Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбати адибони маъруфи кишвар бо иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Муҳаммадиқбол Атозода дар оғоз перомуни аҳамияти озмуни мазкур дар тавсеаи донишу маърифати мардум сухан гуфт.
Сипас муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиби Луқмон зимни суханронияш таъкид кард, ки миллати тоҷик аз азал соҳибкитобу адабпарвар ва маърифатгустар буда, ҳамеша ба сухани баланду пурҳикмат арҷ мегузорад. – Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, далели возеҳи таваҷҷуҳи рӯзафзуни раҳбарияти давлат ба маънавиёт аст, — афзуд ӯ.
Дар суҳбати рӯбарӯ бо хонандагон Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, муовини раиси ИНТ Сироҷиддин Икромӣ, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” Ато Мирхоҷа, мудири бахши насри ИНТ Равшан Махсумзод ва мудири Маркази тарғиби адабиёти ИНТ Муродалӣ Собир дар бораи китобу китобхонӣ суханронии ҷолиб карда, аз таҷрибаи ҳаётӣ ва эҷодии худ нақлҳои хотирмон намуданд.
Пурсишу посух байни хонандагон ва адибон аз ҷолибтарин бахшҳои маҳфил буд. Ба саволҳои марбут ба рӯзгору осорашон адибони мазкур посух доданд ва як навъ гуфтугӯи зиндаву самимона байни онҳо ҷараён гирифт.
Аз саволҳо ва андешарониҳои иштирокдорони озмун маълум буд, ки онҳо аз эҷодиёти адибон огоҳии амиқ доранд ва аз набзи адабиёти имрӯз бохабаранд.
(АС)





