“Ҳанҷараи таърих” – дафтари ашъори Лоиқ Шералӣ, шоири муосири Тоҷикистон, бо кӯшиши адабпажӯҳ ва ношири тоҷик Исмоил Лашкарӣ бо хатти форсӣ дар Афғонистон чоп шудааст.
Дар ин замина Лашкарӣ дар сафҳаи фейсбукияш хабар дода, афзудааст: “Аз замоне, ки бо шеъри он сӯи Омударё – Тоҷикистон ошно шудам, шеърҳои абарустод Лоиқ Шералӣ бештар аз ҳар шоири дигар зеҳни маро даргир хеш мегард ва ҳамвора дар орзуи чопу нашри як дафтари мустақили шеърҳои устод Лоиқ Шералӣ будам”.
Ба қавли вай, “Ҳанҷараи таърих” аз сӯйи Гурӯҳи фарҳангии “Ҳамзабонон” ба зевари табъ ороста гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дафтари ашъори мазкур фарогири ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳои Лоиқ Шералӣ буда, дар оғози он шарҳи ҳоли муфассал ва пешсухане аз Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон дар бораи ин маҷмуа нашр шудааст, ки арзиши адабии ин асарро барҷастатар мекунад.
Ёдоварӣ мекунем, ки “Ҳанҷараи таърих” понздаҳумин дафтари шеъри муосири Тоҷикистон аст, ки Исмоил Лашкарӣ аз хати сириллик ба форсӣ баргардон кардааст.
Лоиқ Шералӣ шоири шеърҳои дард буда, яке аз сардамдорони истиқлолписандӣ шумурда мешавад. Ӯ бо эҷоди ашъори бозгӯкунандаи ишқи ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва худшиносӣ миёни мардум обрӯманд гаштааст. Номи ин шоири саршинос дар Душанбешаҳр бар кӯчаву дабиристон ниҳода шуда ва тандисаш дар зодбумаш – шаҳри Панҷиканд қад афрохтааст.