Чанде қабл филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кишварҳои узви СҲШ сазовори ҷоизаи вежаи ҳайати ҳакамон гардид.
Филми мазкур бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ ва Некрӯз Ҷалилиён соли 2022 дар муддати се-чаҳор моҳ ба навор гирифта шудааст. Он аз фаъолияти кории рӯзноманигоре нақл мекунад, ки ҳамеша пайи ҷустуҷӯи ҳақиқат аст. Амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ва дурӯйии одамонро таҳаммул накарда, пайи равшан кардани кирдори онҳо мекӯшад. Ин хислат барои рӯзноманигор ҳам мушкилоти зиёдро ба вуҷуд меорад, чун миёни ҷомеа худро ҳамеша танҳо дармеёбад. “Дилам мехоҳад, ки ба бозор рафта каду фурӯшам, аммо метарсам, ки он ҷо низ аз пайи ҳақиқат мегардам”, – мегӯяд рӯзноманигори ҳақиқатҷӯ дар яке аз муколамаҳояш.
Дар яке аз ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ ва дилмондагӣ дӯсташ Умед ӯро ба деҳа барои истироҳату фароғат ва ширкат дар тӯйи хонадорияш даъват мекунад. Вале тавре дар идомаи филм бинанда шоҳид мегардад, шаби ба деҳа омадани онҳо духтараке (арӯсшавандаи Умед) даст ба худкушӣ мезанад ва ин ҳодиса қаҳрамони асосии филмро дар канор намегузорад. Бо мақсади кушодани муаммои сарбаста ва пайдо намудани гунаҳкорони асосӣ рӯзноманигор боз пайи ҷустуҷӯи ҳақиқат меравад.
Ба андешаи мутахассисон, дар ин филм меъёрҳои филмсозӣ то ҷое риоя шудаанд ва маҳз ҳамин хусусияташ боис гардид, ки миёни филмҳои дигар комёбии бештарро ба даст орад. Филми “Дар талоши ҳақиқат” чӣ гуна рӯйи навор омад ва чӣ асрор пушти пардаҳои он ниҳон аст?
Бояд гуфт, ки филми мазкур аз рӯйи асари детективии рӯзноманигори шинохта Хуршеди Атовуллоҳ бо номи “Интиқоми арвоҳ” таҳия шудааст. Аммо, ба гуфтаи муаллиф, филм танҳо воқеаву лаҳзаҳои ин асарро не, балки дигар детективҳояшро низ дар бар гирифтааст: “Ман ба Некрӯз Ҷалилиён 25 детективи худро барои ошно шудан додам. Фикр мекардам, онҳо яке аз детективҳоро интихоб карда, аз рӯйи он филм ба навор мегиранд, аммо баъди тамошои филм дидам, ки саҳнаҳои дигар детективҳо низ дар он истифода шудааст. Ростӣ, ин ба ман чандон хуш наомад, зеро умед доштам ҳар як детектив сериали алоҳида хоҳад шуд. Масалан, дар охири филм муносибати Умед бо Ҷамшед канда шуд, ҳол он ки Умед дар детективҳои дигари ман буд…”
Некрӯз Ҷалилиён, муаллифи филмнома, бар он назар аст, ки зимни навиштани сенария филмноманавис ҳақ дорад аз чаҳорчӯби як асар берун баромада, ба он тағйирот ворид созад, чун филмнома аз асари насрӣ ба куллӣ фарқ мекунад: “Детективҳои навиштаи муаллиф силсилавӣ буда, ба якдигар пайванд доранд. Азбаски филми мо як серияи мукаммалро дар бар мегирифт, хати сужа низ мебоист аввал ва охир дошта бошад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки филм аз асари насрӣ ба куллӣ фарқ дорад. Андешаву хаёлоти қаҳрамони асарро наметавон ба навор гирифт. Филм ҳаракату амалро талаб дорад ва маҳз ба воситаи амал ва истифодаи диалогҳо ботини қаҳрамон ба бинанда кушода мешавад.”
Коргардони дигари филм Манзаралӣ Шералӣ идеяи ба навор гирифтани чунин як филмро ба таври зайл шарҳ медиҳад: “Вақте филми кӯтоҳи ман бо номи “Сарбор” дар ҷашнвораи “Роҳи Абрешим” дар шаҳри Тошканд шоҳҷоизаро ба даст овард, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” маро барои сабти филм ба ҳамкорӣ даъват намуд. Мо хеле зиёд филмномаи хубро ҷӯё шудем ва вақте ин асарро барои хондану ошно шудан ба ман пешниҳод намуданд, писандидамаш ва бо мақсади санҷидани малакаи хеш дар жанри детектив розӣ ба сабти он шудам. То ҷое огоҳ ҳастам, дар 15-20 соли охир дар кишвари мо касе аз коргардонҳо ба ин жанр даст назадааст ва ман хостам ибтикор нишон диҳам.”
