– Шумо ба чандин шеърҳои устод Лоиқ Шералӣ оҳанг бастаед. Мехостем бидонем, ки чаро маҳз ба ашъори устод Лоиқ рӯ овардед? Ва дар умум, чӣ гуна матни сурудҳоятонро интихоб мекунед?
– Интихоби матни сурудҳои ман дар бисёр маврид тасодуфӣ аст. Агар махсус китоберо гираму хоҳам, ки чизе пайдо кунам, наметавонам. Шояд пайдо ҳам кунам, аммо на он чизе, ки суруди хуб шавад ва ба дилам нишинад. Аз ин рӯ дар бештари мавридҳо шеърҳоро тасодуфан пайдо мекунам. Барои мисол, рӯйи миз китобе истодааст ва бод варақгардонаш карда, саҳифаеро мекушояд. Ногаҳ нигаҳам ба он меафтад ва эҳсос мекунам, ки ин лаҳза зиндагӣ барои ман маҳз ин шеърро пешкаш дорад. Ман шеърҳои Рӯдакӣ ва Ҳилолиро бо ҳамин усул интихоб кардам.
Сухан дар бораи Лоиқ як суҳбати муфассалро талаб мекунад. Чунки ӯ яке аз нодиртарин шоирҳоест, ки ба шеъраш муроҷиат мекунам ва ба пуррагӣ мефаҳмам. Шояд аз он лиҳоз, ки мо ҳамзамони ҳамдигарем. Сабаби дуюм ин ки забони устод Лоиқро зиёд меписандам. Ба назари ман, забони шеъри Лоиқ ниёзе ба ороишу пероиши зиёдатӣ надорад, худ аз худ равшану фаҳмост. Ӯ кӯшиш намекунад, ки забонро зебо созад. Барои ӯ муҳим гуфтани рози дили худ аст. Аз ин сабаб бисёр дилнишин ва самимӣ мебарояд.
Вақте суҳбатҳои Лоиқро гӯш мекунам, пай мебарам, ки ӯ бо забони шеър сухан мегӯяд. Агар ман ҳам шеър менавиштам, мехостам, ки мисли Лоиқ бинависам, сода, фаҳмо ва бо забони ноби тоҷикӣ, ки дар ҳама минтақаҳо онро озод мефаҳманд ва шоирро дарк мекунанд. Шеъри ӯ муроҷиати як инсон ба инсони дигар аст. Яъне вақте шеъри ӯро мехонӣ, мефаҳмӣ, ки дар кадом руҳия ва бо чӣ эҳсос эҷод гаштааст. Ӯ шоири хеле муосиру замонӣ аст ва шеърашро метавон дар ҳама жанрҳо оҳанг баст, хоҳ Шашмақом бошад, хоҳ рок ё мадо ё блюз. Он қадар фаҳмост, ки ба кадом оҳанг мутобиқ будани он ва чи гуна суруданашро дарҳол ҳис мекунед. Аммо он сурудҳоеро, ки ман аз ашъораш пештар сурудаам, он вақт хуб намефаҳмидам. Чизе маро водор кард, шояд худи зиндагӣ, ки ба шеърҳои ӯ оҳанг бандам. Чун ба дастам китоби Лоиқ расид, қисмати сурудҳои онро кушодам ва суруди “Дунёи савдо бигзарад” бо шакли аҷиб ва нақароташ маро ба худ ҷалб кард. Он вақт ман маънои ин шеърро амиқ дарк намекардам. Аммо вақте суруди “Тоҷикистон – мазҳари ман”-ро сурудам, аллакай ба дунёи ин шеър ворид будам, хуб мефаҳмидаму ҳис мекардам. Ман хушбахтам, ки бо Лоиқ дар як замон зиндагӣ кардам ва шарафи ошноӣ бо ӯ доштам.
– Шумо барои чандин филмҳои машҳур мусиқӣ эҷод кардед. Лутфан бигӯед, оё мусиқие, ки барои синамо эҷод мешавад, аз дигар мусиқиҳо тафовут дорад?
– Албатта, фарқи зиёд дорад. Вақте ту барои синамо мусиқӣ менависӣ, шахсиятат бояд пинҳон бошад. Агар мусиқии ту бисёр маълум шавад, пас филм халалдор мегардад. Яъне агар ман дар филм кӯшиш намоям, ки ҳама диққатро ба худ ҷалб созам, пас филм хуб намебарояд. Бояд он гуна суруд хонд, ки гӯё чашмаи кӯҳӣ ва ё боди баҳорӣ суруд мехонад. Дар филмҳо ту нестӣ, мисли наворбардор ва коргардон. Он ҷо танҳо офаридаи туст. Агар кӯшиш кунам, ки шахсияти худро нишон диҳам ва мусиқии ман аз ҳаракатҳо ва маънии филм намоёнтар гардад, филм зарар мебинад. Аммо дар консертҳо баръакс аст. Ҳадафҳо комилан фарқ доранд. Ман чунин дарёфтаам…
– Оё боре ҳам андешидаед, ки эҷоди шумо метавонад ба мардум писанд наояд?
– Бале. Ҳамеша фикр мекунам, ки метавонад дар дили мардум нанишинад. Ҳарчанд ботинан эҳсос мекунам, дар он як чизе ҳаст, ки барои ҳама эҷод шудааст. Аммо онро қабул мекунанд ё не, барои ман маълум нест. Мо эҷод мекунем, дигарон баҳо медиҳанд. Шунаванда бояд гӯш кунад ва бигӯяд, ки писандаш омад ва ё не. Ба мухотаб пешниҳод намудани асар кори саҳл нест. Зеро то даме ки онро пешкаш мекунӣ, бояд рози махфӣ бошад. Вақте ки манзураш кардӣ, аллакай он моли ту нест, моли мардум аст.
Агар ба касе писанд ояд, ҳамроҳи худаш мебарад, агар писанд наояд, эҳсоси нороҳативу ғамгинӣ мекунӣ. Ин маъюсӣ то лаҳзае давом мекунад, ки касе пайдо шаваду суруд писандаш ояд ва онро бо худ барад. Ҳоло наметавонам бигӯям, ки қабули мардум бароям муҳим нест. Чунки пеш аз ҳама мо барои мардум эҷод мекунем. Мехоҳем, ки одамон меҳрубонтар шаванд. На барои он, ки моро ситоиш кунанд ва баланд бардоранд, балки гӯё мо доруе овардаем, ки баъди хӯрданаш мардум якдигарро бештар аз пештар дӯст медоранд ва дар рӯйи замин сулҳ пойдор мешаваду зиндагӣ беҳтар мегардад. Ҳамин тавр як фарди эҷодкор ҳамеша орзу мекунад, ки эҷодиёти ӯ ҷаҳонро андаке бошад ҳам, беҳтар созад.
– Оё аввалин ҳунарнамоии худро ёд доред? Чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифта буд?
– Ҳунарнамоии аввалини ман дар кадом як мактаб буд. Он вақт тақрибан 12 сол доштам. Эҳсоси бисёр аҷиб моро фаро гирифта буд. Диламон пур аз ҳаяҷону хурсандии беҳудуд буд, дар тасаввурамон гӯё мо ҳам мисли Битлз гурӯҳи овозадор будем. Албатта, он бе камбуду нуқсон набуд. Мо бори аввал чи гуна будани саҳнаро эҳсос кардем. Вақте мефаҳмӣ, ки одамони зиёде ба ту нигоҳ мекунанд, дасту по гум мекуниву ноором мешавӣ. Аммо баъди анҷоми консерт мо дар вуҷуди худ бори аввал як чизи наву ношинохта ва омехта бо хурсандиро эҳсос кардем.
– Оё мешавад лаҳзаҳое, ки шумо мусиқиро дар хобатон мебинеду эҷод мекунед?
– Албатта. Ҳоло бисёр кам рӯй медиҳад. Аммо пештар бисёртар буд. Масалан, яке аз оҳангҳои филми “Падари маҳтобӣ”-ро дар хобам шунида будам. Оҳанги бисёр ғамангез аст ва марбут ба лаҳзаест, ки қаҳрамони асосӣ Мамлакатро ҳама таъна мезананд ва дашном медиҳанд ва ӯ дар миёни абрпораҳо шинокунон меравад. Ин оҳанг ба хобам омад ва чун бедор шудам, дар ёдам монд. Баъзан ба хобам оҳангҳои зиёд меоянд, лек вақте бедор мешавам, ба хотирам намемонанд. Ё гоҳе зуд хеста, рӯйи варақ онро менависам ва боз хоб мекунам. Аммо субҳ мебинам, ки як чизи бисёр содаву беарзиш аст. Наметавонам бигӯям, ки сарчашмаи эҷодиёти ман хоб аст. Аммо баъзан вақте ки хоб нестам ва оҳангҳоро мешунавам, ин ҳам монанд ба ҳамон хоб аст. Ҳоло мо суҳбат дорем, шояд баъд хӯрок мехӯрем ё роҳ меравем ва шояд ногаҳон якбора дар вуҷуди мо чизе тағйир меёбад ва оҳанге тавлид мешавад, мо ғофилгир мешавем. Ин ҳам аз он ҷое меояд, ки хоб меояд, аз он ҷое, ки ҳама суолҳои мо сарчашма мегиранд ва мо он ҷоро намедонем. Мавҷи оҳангҳо метавонанд ҳар вақте биёянд. Аммо ман ҳамеша дар ҳолати илҳом қарор дорам, яъне эҳсоси зиндагӣ ҳамеша бо ман аст. Масалан, ҳоло метавонам бадоҳатан ягон мусиқӣ навозам. Барои мисол, мусиқии ҳамин суҳбатамонро…
– Мусиқӣ барои Шумо чист?
– Фикр мекунам, аз ҳама саволи мушкил барои ман ҳамин аст. Мисли он ки бигӯем Ватан барои ман чӣ маъно дорад. Ман метавонам суханҳои бисёр гӯям, аммо дар ҳар сурат ҳама меҳрамро бо сухан баён карда наметавонам. Масалан, агар аз ман пурсӣ, ки назари шумо дар бораи ҳаво чист, мегӯям, ҳаво ҳаст, мерасад, хуб аст. Аммо агар даҳони маро чанд сонияе бипӯшӣ ва нафас гирифта натавонам, дарҳол мегӯям, ки заруртарин чизи олам ҳавост. Аммо дар рафти суҳбат ман нафас мекашаму тамоман дар бораи ҳаво фикр намекунам.
Мусиқӣ барои ман як имконест баҳри пайвастан ба инсонҳо. Аз тариқи мусиқӣ ман ба одамони зиёд мепайвандам. Ба воситаи мусиқӣ мо якдигарро мефаҳмем ва дарк мекунем. Мусиқӣ як василаи хуби табодул аст. Яъне мисли забон ё шеъри шоирон. Вақте одамон шеърҳои Лоиқро мехонданд ва ӯро аз наздик медиданд, албатта, аз ҳавою фазои асарҳояш суҳбат мекарданд. Онҳо мефаҳмиданд, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавонанд бо ӯ ҳарф бизананд. Ин як роҳи муошират дар сатҳи дигар аст, дар сатҳе, ки дилҳо кушодаанд ва ба мо лозим нест, ки аз якдигар беҳтар бошем. Вақте ман месароям, шунавандаам мефаҳмад, ки маҳз барои ӯ суруд мехонам. Агар гӯшҳои ӯ намебуданд, садои ман лозим намешуд. Маълум мешавад, ки садои ман барои гӯшҳои ӯ ва гӯшҳои ӯ барои садои мананд. Тавассути мусиқӣ инсонҳо чизҳоеро ҳис карда метавонанд, ки бо роҳи дигар имкон надорад. Мусиқӣ василаи иттифоқ ва якдигарфаҳмист. Роҳест, ки тавассути он мо метавонем бо якдигар созиш кунем.
