурезаҳои тоҷик дар мавзеъе ба номи Кампи Сахӣ ва ҷойҳои дигари Афғонистон, истифода аз ҷавонони гуреза ва онҳоро ба нафъи худ истифода кардани қувваҳои гуногун, таълим гирифтани бархе аз онҳо дар мактабҳои хосаи ҳирфаӣ ва омӯзиши “тарзу усулҳои иғвогарию таркондану одам куштан”, гардиши куллии маҷрои зиндагӣ дар Тоҷикистон ва рӯ ба ҳаёти осоишта овардани мардум баъд аз ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, эъломи афви умумӣ ва халъи силоҳ, аз роҳи Тирмиз ба Тоҷикистон баргаштани гурезаҳо, тағйироти куллӣ дар сохтори ҷомеъа ва ҳаёти шаҳрвандон асоси воқеъӣ доранд.
Дар тасвирҳои қиёсӣ, вақте сухан дар хусуси Тоҷикистон ва воқеъияти ҳамон замон меравад, сукут ва ғурури ровӣ ҳамчун каси озод аз қайду бандҳои мафиатҷӯию гурӯҳбозӣ бисёр ҷолиб аст. Масалан фарқи тасаввури муҷоҳид ва нафари озодро аз таклифи парондан дар муколамаи зер ба хубӣ муайян кардан мумкин аст:
“– Мехоҳӣ, амр фармоям, автомат биёранд, каме тирпаронӣ кунем?
– На, соҳиб, зарурат надорад. Парандаву чорво мераманд, мардум ҳам безобита мешаванд, оромии атрофу фазоро беҳуда чаро вайрон кунем?! Таваҷҷуҳ фармоед, кӯҳу майдонҳову дарахтон, кулли мавҷудоти табиат ончунон ба сукут рафта, ки гумон мекунед, фазои ин кишвар аз чӣ будани ҷангу номи шумаш хабар надорад…
– Ихтиёрат…”
Дар романи “Ҷанг ва олами афғонҳо” шахсиятҳои зиёде амал мекунанд, ки ҳеч кадомашон бофтаи тахайюли мусанниф нестанд. Чунонки худи нависанда таъкид кардааст, ӯ дар ин роман ба воқеъият такя карда, чизеро набофта, аз ҳарфи дурӯғ парҳез карда ва “исми одамонро, он муҷоҳидони миёни осмону замин муаллақу ҳайронмонда, дӯстони меҳрубону меҳмондӯстро, ки бо онҳо рӯбарӯ омада, суҳбат ороста, баҳс карда, дардҳои аламангези дил, қиссаҳои ғарибу ҷигарсӯзашонро шунида, ҳамроҳашон субҳу шом нон хӯрда”, “ба минтақаҳои гуногуни Афғонистон якҷоя ба мусофират баромада”-аст, тағйир надодааст. Ровии достон Ғафур-соҳиб (бо тағйири исм), ронандааш Баҳром, тоҷири фиребгари афғонистонӣ – Маҷид, Саййид Маҳдии Ҳошимӣ, Сироҷхон Сайёдӣ дар бофти роман ҳузури фаъол доранд. Ҷенероли муҷоҳид Момо Гилемҷамъ, Пирмуҳаммад, Ғайбуллоҳ, оқои Аъзам, Ҳоҷӣ Аслами пизишк (бо саропо пайкараи аз зарби ҷанг абгор), Ҳайдарӣ-соҳиб ва дигарон дар воқеъаҳои миёнвард ҳузур пайдо мекунанд. Бидуни истисно ҳамаи шахсиятҳои асосии роман ба зарурати ҳузури сарвари дурандеш ҳамраъй ҳастанд.
Тимсоли сарвари дурандеш дар асар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамеша ва дар ҳама вазъ сулҳро аз ҷанг афзал медонад. Ба қавли Сироҷхон Сайёдӣ, ба ҷанги афғонистониҳо зиндагию замона гунаҳкор нестанд, “сарвари дурандеш, ки набуд, содагию сабукфикрӣ зоҳир намуд”-анд. Онҳо дар ибтидо дарк намекарданд, ки “сиёсати ҷангҷӯён аз азал аҷаб сиёсати ҳаром будааст”. Вақте сухан аз муқоисаи ду кишвар меравад, ин шахсият чунин иброз медорад: “Умедворам, бисёр мехоҳам, ки мамлакати шумо ба Афғонистони дуюм табдил наёбад. Ман фошофош мегӯям, ватани мо, гарчанде ибрози ин фикр бароям хеле аламангез аст, арзандаи ибрату тақлид нест”. Чунин андешаҳое, ки аз қавли як нафар ифода мешаванд, диди ҷомеъест, ки аз воқеъияти рӯзгор ва дурнамои умедворӣ ба сулҳу оромӣ сарчашма мегиранд.