Ба гуфтаи филмноманавис Некрӯз Ҷалилиён, муддатзаони филми “Дар талоши ҳақиқат” баъди бандубаст як соату чил дақиқаро ташкил медод, аммо сездаҳ дақиқаи он аз тарафи роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бурида шуд, ки нофаҳмиҳоро миёни филмноманавис ва роҳбарияти муассиса ба миён овард. Некрӯз Ҷалилиён, муаллифи сенария ва яке аз коргардонҳои филм дар чунин шакл пешниҳод намудани филмро қобили қабул надониста, аз он даст кашид. Ба андешаи Н. Ҷалилиён, филмнома ҳам мисли ҳар асари бадеӣ мақсаду мароми худро дорад ва ҳеч як ҷузъиётро наметавон дар он сарфи назар кард: “Чунонки вақти навиштани асари бадеӣ ё офаридани ғазалу достонҳо шоиру нависандагон наметавонанд аз қоидаҳои имлоӣ, мисли нуқта, вергул, аломати хитоб ва унсурҳои бадеӣ чун ташбеҳ, истиора истифода набаранд, филм низ ҳамин гуна қоида ва забони гуфтории худро дорад. Масалан, дар яке аз саҳнаҳое, ки аз тарафи роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бурида шуд, қаҳрамони асосии филм – Ҷамшед назди писарчааш нишаста, ба фикр фурӯ рафтааст. Вай намедонад кадом роҳро интихоб кунад: барои бехатарии оилаашро таъмин намудан аз кораш даст кашад ё чун қабл дар талоши ҳақиқату адолат бошад?! Онҳое, ки аз нозукиҳои ҳунари синамо хуб огоҳанд, медонанд, ки ҳатто бозичае, ки дар оғӯши писарчаи хобидаи қаҳрамон аст, қуттие, ки қаҳрамон боқимондаи сигорашро дар он мегузорад, маъно ва ҳадафи худро доранд. Ҳамаи ин нозукиҳоро дар вақти навиштани филмнома муаллиф ба назар мегирад ва коргардон ҳангоми сабти филм рӯйи навор меоварад. Вақте ки ин ҷузъиётҳо сарфи назар мешаванд, филмро наметавон филми хуб ва ҳирфаӣ гуфт”.
Аммо коргардони асосии филм Манзаралӣ Шералӣ кӯтоҳ кардани филмро қобили қабул донист: “Филмро мо асосан ҳангоми сабти саҳнаҳо кӯтоҳ намудем. Сабаби кӯтоҳ шудани филм ва бурида шудани баъзе аз саҳнаҳо мувофиқ наомадани обу ҳаво ба замони сабти филм аст. Ҳамчунин тибқи қарордоде, ки ман ҳамчун коргардон бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бастам, муддатзамони филм 1 соату 20 дақиқаро ташкил медод. Аз ин рӯ, лозим омад аз баҳри баъзе саҳнаҳо гузарем, ки гумон мекунам, ҳеч латмае ба хати сужа ва мазмуну мундариҷаи он назадааст.”
Дар филми мазкур ҳунарпешагони ҷавон Аъзами Розиқ, Замира Мирзоев, Ризо Юсуфов, Ҷовидон Маҳмадов ва устодони соҳа Қурбони Собир, Ортиқи Қодир ва дигарон нақш офаридаанд. Бозигари нақши асосӣ дар филм – Аъзами Розиқ рӯзҳои сабти филми мазкурро бо хушнудӣ ба ёд овард ва иброз дошт, ки муҳити корӣ барояш хеле писанд омада буд: “Сабти филми “Дар талоши ҳақиқат” аз наворгирии дигар филмҳо тафовути зиёд дошт. Ҳис мешуд, ки гурӯҳи корӣ шабонарӯз дар фикри бардоштани як филми хуб ҳастанд. Қисмати зиёди саҳнаҳои филм дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Варзоб бо номи Зуман ба навор гирифта шуд ва бисёр саҳнаҳоро бо сабаби пеш омадани мушкилоти текникӣ дубора рӯйи навор оварданд. Тавре маълум аст, обу ҳавои ин макон хеле сард аст ва наворгирии филм, ки дар фасли зимистон ба вуқуъ пайваст, мушкилоти сангинро пешорӯйи мо қарор дод. Сарфи назар аз ин, дар муддати ду ҳафта мо он ҷо будем ва саҳнаҳои асосии филмро ба навор гирифтем.”
Гарчанде дар ниҳояти кор гуногунандешӣ ва ақидаҳои мухталиф миёни филмсозон сардиеро ба миён овард, метавон “Дар талоши ҳақиқат”-ро ба унвони як филми ҷолиб ва таъсиргузор ба бинанда ном бурд. Тавассути ин филм насли ҷавони ҷомеаро метавон ба адолатпарастӣ, ҳақиқатҷӯйӣ ва интихоби роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуд. Филми мазкур то имрӯз дар чандин ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардидааст.
Мижгон ХАЛИЛЗОДА, “АС”