“Духтари наққош” китоби сеюми Ховари Пӯлод аст, ки ду қисса (повест) ва бист ҳикояи нависандаро дар бар дорад. Аз вежагиҳои аслии ин маҷмуа он аст, ки тақрибан ҳамаи қисса ва ҳикояҳо поёнбандии мусбат доранд ва мисли қиссаҳову афсонаҳо бо хушию хубӣ ба охир мерасанд.
Қиссаи “Духтари наққош” дар мавриди даврони навҷавонӣ ва моҷароҳои ширину талхи ҳаёти мактабист. Достон – яке аз шахсиятҳои аслии қисса, навҷавони ҷасурест, ки аз кӯдакӣ зиндагӣ бо ӯ меҳрубон набудааст ва бенасиб аз оғӯши падару модар дар хонаи тағояш зиндагӣ мекунад. Ошноӣ бо Рухшона, ки аз шаҳр ба деҳа омада ва муддате ба мактаби деҳа меравад, боиси бедор шудани эҳсосоти ширину қаблан ношинохта дар ӯ мегардад. Дар натиҷа вазъияти равонӣ ва шахсиятии Достон тағйир мекунад ва ӯ, ки дар мактаб хуб таҳсил намекард, шогирди намунаи дабистон мешавад. Эҳсоси ишқ дар миёни Рухшона ва Достон дутарафа мегардад ва солҳо идома пайдо мекунад. Бо паси сар кардани моҷароҳои гуногун дар охир онҳо ба висоли ҳам мерасанд.
Бар хилофи қиссаи “Духтари наққош” қиссаи дуюми маҷмуа – “Ду беситора”, чунонки аз номаш ҳам бармеояд, дар мавриди ишқест, ки дилдодагонро дар ҷавонӣ ба ҳам нарасонидааст ва ду тарафи моҷаро – Зевар ва Дилбар, баъд аз солҳо иттифоқан якдигарро дар хиёбони шаҳре мебинанд ва мешиносанд. Ҳамроҳи Дилбар писаракест, ки ҳамноми Зевар аст. Дар ин қисса низ пас аз иттифоқҳои зиёд дар охир дилдодагон ба висоли якдигар мерасанд. Дар он аз намунаҳои ашъори мардум (фолклор) дар мавқеъҳои зарурӣ ва ба хотири қавитар кардани тасвири эҳсосу ҳолати шахсиятҳои асосӣ, ки висолу ҳиҷронҳои мухталиф, аз ҷумла аз даст додани азизонашонро аз сар мегузаронанд, ба таври назаррас истифода шуда, бар бадеият ва драматизми асар афзудааст.
Вежагии дигари ин маҷмуа ин аст, ки дар ҳикояҳо аз унсурҳо ва зуҳуроти табиат (бод, борон, барф, гармию сардӣ, торикӣ ва ғайра) бамаврид истифода шуда, рамзу розҳоеро ифода мекунанд ва бо фазои куллии ривоят робита ва ҳамнавоӣ доранд. Масалан, ҳикояи “Таъбири хоб”, ки дар бораи бемеҳрии фарзандон ба падари пири худ аст, ин гуна ба охир мерасад: “Боди бадқаҳр ба табақи тирезаҳо дурушту ғазаболуд мушт мезад. Атроф торик буд”.
Ин маҷмуаи ҳикоёт аз нигоҳи дарунмоя ва муҳтаво ҳам ҷолиби диққат аст ва дар он гуногунӣ ва рангорангӣ дида мешавад. Накӯҳиши суннату русуми даступогир, танқиди хурофот, таъкид ба ҳифзи пайвандҳои хонаводагию хешутаборӣ ва арзишҳои неки гузаштагон, донистани қадри пирон, пайванди зотӣ бо зодгоҳ ва сарзамин, дӯст доштани забону фарҳанг, ҳифзи шаъну ҷойгоҳи инсоният дар ҳар шароиту мавқеияте, заҳматписандӣ ва талошу саъй барои пешрафт, ситоиши баландҳимматию накӯкорӣ ва гирифтани дасти дигарон ва ғайра аз дарунмояҳои муҳимми ҳикояҳои ин маҷмуа аст.
Дар ҳикояи “Роҳи оромгоҳи ғарибон” масъалаи муҳоҷират ва мушкилоту пайомадҳои он ба баррасӣ гирифта шудааст. Сухан дар бораи пирмардест, ки баъд аз даргузаштани ҳамсараш дарди танҳоӣ боис мегардад, то ӯ бо роҳи заминӣ ба назди писараш ба минтақаи Сибири Русия раҳсипор шавад. Дар тӯли чандин рӯзи сафар дар дохили автобус бо одамҳои гуногун ошно мешавад, ки ҳар яке соҳиби касбу ҳунар ҳастанд, донишгоҳ хондаанду босаводанд, аммо вазъи иҷтимоию иқтисодиашон боис шудааст, ки онҳо Ватанро тарк кунанду ба хотири зиндагии беҳтар ба кишвари дигаре бираванд. Бахусус гуфтугӯ ва шеърхоние, ки ба хотири кӯтоҳтар кардани роҳи дарози биёбони Қазоқистони Шимолӣ миёни Аброри пизишк ва зане, ки дар мактаби миёна муаллими забону адабиёти тоҷик аст, сурат мегирад, ҷолиби диққат буда, масоили зиёди муҳоҷиратро тасвир мекунад. Дар поёни ин ҳикоя, бар хилофи интизори пирмард, бо он ки ба дидори фарзанду набераҳояш мерасад, ба далели сардиҳои сахте, ки дар роҳ ба ӯ таъсир гузошта буд, баъд аз чанд рӯз ҷон медиҳад. Охирин ҷумлаҳои ин ҳикоят хеле муассиранд: “Бод ҳуштаккашон резаҳои барфро ҳар сӯй пош медод. Шоми тирае фаро мерасид”.
Ҳикояи “Биҳишти гумшуда” ҳам мисли ҳикояи зикршуда ба мавзуи муҳоҷират бахшида шудааст. Дар ин ҳикоят ҳасрати гузашта ва ёди айёми сипаришуда бештар дида мешавад ва арзишҳои хуби суннатӣ ва фарҳангии мардуми одии тоҷик ба ширинию зебоӣ ёд шудаанд. “Аз сар то охири кӯча аз ҳар ҳавлӣ мӯйсафедон ё миёнсолони ба раҳмати ҳақ пайваста дар оромгоҳи русто ба хоби абад рафтаанд. Оре, ҳаёт чунин аст; омадан ва рафтан дорад. Дунболи ҳам якта-якта рафтани касоне, ки ҳар яке номею хотирае доштанд, аламовар буда, балки ба дил сахт мерасидааст… Дар кӯчае, ки дар он айёми ҷаннатосои кӯдакиаш паси сар шуда, агар аз як сар ангуштшумор бикунӣ, қариб пирон намондаанд. Аз баъзе хона зану марди миёнсол, аз баъзеи дигар ҷавонон ҳам. Ин касон мисли вохӯрии дирӯза, агар ӯ чашмонашро пӯшад, дар оинаи нигоҳаш бараъло падид меоянд. Овозу хандаашонро қариб гӯш мешунавад. Насли калонсол бафайзу меҳнатдӯст, зебу шукӯҳи кӯчаю маҳаллаи онҳо буданд. Аз дарвозаю саҳни ҳар кадом ҳавлӣ садои дилангези зиндагии гарму суруррез танин меандохт”. Афсӯси Ҷовидон – шахсияти асосии ҳикоя, аз он аст, ки зодгоҳаш аз одамон холӣ шудааст ва аксари ҳамсолони ӯ (мисли худаш) ба шаҳрҳои бузург рафтаанду барнагаштаанд.
Хамирмояи ҳикояи “Сеҳри ду ни гоҳ” ҳам мисли ду ҳикояи қаблӣ аст. Мавзуи он робитаи ошиқона ва издивоҷи марди тоҷик Шаҳроз ва зани рус Анна аст. Шаҳрозу Анна муддате бо ҳам хушбахту саодатманд зиндагонӣ мекунанд. Дар охир Шаҳроз, ки тасодуфан дар макони як ҳодисаи ҷиноӣ ҳузур дошт, гирифтори боздоштгоҳу парванда мешавад. Бо кумаки Анна Левин (ҳамсараш) раҳоӣ меёбад. Ба назар мерасад, ки поёнбандии муваффақона дар ин ҳикоя ба муаллиф даст надодааст. Охири ҳикоя ба навъе норавшан ва номарбут менамояд.
Дар ҳикояи “Солеҳа” тасвири занҳои кӯҳистонии тоҷикро мебинем, ки баъд аз даргузашти шавҳарҳояшон дар ҷавонӣ дигар шавҳар намекунанд ва фарзандонашонро ба танҳоӣ ба камол мерасонанд. Тамоми умр заҳмату сахтӣ мекашанд ва бо нони ҳалол зиндагиро паси сар мекунанд. Қиссаи рӯзгори онҳо “яке достонест пуроби чашм”, ки инсон фикр мекунад, нусхаи дуюме барои ин гуна зиндагии содиқона ва аз сари сидқу вафо ҳама умр танҳо зистани зану модари тоҷик вуҷуд надорад. Шарофату бузургӣ, меҳрубонию ғамхорӣ, азхудгузаштагӣ ва инсонияту маъноро дар зиндагии модари кӯҳистонии тоҷик бояд ҷуст.
Масъалаи маргу ҳастӣ ҳарчанд каму беш дар тамоми ҳикояҳои маҷмуа аз мадди назари нависанда дур нашудааст, аммо дар ҳикояҳои “Дунболи сиёҳмушкин”, “Фарзандхонд” ва “Сабзаи қабри волидайн” пуррангтар ба назар мерасад. Нависанда ба масъалаи марг нигоҳе пур аз ибрат ва мутавозеона дорад. Бо ёд кардан аз он ба хонандагонаш мехоҳад ҳушдор диҳад, ки аз пайи ҳирсу озу зиёдахоҳӣ, кинаву адовату душманӣ набошанд, балки дар умри кӯтоҳе, ки доранд, қаноату меҳрубонию садоқату инсониятро пешаи худ намоянд; ҳастӣ ва ҳаёти худро муфиду муассир паси сар кунанд, то номи онҳоро пас аз марг (мисли шахсиятҳои ҳикояҳояш) ба некӣ ба забон оваранду аз кору кирдори накуи онҳо ба хубӣ ёд кунанд.
Ҳамин гуна, ҳикояҳои “Раъно”, “Маро дигар намеёбӣ!…”, “Қасами вафо”, “Басти падар”, “Олучаи пиразан”, “Сода”, “Арчаи балогардон”, “Ғуруби зебо”, “Сояҳои рангбохта”, “Сафари тирамоҳ” ва “Зиёдамоҳ” ҳам бо дар бар гирифтани мавзуъу муҳтавое, ки аз сару дили нависанда гузаштааст, ба қалам омада, ормону орзу, шодию ғам, заҳмату подош, будушуду печухами рӯзгори мардуми одии тоҷикро бо забону баёни хос ба тасвир кашидаанд.
Бо доштани ҳама ҷиҳатҳои мусбате, ки бархе зикр шудаанду баъзеи дигар на, ин маҷмуа холӣ аз эрод нест. Шояд ба далели шитобкорӣ дар чопи он аст ё сабаби дигаре, ки бархе хатоҳои услубию имлоӣ дар он дида мешаванд. Хуб буд, ки пеш аз чоп ин маҷмуа аз назари мутолиаи нависандаи ботаҷрибае мегузашт, то аз ҳар нигоҳ беҳтар мегардид. Барои намуна, чанд хаторо ба умеди ислоҳ шуданашон дар чопҳои оянда меорем:
“Куҷое равад ёдаш ба ёди духтари мунаққаш банд, шабонгоҳон қариб мижа таҳ карда наметавонад…”. Дар ин ҷумла (аз қиссаи аввали маҷмуа) манзури муаллиф “духтари наққош” аст, на “духтари мунаққаш” (наққошигашта), ки маънои дигаре медиҳад. Достон ба ёди худи духтар (Рухшона) шабҳо намехуфт, на ба ёди тасвири духтар. “Садои карнайу сурнайи машоқчиён то гӯши фалак мерасид”. Ин ҷо калимаи дуруст “машшоқон” (навозандагон) аст. “Машшоқ” ба маънои навозанда аст ва ба пасванди “чӣ” ниёзе нест. “Гӯштӣ ба воситаи руймоли миён чобукӣ, ҳила ва ҳушёрӣ талаб мекардааст(?). Дар ин ҷумла манзури муаллиф ба равшанӣ баён нашудааст. “Моҳи тамом ба тамошо фуруд омада, дар иҳотаи садҳо ахтарони пурҷило маҳву мот гашта буд” (саҳ. 55). Ба ҷои “садҳо ахтарон” ба кор бурдани “садҳо ахтар” дуруст аст. “Ҷаҳоншоҳ ҳарду пояшро ба як мӯза тиққонда якравӣ кард. Шояд “ҳарду пояшро ба як мӯза андохта…” дуруст бошад. Ӯ перомуни як мақолаи файласуфе … фикр мекард (саҳ. 89). “Як” ва -е (номуайянӣ) бо ҳам намеоянд, “як файласуф” ё “мақолаи файласуфе” дурусттар хоҳад буд. “Оё медонед, ки дар дунё аз ҳама беш журналистон сактаи қалб ва мағзи сар мебардоранд. Ба назарамон, “ба сактаи қалб ва мағз гирифтор мешаванд” ё “дучор мешаванд” гунаи дуруст хоҳад буд. “Тавассути чархбол бояд мерафтанд” (саҳ. 117). Дар ин ҷумла суҳбат аз сафар аз як кишвар ба кишвари дигар аст ва ба ҷои “чархбол” истифода аз калимаи “ҳавопаймо” муносиб аст. “Ту бо аҷал барои таҷдири асалаке даст ба гиребон шуда пирӯз гаштӣ” (саҳ. 151). “Асалак” хондани дилбар ё зан дар асари бадеӣ андаке аз назокат ва фасоҳати сухан дур аст, бавежа вақте ки ин вожа дар вақти гуфтугӯ аз забони шахсиятҳои ҳикоя садо намедиҳад.
Чанд намунаи дигар, ки аввал шакли истифодашуда дар маҷмуа ва баъд сурати дурусти онҳо оварда мешавад:
Кавзи кузаҳ (саҳ. 21) – қавси қузаҳ (ба маънии тирукамон ё рангинкамон); қосидрасон (саҳ. 54) – қосид (“қосид” маънои расонандаи нома ё паёмро медиҳад ва ба ҷузъи “расон” ниёзе нест); халолнопазир (саҳ. 100) – халалнопазир; миқризхӯрда (саҳ. 152) – миқрозхӯрда; гируғун (саҳ. 155) – гирдуғун; тарс мекафам (саҳ. 157) – торс мекафам, кӯи зебо (саҳ. 158) – қуи зебо.
Бо ин ҳол ин маҷмуаи қисса ва ҳикояҳо намунаи хуби насри нависандаест, ки ҳарчанд солҳо аз Ватан берун зиндагӣ мекунад ва дар муҳоҷират бо корҳои гуногун машғул аст, аммо аз қалам ва сухан дил накандааст ва ба он вафодорона ишқ меварзад. Худи ин кор дар ҷои худаш ба навъе қаҳрамонӣ мемонад ва азхудгузаштагию садоқати бепоёни муаллифро ба навиштан нишон медиҳад, ки бидуни ҳеч гуна манфиату суди моддию ғайримоддие аз ин кор онро анҷом медиҳад. Эродҳое, ки зикр гардиданд, ҷузъӣ буда, бо каме диққат бартараф хоҳанд гашт ва ба сурати куллии маҷмуа ва раванди ривоятҳои нависанда латмаи чашмрасе намезананд. Чопи ин маҷмуаро ба нависанда Ховари Пӯлод табрик мегӯем ва умедворем, ки дар оянда хонандаи навиштаҳои ҷолибтару дилангезтари ӯ хоҳем шуд.
Хуршеди ЭҲСОН