23 C
Душанбе

Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар шашмоҳаи 2025 чӣ дастоварди ҳунарӣ дошт?

Дар Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ширкати намояндагони расонаҳои хабарӣ нишасти матбуъотӣ баргузор шуд.

Дар зимни нишаст ректори донишгоҳи мазкур Сироҷиддин Ҷӯрахонзода дар бораи натиҷаҳои назарраси таълимгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2025 маълумот дод.

Зикр шуд, ки дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 дар ин муассиса 7 намоиши эҷодии устодону донишҷӯёни муассиса ва 1 ҷашнвораи муд баргузор шуданд. Рӯзи 13-уми январи соли равон дар ин донишгоҳ намоиши асарҳои эҷодии устодон ва шогирдони кафедраи графика ва миниатюраи Фаррух Хоҷаев бо унвони “Ёди ёри меҳрубон” баргузор гардид. Ҳамзамон зери унвони “Пайроҳаи эҷод” намоиши инфиродии асарҳои рассом-омӯзгор Ҳасан Искандаров сурат гирифт. Асарҳои омӯзгорони рассом Эркин Суюнов ва Беҳзод Боймуродов дар осорхонаи Шонгҳойи Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти унвони “Девори бузурги Чин” намоиш дода шуданд.

Гуфтанист, ки 23-юми апрели соли равон бо ибтикори Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайн ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Ояндаи таҳсилоти эҷодӣ. Нуқтаҳои ба ҳам омадани ҳунар, илм ва дизайн” баргузор гардид, ки дар он мунтақидон аз Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Белорус ва Ӯзбекистон ба таври ҳузуриву маҷозӣ ширкат ва маъруза карданд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо