38.4 C
Душанбе

Бознашри асарҳои устод Садриддин Айнӣ дар Конодо

«Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва «Мактаби куҳна»-и устод Садриддин Айнӣ тавассути нашриёти «Китоби Кобул» дар шаҳри Торонтои Конодо ба хатти форсӣ мунташир шудааст. Дар ин бора Суҳроб Зиё, хабарнигори тоҷик дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, дар интишори ин китобҳо Ваҳид Меҳрдод нақши босазо дошта, бо ҳамёрии адабпажӯҳ Анзурати Маликзод ислоҳу омодасозии китобҳо, нигориши муқаддима ва тавзеҳи вожагони душворро анҷом додааст.

Гуфта мешавад, ки ёддошти Анзурати Маликзод бар китоби “Ёддоштҳо”, ки ҷойгоҳи ин асарро дар андешаи устод Садриддин Айнӣ баррасӣ мекунад, ба арзиши фарҳангии ин иқдом афзудааст. Ин ёддошт бо истинод ба наздики шашсад нома аз устод Айнӣ навишта шуда, ки ахиран ба дасти доктор Маликзод расидааст.

Бояд гуфт, «Китоби Кобул» дар чопи осори нависандагони тоҷик, бавижа китоби пажӯҳишии «Абушакури Балхӣ», асаре аз доктор Анзурати Маликзод, маҷмуаи шеъри «Паррандаҳои махмалӣ» аз бону Гулнози Тоҳириён, ба кушиш ва баргардони Исмоил Лашкарӣ ва рисолаи «Муруре бар шеъри муосири Тоҷикистон», асари дигаре аз Исмоил Лашкарӣ саҳм гирифтааст.

Нашриёти «Китоби Кобул» фаъолияти худро аз соли 2017 дар Кобул оғоз карда ва баъд аз таҳаввулоти сиёсии Афғонистон равиши мутафовитеро пеш гирифт. Имрӯз фаъолияташро аз Торонтои Конодо идома медиҳад. Ин нашриёт тайи наздики шаш сол даҳҳо унвон китобро чоп карда, ба дасти хонандагон дар Амрико, Конодо, Австролиё ва кишварҳои аврупоӣ расонидааст.

Қобили зикр аст, ки нашриёти «Китоби Кобул» талош дорад то шуъбаи мустақилеро барои чопи китобҳо ба хатти сириллики тоҷикӣ ба зудӣ ифтитоҳ кунад, то фарҳангиёни муҳоҷиру дур аз ватан битавонанд осори худро дар саросари дунё арза кунанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо