15.1 C
Душанбе

БУРДУ БОХТИ НАШРИЯҲОИ КӮДАКОНА

Матбуоти давриро ғайр аз ба давлатию хусусӣ ва соҳавӣ тақсим намудан, метавон як қисми аъзами дигарро низ ба он илова намуд: нашрияҳои кӯдакона.

Бо тақозои вазифа таҳлиле анҷом дода шуд, ки мухтасари онро дар поён меоварем, шояд бар нафъи кор бошад. Метавон ба ин таҳлил, соҳаи адабиёти кӯдакро низ дохил намуд, ки албатта бурду бохти худро дорад, аммо мақсади мо таҳлили нашрияҳои кӯдакона аст ва дар зарурат метавонем ба он низ таваҷҷӯҳ намоем, чун ки ин ду соҳа бевосита ба кӯдак дахл дорад.

Гули мақсуди мо дар он мешукуфад, ки ба фаъолият ва бурду бохти соҳаи мазкур, аз назари як мутахассиси собиқадор (33 сол фаъолияти корӣ дошта) баҳогузорӣ ё таҳлили мухтасаре анҷом дода бошем.

Ният кардем, ин ҷо мушахассан, дар бораи ҷобаҷогузории кадрҳо, мазмуну мундариҷа, сифат, нарх, обуна, чоп, адади нашр, тақсимот ибрози ақида намоем.

Мувофиқи санадҳои оморӣ имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ду миллион нафар мактаббача дорад ва барои онҳо қариб бисту шаш номгӯй рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ нашр мешаванд, ки номгӯи баъзе аз онҳоро, ки давлатӣ ё соҳавӣ ҳастанд дар поён зикр менамоем.

Ба қатори рӯзномаю маҷаллаҳои шахсӣ ё хусусӣ, ки инчунин барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ нашр мешаванд ва бештар обрӯю эътибор доранд, метавон «Зангӯла», «Навниҳол», «Гул-гул», «Гулчин», «Сомониён», «Ворисони Сомониён», “Чашма” «Афсонаҳо», «Боғи дониш», «Субҳи дониш», «Гунчаҳои умед», «Парвин», “Пайрав” «Бойчечак», «Уқувчилар», «Устоз», «Замондош» , “Офтобак” ва ғайраро номбар кард, ки пайваста нашр мешаванд ва каму беш дастраси хонандагон мегарданд.

1. Ҷобаҷогузории кадрҳо

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар нашрияҳои номбурда ба ҷобаҷогузории кадрҳо, то рӯзҳои наздик касе аҳамияти ҷиддӣ намедод ва кормандон аз рӯи ноилоҷӣ ба кор қабул карда мешуданд. Сабаби асосӣ дар он буд ва ҳаст, ки дар миқёси ҷумҳурӣ, барои ин соҳа, мутахассис тайёр карда намешуд ва намешавад. Солҳои охир дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ факултаи журналистика зиёд шуд, ки боиси хушнудист, аммо дар ягон факултаи журналистика маҳз, барои нашрияҳои кӯдакона мутахассис тайёр карда намешавад. Инчунин, аз донишгоҳу донишкадаҳо барои таҷрибаомӯзӣ ба нашрияҳои кӯдакона, донишҷӯён фиристода намешаванд . Саволи мантиқие пеш меояд, ки дар ин нашрияҳо киҳо кор мекунанд ? Мутахассисонашон аз рӯи кадом миқёс ба кор қабул карда мешаванд? Ва ин нашрияҳоро кӣ тайёр мекунад ва ин нашрияҳо ба кӯдакони мо чӣ медиҳанд ?!

2. Мазмуну мундариҷа

Дар Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма», он ҷо ки аз соли 1991, ҳанӯз аз овони донишҷӯиям кор мекунам муаллифоне ба монанди Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Насим Раҷаб, Сафия Носир, Камол Насрулло,Адаш Истад, Абдулҳамид Самадов, Бозор Собир, Латофат Кенҷаева, Низом Қосим, Гулназар, Ҷӯра Ҳошимӣ, Азизи Азиз, Ҳамроҳи Авлиёпур, Абдусаттори Раҳмон, Маҳбуба Неъматзода, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб ва ғайраҳо ҳамкорию фаъолият доштанд, ки бешак, ҳар якеашон барои ин соҳа хизматҳои шоёне кардаанд.Табиист, ки вақте устодоне инчунин кору фаъолият мекунанд ба мавзӯю мундариҷа низ аз диди худашон менигаранд ва чизи бемаънию бемантиқ наменависанд. Аммо… ин ҷо ҳам саволи ниммантиқие ба миён меояд, ки устодоне, ки исмашонро бо ифтихор овардем, баъд аз худ чанд пайраву шогирд барои ин соҳа омода кардаанд?! Баъд аз онҳо зимоми нашрияҳои мазкур ба дасти кӣ меафтад?! Нашавад, ки шахси тасодуфие нашрия кушояду идеияҳои мазҳабию тиҷоратии (ё худ худо накарда, ғояҳои террористии!) худро тавассути он ба сари кӯдакони мо бор кунад?! Ва идеияҳои миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро кӣ дар байни кӯдакон ташвиқу тарғиб мекунад?! Ва мавзӯю мундариҷаи нашрияҳои кӯдаконаи мо ба кадом муқаддасоте бояд нигаронида шуда бошад?!

3. Сифат

Сифати нашрияҳои мазкурро метавон, фақат бо нашрияҳои дигари дар ҷумҳурӣ чопшаванда муқоиса кард, чун бо ҷумҳуриҳои дигар муқоисанашаванда аст. Фарқ аз замин то осмон. Агар ҳадафи асосии фаъолияти нашрияҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мактаббачагон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани онҳо бошад, пас сифати нашрияҳо низ, бояд ба ин чиз мусоидат намояд. Сифати нашрияҳои кӯдаконаи мо он қадар паст аст, ки пас аз як маротиба варақгардон кардан на варақ мемонаду на матн! Чӣ расад ба он, ки ҳар як маҷалла бояд солҳо ҳифз карда шавад, то муаллимони муҳтарам ва мураббиёни азиз, дар дарсҳои тарбиявӣ аз онҳо истифода баранд!

4. Нарх

Омилҳои таъсиргузор ба нарх вуҷуд доранд, ки ба назар нагирифтанашон номумкин аст. Яке аз ин омилҳо ҳарсола баланд рафтани нархи коғази офсет ва коғази газетӣ мебошад. Дар баробари ин плёнкаю пластина, ки дар ҳар як шумораи чопи нашрия ба миқдори зиёд сарф карда мешавад, ҳамасола аз сабаби беқурбшавии пули миллӣ (инфилатсия) қиммат мешавад ва ин қимматшавӣ ба нархи аслии (себестоимост) рӯзнома ё маҷалла зам мегардад. Дар натиҷа нархи як адад рӯзнома ё маҷаллаи кӯдакона аз се сомонӣ то чору ним панҷ сомонӣ мешавад, ки барои кӯдак гарон меафтад ва шукри маблағҳои буҷетӣ, ки ба рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ дода мешавад, то бо нархи арзон ва дастрас аз онҳо бемайлон истифода баранд. Аммо паст будани сифати нашрияҳои кӯдаконаи хусусӣ аз беаҳамиятӣ ва ба собиқаи казоии корӣ надоштани соҳибонашон вобаста аст.

5. Обуна

Масъалаи обуна ба нашрияҳои кӯдакона масъалаи баҳснок аст. Аксарият бар онанд, ки обунаи озод ба роҳ монда шавад ва кӯдак бо хоҳиши худ аз байни миқдори зиёди номгӯи нашрияҳо ба худ маъқулро интихоб намояд. Бархеи дигар бар онанд, ки давлат бояд барои кӯдакон обунаи иҷбориро ба роҳ монад, чун ки кӯдак аз пеши худ на ба ягон рӯзнома обуна мешаваду на китоб мехарад. Чун кӯдак кӯдак аст ва агар барояш пул додед, бешубҳа ба ҷои рӯзнома ё маҷалла ширинӣ ё кока-кола мехарад! Почтаи давлатии Тоҷикистон он почтае нест, ки солҳои пешин буд. Имрӯз фаъолияти почта чашмрас нест. Агар дар ноҳияи дурдасте як нафар ба маҷаллае тариқи почта обуна шавад, муҳол аст, ки кормандони мухтарами он вақти қиммати худро сарф карда, барои як дона маҷалла ба идораи он оянд. Беҳтар аст, ки як мактаб, ки қариб ҳазор нафар хонанда дорад, аққалан ба сад адад рӯзнома обуна шаванду кирои пулу вақт сарф карда ба онҳо дастрас кардан кунад… ва ғайра.

Боз шукри Вазорати маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷозат медиҳад ин ҳама рӯзномаю маҷаллаҳо, ки зерсохтори ин вазорат нестанд ба макотиби ҳамагонӣ, ки зертобеъи ин вазорат ҳастанд, паҳн карда шаванд!

