Дар ёди ман нест
Дидори бобом,
Гуфтори бобом,
Кирдори бобом.
Аммо нишонаш
Бошад фаровон,
Дар шаҳру деҳа,
Дар боғу майдон.
Бар ҳар тараф ман
Гар раҳ гузорам,
Аз вай нишоне
Ояд дучорам:
Ин беди бобом,
Ин токи бобом,
Ин себи бобом,
Ин ноки бобом!
Ин тарҳи ҷӯро
Ҳам ӯ кашидаст,
Бар деҳа аз кӯҳ
Об оваридаст.
Ин пул, ки маҳкам
Бар ҷӯйбор аст,
Аз вай ба мардум
Як ёдгор аст.
Дар ёди ман нест
Дидори бобом,
Гуфтори бобом,
Кирдори бобом.
Лек ин нишонҳо
Аз вай гувоҳанд,
Дар боғу роғанд,
Дар рӯйи роҳанд.
Кирдори нек аст,
Кирдори бобом!
Дидори нек аст
Дидори бобом!
Соҳиби ОДИЛ