– Ба ғайр аз мусиқӣ дар хурдсолӣ ба дигар навъҳои эҷод машғул будед?
– Дар кӯдакиям расмкаширо хеле дӯст медоштам ва аз пластелин ҳар гуна чизҳо месохтам. Акнун гуфта наметавонам, ки хеле хуб аз уҳдааш мебаромадам. Аммо ба он дилбастагии зиёд доштам. Метавонистам соатҳо нишинам ва машғули расмкашӣ бошам. Он замон дар назарам чунин менамуд, ки ин кори асосии ман аст.
– Оё ин шуғли кӯдакиятон ба мусиқии Шумо таъсир гузошт?
– Албатта. Вақте ки ту расм мекашӣ, пеш аз ҳама он чизеро, ки дар ботинат тасаввур мекунӣ, рӯйи коғаз меорӣ. Яъне дар рӯйи варақи сафед тамоми оламро метавонӣ бубинӣ. Ва аз ин олами беохир чизеро интихоб мекунӣ ва тасвир месозӣ. Хоҳ ракета бошад ё сангпушт ё саг ё хона ё офтоб ё падару модарат.
Вақте ки ту тасвир мекунӣ, баъдан мебинӣ, ки то чи андоза расмат ба он чизе, ки дар тасаввур доштӣ, монанд шудааст. Агар фарқ зиёд бошад, ғамгин ва агар кам бошад, хурсанд мешавӣ. Ин туро ҳамчун рассом ташаккул медиҳад. Мусиқӣ низ ҳамин гуна аст. Он дар зеҳни ту, дар дунёи ботини ту садо медиҳад. Аммо барои онро ба дунёи берун овардан бояд ҷустуҷӯяш кунӣ. Аввалин дарсҳоямро маҳз дар ҳамон замон гирифтаам. Озодӣ дар интихоб барои кӯдакон бисёр муҳим аст.
– Кадом сурудатон ба дили худатон наздиктар аст?
– Дар замонҳои гуногун сурудҳои гуногун. Ҳоло агар сурудеро гӯям, танҳо барои он аст, ки ҳамин лаҳза эҳсосаш мекунам. Дар дигар ҳолат суруд дигар мешавад. Чунки ҳамаи ин сурудҳо дар маҷмуъ паҳлуҳои гуногуни як суруданд. Масалан, як суруд модар, суруди дигар падар ё хоҳару бародар аст. Аммо дар асл ҳама аҳли як хонаводаанд. Ҳар як сурудам ба рӯзгори ман ҳамчун ҳадя омад ва барои ман бозёфти бузург буд. Ҳамон ҳолати дарёфти суруд хеле лаззатбахш аст ва бо ҳеҷ чизе наметавон ивазаш кард…
– Оё дар ҳаёти Шумо лаҳзае ҳаст, ки мехоҳед ба он баргардед ва такрораш кунед?
– Не. Ҳама чизеро, ки ман аз сар гузарондам, ҳамеша бо ман аст. Маҳз ҳамон чизҳову лаҳзаҳо маро сохтанду шакл доданд. Аз ҳеҷ кор пушаймон нестам ва ба ҳеҷ куҷо баргаштан ҳам намехоҳам. Ман дар ҳамин лаҳзаву ҳамин соат зиндагӣ мекунаму бас!
– Агар дар танҳоӣ бо акси ҷавонии худ рӯбарӯ қарор бигиред, чӣ мегӯед?
– Ҳар коре, ки ту мекунӣ, дуруст аст… Барои он, ки ин “мани ҷавон” ман шавад, бояд роҳи маро тай кунад. Дуруст аст? (механдад). Агар бигӯям, ки ба ин роҳ нараву ин корро накун, пас ӯ “ман” намешавад. Дар оянда ӯ тамоман шахси дигар хоҳад буд. Аз ин хотир мегӯям: роҳатро ҳамчунонки то ҳол паймудӣ, идома деҳу биё ва ман туро ин ҷо пешвоз мегирам ва мо якҷо мешавему ба ҳам мерасем.
Мусоҳиб Сайидо Шарафӣ