6. Адади нашр

Гуфтем, ки мувофиқи омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ду миллион нафар хонандагони макотиби ҳамагонӣ таҳсил менамоянд. Аммо ба теъдоди нашрияҳои кӯдаконаи расмии ҷумҳурӣ назар афганем, таассуфовар аст. Баландтарин адади нашри маҷаллаҳои кӯдакона аз маҷаллаи «Чашма» будааст, ки он ҳар моҳ ба миқдори ҳазор дона чоп мешудааст! Нашрияҳои дигар дусад донагию чорсад донагӣ чоп мешудаанд. Агар як фоизи ду миллионро ҳисоб кунем бист ҳазор мешудааст. Агар боз ба мантиқ руй биоварем, пас наваду нӯҳ фоизи бачаҳои мо газета намехонанд ё тарғибу ташвиқи рӯзномаю маҷаллаҳо дар байни мактаббачагон ба таври даркорӣ ба роҳ монда нашудааст!

7. Чоп

Дар кадом нашриёт чоп шудани ин нашрияҳо аҳамияте надорад. Ҳар кадоме, хоҳ давлатӣ бошаду хоҳ хусусӣ босифат чоп кунад ба фоидаи кор аст. Аммо, мутаассифона ҳам нашриёти давлатию ҳам хусусӣ бо сифати паст чоп мекунанд. Нархномаҳояшон қариб, ки аз ҳамдигар фарқ намекунад. Дар нашриётҳои пешина, агар адади нашр ҳарчӣ зиёдтар мешуд нарх нисбатан арзон карда мешуд, вале имрӯз агар чаҳорсад нусха ҳам чоп кунед як нарху ҳазор нусха ҳам чоп кунед ҳамон. Гумони ғолиб бар он аст, ки нашриётҳои мо замонавӣ нестанд. Шояд мошинаҳои чопашон кӯҳнаю фарсуда шуда бошанд?

8. Тақсимот

Паҳн намудани нашрияҳои кӯдакона дар байни хонандагон, яъне дастрас намудани нашрияҳо ба хонандагонашон имрӯз куллан ба дӯши идораҳояшон аст. Идораи як рӯзнома чанд нафар корманд дошта метавонад ? Албатта, агар даҳ нафар бошанд хуб, вагарна имрӯзҳо мӯд шудааст, ки ду нафар як нашрия ташкил мекунанду ҳам менависанду ҳам нашр менамоянду ҳам паҳн менамоянд, аммо чӣ менависанд ва то кадом дараҷа муваффақ мешаванд ин масъалаи дигар аст.

Инчунин, метавон дар зарурат, дар бораи забон, ҳуруфот (ширифт), расм, жанр, формат (андоза), мавқеъ ва ҷузъҳои дигари ин соҳа ибрози ақида намуд.

Ҳар як таҳлил бояд хулосае дошта бошад. Аммо ин ҷо аз хуллоса худдорӣ мекунем, чун мухтасари баъзе аз мушкилӣ ва пешрафти ин соҳа бармалло шуд. Фақат барои пешрафти соҳа чанд пешниҳоди худро ироа менамоем:

1. Дар факултаҳои журналистикаи Донишгоҳу Донишкадаҳо журналистони соҳаи нашрияҳо ва барномаҳои радиоию телевизионӣ барои кӯдакон тайёр карда шаванд;

2. Ҳар сол барои таҷрибаомӯзӣ ба нашрияҳои кӯдакона низ таҷрибаомӯзон фиристода шаванд;

3. Дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як шуъбаи нашрияҳои кӯдакона кушода шавад;

4. Ба роҳбарияти нашрияҳои давлатӣ кадрҳои тасодуфӣ таъйин карда нашаванд;

5. Тарғибу ташвиқи нашрияҳои кӯдакона дар макотиби ҳамагонӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад;

6. Нашрияҳои пастсифат ба мактабҳо роҳ дода нашавад;

7. Обунаи хоҳишмандӣ, вале ҳатмии нашрияҳои кӯдакона ба роҳ монда шавад;

8. Чопи нашрияҳои кӯдакона аз як моҳ ба ҳар ҳафтаина расонида шавад;

9. Адади нашри нашрияҳои кӯдакона зиёд карда шавад;

10. Ба мавзӯю мундариҷа дар нашрияҳои кӯдакона аҳамияти авалиндараҷа дода шавад;

11. Як комиссияи босалоҳият аз тарафи Вазорати фарҳанг ташкил карда шавад ва муассисаҳои кӯдаконаи зертобеъи вазорат аз кадрҳои тасодуфӣ тоза карда шавад;

12. Штати кормандони муассисаҳои кӯдакона ба дараҷаи зарурӣ кам карда шавад..

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо