14.1 C
Душанбе

Дорзбозак

Раҳнаварди ЗАРЁБ

Он рӯзҳо, ки ман хурдсол будам, ду-се ҳафта, ки ба Наврӯз мемонд, мефаҳмидам, ки «сели сахӣ» шуруъ шудааст. Бедиранг зеҳнам медавид ба доманаи кӯҳ, баъд ҳам ба гунбади сапедранг бо хайли кабӯтарон ва ҷӯйборе аз издиҳоми мардум, ки аз доманаи дуртари кӯҳ оғоз мешуд ва то гунбади сапедранг ва канораҳои он мерасид. Дар канораҳои ин ҷӯйбор фурӯшандагон бисот мегустурданд. Дар аввали роҳ сомони бозифурӯшон менишастанд. Болотар ки мерафтам моҳӣ ва ҷилабӣ (хӯроке аз орду ширу шакар) ва хӯрокиҳои дигар назарро мекашиданд.

                                                         ***

Рӯзи ҷумъа, субҳ вақте бархостам аз урсӣ ба берун назар андохтам. Осмон соф буд. Падарам, ки аз масҷид омад, гуфтам:

 – Имрӯз «сели сахӣ» меравем?   

Гуфт:

 – Ҳо, меравем.

Завқзада гуфтам:

Ман як дорбозак мехарам.

Гуфт:

Хуб аст, бихар.

Ва рафтам.

Ҳамон доманаи кӯҳ бо гунбади сапедранг ва хайли кабӯтарон. Ҳамон ҷӯйбори издиҳоми мардум ва канораҳои ҷӯйбор. Берубор (издиҳом) буд. Ҳаёҳу ва сарусадо буд. Ва ман чашмҳоям ба дунболи дорбозак мегашт.

Ногаҳон ин дорбозакро ёфтам: андоми зарди моил ба сабз ва чашмҳои сурх дошт. Дастҳои калон ва дароз-дарозаш ба ду тарафаш овезон буданд. Бо якто пояш рӯи тахтачӯбе навасон (ларзиш) мекард.

Аз остини падарам каш кардам:

 – Инҷо аст.

Падарам баргашт. Ба фурӯшанда наздиктар рафтем. Дорбозак ҳамон ҷо дар навасон (ларзиш) буд ва чашмҳои сурх-сурхаш ба ман ишора мекарданд. Ба назарам омад, ки дорбозак аз дидани ман хушҳол аст ва механдад. Ман ҳам ба сӯяш хандидам. Ба назарам омад, ки аз хушҳолӣ рӯйи тахтачӯб ба рақс даромадааст.

Ба падарам гуфтам:

 – Мерақсад!

Ва падарам харидаш.

Андоми дорбозак дар муштам ҷо мешуд. Танҳо дастҳои дароз ва камониш берун мемонанд. Чанд фишораш додам ва ба чашмҳои сурхрангаш нигаристам. Ҳамчунон бо шайтанат маро менигарист. Аз ин чашмҳо хушам омад. Бӯсидамашон.

Мерафтем сӯи хона.

Ба падарам гуфтам:

 – Дорбозак хеле шӯх аст.

Гуфт:

– Шӯхӣ накунӣ!

 Ва дар миёни ангуштҳоям фишурдамаш. Эҳсос кардам, ки чиғ кашид. Ба чашмҳояш нигаристам. Ҳамчунон шайтанатбор буданд.

То новақтҳои шаб бедор будам. Дорбозак рӯйи тахтачӯб ба ҷилу ва ба ақиб, ба рост ва ба чап дар навасон буд. Андоми зардрангаш рӯи тахтаи чӯб меҷунбид ва чашмҳои бузург-бузургаш ба ҳар тараф менигарист.

Ва ба хоб рафтам.

Дар хоб дидам, ки худам як дорбозак ҳастам. Худамро рӯйи бисоти фурӯшандае дар навасон дидам. Ҳамон доманаи кӯҳ буд бо гунбади сапедранг ва хайли кабӯтаронаш. Ҳамон ҷӯйборе аз ҷамъият буд ва канораҳои ҷӯйбор. Ман бо дастҳои дароз ва камониям рӯи тахтачӯбӣ дар навасон будам. Эҳсоси танҳоӣ мекардам. Диламро ғусса мефишурд. Фақат барои ин ки худро саргарм карда бошам, ин сӯ ва он сӯ навасон мекардам.

Дар ин ҳол бо худ гуфтам:

 – Не падаре дорӣ ва не модаре.

Бачаҳоро медидам, ки бо падарон ва бародаронашон беэътино аз баробарам мегузаранд. Фикр кардам:

 – Чӣ бад аст, ки одам як дорбозаки бекас бошад.

Хостам гиря кунам, вале натавонистам. Ба ёдам омад, ки ман аз чӯб сохта шудаам. Дар дилам гуфтам:

 – Дорбозаки чӯбӣ, ки гиря карда наметавонад.

Дар ин ҳангом писараке чашмҳояш ба ман афтод. Хостам сараш садо бизанам:

– Биё маро бихар!

Вале натавонистам. Барои ин ки як дорбозаки чӯбӣ будам. Ҳеч овозе аз ман барнамеомад.

Хостам бо дастҳоям ба ӯ ишора кунам, вале натавонистам. Фақат навасонаҳоям тундтар шуд. Пеши худ гуфтам:

 – Чӣ бад аст, ки одам натавонад ба касе ишорае бирасонад!

Писарак мехост биравад. Дар чашмҳояш мехондам, ки хуш дорад маро бихарад. Фақат як садо, як ишора кофӣ буд, ки алоқаи ӯро барангезад. Сахт дилам мешуд, ки сараш садо бизанам:

– Маро бихар…маро бо худат бубар!

Вале наметавонистам. Барои ин ки ман як дорбозак будам. Як дорбозаки чӯбӣ миёни гадиҳо ва аспакҳои чӯбии дигар. Ба давру пешам назар андохтам.

Шутурҳо, филҳо, мурғакҳо ва аспакҳо, ҳама хомӯш истода буданд. Эҳсос кардам, ки ҳамашон мехоҳанд ҷеғ бикашанд ва фарёд бизананд, вале наметавонанд.

Писарак аз назарам нопадид мешуд. Ғуссаи талху сангине дар дилам ҷӯшид. Дар дилам ба гиря даромадам. Гиристаму гиристам. Навасон мекардам ва дар дилам бесадо мегиристам. Ба назарам меомад, ки гадиҳо, аспакҳо, филҳову мурғакҳо ҳам бесадо дар дилҳояшон мегирянд.

Як бор бедор шудам. Модарам таконам медод:

 – Туро чӣ шуда?

Рӯи бистарам нишастам. Чашмҳоям дар ашк ғарқ шуд ва буғз дар гулӯям таркид. Ба гиря даромадам.

Ба модарам гуфтам:

 – Дорбозаки маро бидеҳ.

Бархосту дорбозакро овард. Ба чашмҳои сурхи ӯ нигаристам. Дигар намехандид. Ғуссанок буд. Одамаки чӯбиро ба синаам фишурдам.

Модарам пурсид:

 – Хоб дидӣ?

Гуфтам:

 – Медонӣ, ин дорбозаки бечора хеле танҳост. Ӯ на метавонад бигиряд ва на метавонад фарёд бизанад.

Модарам гуфт:

 – Дуруст аст.

Оҳиста гуфтам:

 – Бечора дорбозак!

                                                                  Таҳияи Насимбек ҚУРБОНЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо