Рӯзи 28-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти унвони “Мақоми эҷодиёти шоирони мардумӣ дар адабиёт (дар мисоли эҷодиёти Бобоюнус Худойдодзода ва Қурбоналӣ Раҷаб)” ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид.
Дар ин нишаст адибон Бахтиёр Муртазо, Ато Мирхоҷа, Равшани Махсумзод, Иззатбек Идизода, Абдурауф Муродӣ ва адабпажуҳон Равшан Раҳмонӣ, Ҳафиз Раҳмон, Қарор Муҳаммадизода ва Рустам Аҷамӣ суханронӣ карданд.
Таъкид шуд, ки адабиёти гуфторӣ дар равнақи адабиёти бадеъӣ бенақш набуда, ҷойгоҳи он баланд аст. Аслан фолклор ва устура аст, ки адабиёти бадеъӣ ба вуҷуд меояд.
Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ҳамчунин дар бораи аҳамияти фолклор, тафовути адабиёти гуфторӣ аз адабиёти навишторӣ, мафҳуми “шоири мардумӣ” ва мақоми адабиёти мардум ибрози андеша карданд.