Дар роман баъзан руҷуъҳое ба таърихи гузашта ва зиндагию андешаи шахсиятҳои машҳур сурат мегирад, ки барои тақвияти сохтори бадеъии асар муҳимманд. Аммо дар бархе маворид зимни чунин руҷуъҳо андешаҳои баҳсталаб ҳам ба чашм мерасанд. Аз ҷумла дуним сафҳаи охири фасли 14-ум, ки сухан дар бораи Робиаи Балхӣ меравад, ба назари мо, бояд ҳазф шавад. Ба ду далел. Аввал ин ки бо ҳақиқати маълуми зиндагии Робиа ҳамхонии комил надорад. Дувум, бо ҳазфи ин бахш ба моҳияти нақл халале ворид намешавад. Қавли гӯё шеъри Робиаро “аз осори худ гарму дилчаспу пурнафосаттар” дарёфтани Рӯдакӣ ва иқрори волотар донистани ашъори Робиа аз ашъори худ, ки дар фасли 15-ум омадааст, саҳеҳ нест. Дар ҳеч сарчашмае чунин маълумот хонда нашудааст ва дар роман низ ишораи сареҳе дар ин хусус ҷой надорад.
Ду сархатти охири фасли 43, ба сабаби зиёдаравӣ дар натиҷагирӣ ва ба назар нагирифтани мақулаи хавфу риҷо дар сарнавишти инсон ҳазф шавад, беҳтар аст. Умед ба оянда нуктаи хубест, ки дар роман дучор мешавад, ба ҳамон такя мебояд кард. Чунончи Ҳоҷӣ Аслами пизишк, вақте сабаби аз Афғонистон хориҷ нашуданашро баён мекунад, таъкид мекунад, ки “то метавонам, ба дарди тани ҳамдиёрон даво мебахшам. Ба дуррафтаҳо коре надорам, ҳаволаашон ба Худо, лек ман аниқ медонам, пагоҳ ё пасфардо, шояд дертар, дар ватани мо ҳам офтоб, ки ҳамабину баинсоф аст, мебарояд ва нурҳои ҷонбахшашро аз мо, афғонҳо (дурусташ: афғонистониҳо – М.Н.), ҳам дареғ намедорад…”
Аз баҳри таъкиди пири хирад Носири Хусрав дар фасли 26 бояд гузашт, чунки иқтибоси мавриди назар ба ҳар сурат, ки бошад, боваркарданӣ нест ва хилофи ҷаҳони маънавӣ ва мафкураи ин шоири тавоно аст. Иқтибос: “Хоҳӣ, ки шикамат сер бошад, дар давраи гузариш силоҳ ба даст гир”. Такя ба рӯзномае номаълум ва кафолати нависанда басанда нест, то чунин суханеро ба Носири Хусрав нисбат бидиҳем!
Агар ба мизони нақди ахлоқӣ такя кунем, фаслҳои 46, 47 ва 50 роман ба низоми ахлоқии ҷомеаи мо созгор нестанд. Ин ду бахш бинобар фарогирии зиштёдҳо қобили ба хонанда пешкаш кардан нестанд, бо ҳамон нишонаи хатти моиле, ки мушаххас шудааст, билкул ҳазф бояд шавад. Гузашта аз ин саргузашти Гулсум низ ба равише, ки дар роман нақл гардида, сазовори тақриру таҳрир нест! Дар сурати ҳазфи фаслҳои ёдшуда ба муҳтавои фасли 45, ки фарогири муқаддимаи вуруд ба ду фасли баъдист, таҷдиди назар мебояд.
Дар романи “Ҷанг ва олами афғонҳо” худи ровӣ, ки аз ҷумлаи шахсиятҳои асосӣ аст, ба мақсад мерасад, мушкилаш ба хубӣ ҳал мешавад, вале сафаргуфтаҳо ва мушоҳидаҳои ӯ чунон печидаанд, ки аз ҳар кадом метавон натиҷае ҷудогона гирифт. Ниҳояти тақдири бештари шахсиятҳои дигар норавшан буда, ҳар кадом достоне ҷудогонаро мемонад. Достонҳое, ки бо қалами сарнавишт ва ба дасти зиндагӣ нигошта мешаванд. Баъзе натиҷаҳои ҷудогонаи достонҳои ёдшуда ва бархе таъкидҳои зарурӣ ба ҳукми хулосаи ин мухтасар айнан пешниҳод мешаванд – Инсонҳои хуб шоистаи зиндагии шоиста ҳастанд! Зарурати зиндагии шоиста, пеш аз ҳама, пойдории сулҳу субот, фазои ороми кишвар ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни ҷомеъа аст. Замин фарзандони баоғӯшгирифтаашро банамегардонад. Калиди ҳалли мушкилот роҳи рост ва бовар ба шахси худ аст! Тоҷикон дигарбора фирефтаи ҳарзаҳои хоҷагони бурунмарзӣ нахоҳанд шуд ва роҳбари феълии мамлакату ҳукумат низ ба ҳар гуна иғвоангезиҳо роҳ намедиҳад! Дар ин дунё амалӣ шудани ҳар кору ният фурсати муайян мехоҳад.
Ниҳоят саргузашти нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор дар романи “Ҷанг ва олами афғонҳо” масали “Дӯст мегӯяд табарвор, душман мегӯяд шакарвор”-ро ба хотир меоварад. Табари худро нависанда ба воситаи сухан ҷило дода, бо камоли эҳтиёту бовар ва нишонрас ба зеҳнҳо мезанад, то сулҳро аз ҷанг афзал дониста, зеҳнҳоро поксозӣ кунем ва бо нури донишу хирад ороиш диҳем.
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо” шеваи дигареро дар таснифи романи саргузаштӣ дар адабиёти даврони Истиқлоли тоҷик ба намоиш мегузорад.
Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ,
профессор