Вақте ки дар кишвари мо сухан аз боби филмҳои ҳунарии бачагона меравад, пеши назар филмҳои машҳури “Об аз куҷо меояд?”, “Салом, Гулнора Раҳимова!” падидор мешаванд. Зери таъсири ин филмҳо, ки ҷолибу диданӣ ва дорои мазмуну муҳтавои баланданд, наврасони зиёде ба камол расидаанд ва барои насли имрӯз низ муассир боқӣ мондаанд, вале ин филмҳо бозгӯкунандаи ҳаёти гузаштаанд. Барои наврасони даврони истиқлол филмҳое лозиманд, ки рӯзгори имрӯзаи онҳоро бозтоб диҳанд. Дар ҳоли ҳозир наврасони мо имкони дидани кадом филмҳоро доранд? Дар замони Истиқлоли давлатӣ чанд филми ҳунарии бачагона ба навор гирифта шудааст ва паёму ҳадафашон чист? Чаро дар телевизиони “Баҳористон”, ки ягона шабакаи телевизонӣ барои бачаҳост, ҳамвора филмҳои бачагонаи хориҷӣ намоиш дода мешаванд? Дар матлаби имрӯза посухи ин суолҳоро пайгир шудем.
Телевизиони кӯдакон ва наврасон – “Баҳористон”, ки ягона шабакаи телевизионӣ барои бачаҳост, дар бойгонии хеш ҳамагӣ ду филми бачагонаи ҳунарӣ, ки аз лиҳози бандубаст ҳирфаӣ ба шумор мераванд, дораду бас. Инҳо ҳамон филмҳоеанд, ки дар боло номашон зикр шуд.
Ба иттилои муовини мудири телевизиони мазкур Сиёвуш Хидирзода аз сӯйи ҳайати эҷодию фаннии Телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” чанд силсилафилм ба навор гирифта шудааст, ки бозтобдиҳандаи ҳаёти имрӯзанд.
– Силсилафилмҳои «Боварӣ ба худ», «Роҳ ба сӯйи орзуҳо», «Феъли бад», «Осуда будан мехоҳам» (беш аз 20 қисм), «Духтари боғбон», «Асири дуд», «Рӯйхати сиёҳ», «Гунаҳкор», «Гумроҳ», «Соати бибиам» аз ҷумлаи филмҳои сохтаи телевизиони “Баҳористон” ба ҳисоб мераванд.
Ин филмҳо, агарчи ҳадафу мақсади муайян доранд, вале чандон ҳирфаӣ нестанд. Онҳо маҳсули дасти филмсозон не, балки кормандони телевизионанд ва мо хуб медонем, ки сохтани филм аслан кори онҳо нест. Барои офаридани филмҳои ҳунарӣ дар ҳоли ҳозир “Тоҷикфилм”, “Суғдсинамо”, “Хатлонсинамо” ва ширкати филмсозии “Дов”-ро метавон муваззаф донист. Аммо агар ба таҷрибаи шабакаҳои телевизионии кишварҳои дигар назар афканем, мебинем, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои филмофаринӣ имрӯз аз ҳисоби филм ё силсилафилмҳо шумораи бинандагони хешро меафзоянд, ҳатто аз ҳисоби тамошобинони навраси кишвари мо. Барои мисол шабакаи телевизиони русии “Солнце” (Офтоб)-ро гирем. Силсилафилмҳои машҳури онҳо бо номи “Родители” (Волидайн), “Манюня”, “Папины дочки”, (Духтарони падар), “Тётя Марта” (Холаи Марта) тамошобинони хешро натанҳо дар кишвари худ, балки берун аз он пайдо кардаанд. Гарчанде ин филмҳо хубанд, дархӯри ҳаёти наврасони мо буда наметавонанд, чун урфу одат ва услуби рӯзгордориву тарбияи фарзанд дар ҷомеаи мо дигаргунаанд.
– Барои офаридани филмҳои ҳирфаӣ мо қувва ва техникаи лозимаро надорем, – мегӯяд Сиёвуш Хидирзода. – Аммо мо кӯшиши ҳамкорӣ кардан бо “Тоҷикфилм”-ро дорем. Кормандони мо се филмномаи омодашударо ба шурои бадеии “Тоҷикфилм” пешниҳод намудаанд. Филми «Ман фарзанди туям» яке аз онҳост, ки бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, тарғиби баробарии ҷинсиятӣ ва эҳтиром ба фарзанд таҳия мешавад. Ин филм дар жанри моҷароҷӯии хонаводагӣ омода шуда, ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла хушунат дар оила, муносибат ба фарзандон ва ҷойгоҳи духтарон дар ҷомеа мепардозад. Мо умед дорем, ки аз ҷониби «Тоҷикфилм» филми мазкур пуштибонӣ мешавад, – гуфт номбурда.
Дар замони истиқлол чанд филми бачагона рӯйи навор омадааст, ки якеаш “Дурӯғ” аст. Филми мазкур бар пояи қиссаи “Дурӯғ”-и нависандаи бачаҳо Азизи Азиз ба навор гирифта шудааст. Ин филм аз ҳаёти писарбачае нақл мекунад, ки барои нарафтан ба мактаб дурӯғ мегӯяд ва дурӯғи гуфтааш ӯро ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ менамояд. Филмномаро Ромиши Яздон, Некрӯз Ҷалилиён ва Азизи Азиз омода кардаанд. Ҳарчанд ин филм аз тарафи «Тоҷикфилм» ба намоиш гузошта шуд, маҳсули кори муассиса набуд.
– Мутаассифона, дар синамои мо филмҳои бачагона мавқеъи тангтарро соҳибанд. Ба андешаи ман, наврасону кӯдакон бинандагони муҳими имрӯз ва эҷодкорони фардо мебошанд. Афсӯс, ки муҳтавои хос барои онҳо кам пешниҳод мешавад. Мо тасмим гирифтем, ки ин халоро пур созем. Бо ин мақсад филми “Дурӯғ”-ро сохтем, ки барои тарбияи дурусти насли наврас кумакрасон хоҳад буд, – мегӯяд коргардони филм Ромиши Яздон.
Ба филмҳои ҳунарии бачагона камтар рӯ овардани эҷодкоронро ин коргардон чунин шарҳ медиҳад:
– Сабабҳо зиёданд. Аз як сӯ тавлиди филмҳои бачагона заҳмати дучандро талаб менамояд, ки на ҳама инро мехоҳанд. Аз сӯйи дигар баъзан тавлидгарон ба фурӯши фаврӣ ва бозгашти сармоя бештар аҳаммият медиҳанд. Фикр мекунам, ки агар мо ояндаи фарҳангамонро рушдёфта дидан хоҳем, бояд ба кӯдакон ва наврасон бештар таваҷҷуҳ намоем.
Сабаби дигари кам тавлид шудани филмҳои бачагонаро мудири “Суғдсинамо” Осим Орифпур дар набудани шабакаи ягонаи синемосароҳо (кинотеатрҳо) медонад:
– Дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи кинотеатр вуҷуд надорад. Фарз кардем, агар мо як филмро ба навор гирем, маҷбур ҳастем худамон дар муддати як-ду сол онро ба минтақаҳои гуногун бурда нишон диҳем. Агар ҳадди ақал дар ҳар шаҳру навоҳии кишвар як синемосаро вуҷуд медошту ба шабакаи ягона пайваст мебуд, ҳам кори синамогарон осон мешуд ва ҳам будҷаи давлат ғанӣ мегардид. То замоне ки ин мушкил – набудани василаи дастрасӣ ба тамошобин ҳал нагардад ва мо соҳиби шабакаи ягонаи синемосаро нашавем, шак дорам, ки ин муаммо ҳалли худро ёбад.
Бо ибтикори “Суғдсинамо” филми наве бо номи “Паканаи айнакдор” рӯйи навор омада, ҳоло дар раванди тадвину бандубаст қарор дорад. Филми мазкур аввалин филми тахайюлӣ (фантастикӣ) барои бачаҳо хоҳад буд. Қаҳрамони ин филм Сиёвуш дар синфи 5-ум мехонад ва аз пастии қаду хира будани чашмаш азоб мекашад. Ҳам синфонаш ӯро Паканаи айнакдор гуфта, масхара мекунанд. Азияти ҷисмониву рӯҳӣ медиҳанд… Сиёвуш иттифоқан соҳиби гарданбанди сеҳрнок мегардад ва аз он ҳафт хоҳиш мекунад, ки амалишавандаанд. Нақшҳоро дар филм асосан бачаҳо бозӣ мекунанд ва доираи тамошобинон ҳам наврасони аз 9 то 17-сола дар назар дошта шудааст. Филмсозон бовар доранд, ки он ба тамошобинони наврас писанд хоҳад омад. Ин филмро Фарҳод Ғаффурпур ва Дилошӯб Орифзода офаридаанд.
Филми дигаре, ки бозтобдиҳандаи ҳаёту дунёи бачагон аст ва офаридаи замони Истиқлол ба шумор меравад, “Баррачаи хаёлӣ” ном дорад. Ин филм бо ибтикори телевизиони “Сафина” соли 2012 рӯйи навор омадааст. “Баррачаи хаёлӣ” дар заминаи ҳикояи нависандаи машҳури бачаҳо Баҳром Фирӯз сохта шуда, аз ҳаёти писарбачае нақл мекунад, ки ба баррачаааш дилбастагии хоса дорад. Коргардони он Абдулҳай Зокиров буда, филмномаро Нури Наср, Орзу Исо ва Абдулҳай Зокиров навиштаанд ва ҳадафашон дар ниҳоди бачаҳо бедор намудани ҳисси дилсӯзӣ нисбати ҷонварон мебошад.
Ягона филме, ки “Тоҷикфилм” дар замони Истиқлол барои бачаҳо ба навор гирифтааст, филми “Овора” мебошад. Филм ҳаёти иҷтимоии хонаводаеро дар бар мегирад. Абдуллоҳ писараки тахминан панҷсола интизори роҳи падар аст. Падар ба Русия рафтаву овардани туҳфаҳоро барояш ваъда додааст. Вай бузаке дорад, ки бибиаш мехоҳад фурӯхта, сарфи хатнатӯяш кунад, аммо Абдуллоҳ ба ин кор розӣ нест…
Албатта, бо ин ду-се филми ҳунарии зикршуда наметавон талаботи маънавии ҳазорон навраси кишварро қонеъ кард. Аз рӯйи инсоф ҳам нест, ки наврасони мо зери тарғиботи кишварҳои ғайр ба камол расанд. Дастандаркорони соҳаро мебояд сари ин масъала ҷиддӣ биандешанд ва барои бачаҳо филмҳои арзишманд таҳия намоянд.
Мижгон ХАЛИЛЗОДА, “АС”