Ба муносибати чашни 70-солагии адиб ва публитсист, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Нозир Ёдгорӣ дар чопхонаи ҶДММ «Шоҳин-С» маҷмуаи «Сӯзанбарг»-и ӯ ба табъ расид. Китоб фарогири рубоӣ, дубайтӣ ва қитъаҳо буда, Ватан, Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли дав латӣ, дӯстӣ, тасвири зебоиву рангорангиҳои табиат, шинохту ситоиши арзишҳои миллӣ, ишқу муҳаббат ва ғайра аз мавзуъҳои меҳ варии тараннум ва навиштаҳои муаллиф мебошанд. Инчунин дар чопхонаи ҶДММ «Бебок» китоби дигари Нозир Ёдгорӣ «Гавҳари чашми миллат» нашр гашт, ки қиссаҳои ҳуҷҷатии «Дарахти муҳаббат», «Дурахши ахтари баланд», «Бо ҷодаи нур» ва «Қадами нахустин» дар бар мегирад. Эссеи аввал ба иқдоми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати бунёди Нуристони «Роғун» ва аҳаммияти он барои ояндаи миллати тоҷик бахшида шудааст. Дар ин навиштаҳо таърихи соҳаи энергетикаи тоҷик бозтоби бадеӣ ёфтааст.






