15.1 C
Душанбе

БОЙМУРОД ШАРИФЗОДА: «БАЁНИ МАЗМУНУ МУНДАРИҶАИ АСАР НАҚД НЕСТ…»

Оид ба чигунагии вазъи нақди адабӣ дар ҳамаи давраҳои  адабиётамон муҳаққиқон изҳори назар кардаанд. Бо ин вуҷуд боз масъалаҳое пешорӯи мо қарор мегиранд, ки бисёрашон метавонад дар суҳбату мубоҳисаҳо бо донишмандони ин соҳа ҳалли худро ёбанд. Вазъи нақди адабӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна аст? Оё онро метавонем нақди фаъол ва асил номид? Имрӯз каломи бадеъ аз рӯйи кадом меъёрҳо санҷидаю баҳо мегирад? Ва ба ҳамин монанд садҳо суоле пеш меояд, ки суханварону суханшиносон ҳар кадоме ба тарзи худ посух медиҳанд.

Мусоҳиби мо Боймурод Шарифзода – доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз зумраи устодонест, ки солҳои зиёд барои мутахассисони соҳаи филология аз фанни «Таърихи нақди адабӣ» ва адабиётшиносӣ дарс мегӯяд.

– Устод Боймурод Шарифзода, мегуфтед, ки имрӯз нақди адабии мо дар кадом ҳолат қарор дорад?

Нақди адабии мо имрӯз дар ҳолате қарор дорад, ки барои шумо ҳам маълум аст. Яъне, агар бо замони шуравӣ  онро қиёс намоем, камранг ба назар мерасад. Дар замони шуравӣ ҳамаи осори интишоргашта дар гармогармияш мавриди нақду пажӯҳиш қарор мегирифт. Ягон асар, бидуни ин ки мавриди муҳокимаю нақд қарор гирад, ба нашр иҷозат дода намешуд. Айни замон вазъ дигаргуна аст. Ҳар кас мехоҳад навиштаашро нашр месозад. Садҳо нафар ба ном шоиру нависандагоне тайи сӣ соли охир пайдо шудаанд, ки асар навиштаю интишор кардаанд, аммо номашонро касе намедонад ва дар бораи ҳусну қубҳи осорашон касе чизе нагуфтааст.

– Бисёриҳо гила мекунанд, ки нақди адабии муосир аз ҷониби мунаққидон ё дӯстона сурат мегирад ва ё муғризона. Назари Шумо дар ин бора чист?

– Ин ду шеваи нақд дар гузашта ҳам ройиҷ буд. Вақте нақди сухан дар заминаи меҳру муҳаббат ва дӯстӣ сурат мегирад, сухансанҷ кӯшиш менамояд, ки танҳо фазилатҳои суханварро зикр созад ва аз норасоиҳояш чашм пӯшад. Дар нақди муғризона бошад, бештар нуқсу норасоиҳо ошкор карда мешаванд, ки ин шеваи нақд ҳам ҷолиб аст ва таваҷҷуҳро бештар ба худ ҷалб менамояд. Агар ба таърихи адабиёти асримиёнагиямон назар андозем, аввалин намунаи нақди истидлолӣ муоризаи Унсурӣ бо Ғазойирии Розӣ аст, ки дар он Унсурӣ бо далелу бурҳон норасоиҳои шеъри Ғазойириро нақд кардааст, ки то ба имрӯз моҳияти худро ҳифз мекунад. Ва ё дар қитъаи Хоқонӣ, ки бо матлаи зер оғоз мешавад арзиши воқеии шеъри Унсурӣ таъйин карда шудааст:

Ба таъриз гуфтӣ, ки Хоқониё,

Чӣ хуш дошт назми равон Унсурӣ.

Зи даҳ шева, к–он ҳиляти шоирист,

Ба як шева шуд достон, Унсурӣ.

Ҷуз ин тарзи мадҳу тирози ғазал,

Накардӣ зи табъ имтиҳон, Унсурӣ,

Дар ин суруда ҳамаи эродҳои гирифтаи Хоқонӣ нисбат ба шеъри Унсурӣ воқеият доранд.

Бештари тақризҳое, ки солҳои охир дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо ба нашр мерасанд, дар заминаи дӯстию муҳаббат навишта шудаанд, ки характери тавсифӣ доранд. Агар вазифаи нақд ошкор кардани ҳусну қубҳи асари бадеӣ бошад ва ҳамчун пуле байни асари адибу хонанда қарор бигирад, бояд ҳамаи он зебоиҳое, ки дар асар ҷой доранду аз назари хонандаи оддӣ дур мемонанд, нишон дода шаванд ва ба ҳамин монанд нуқсу камбудиҳо ҳам бояд равшан гарданд. Баён кардани мазмуну мундариҷаи асар нақд нест.

– Чунин ақидае ҳам ҳаст, ки аз мулоҳизаҳои ноқидони касбӣ дида бештар афкори танқидии худи шоирону нависандагон дорои арзиш мебошанд. Назари Шумо дар ин масъла чӣ гуна аст?

 – Ин гапи нав нест. Дар асрҳои миёна ҳам чунин даъвоҳо ҷой доштанд, вале Шамс Қайси Розӣ дар «Ал–муъҷам» ба ин масъала посух хуби илмӣ дода буд. Дар як қитъаи Амир Хусрави Деҳлавӣ низ ба ҳамин масъала ишора шудааст:

    Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хеш астӣ,

    Ҳама кас хештанро Унсурию Анварӣ донад.

    Бале, ғаввос аз дарё гуҳар берун кашад, аммо

    Чу вақти қимат ояд, қимати он гавҳарӣ донад.

   Аз дигар ҷониб, танҳо бо донистани назарияи нақди адабӣ шахс мунаққид намешавад. Ноқиди воқеӣ касест, ки дар баробари огоҳӣ доштан аз улуми филологӣ, ҳамчунин, мутолиаи пайвастаи адабиётро дошта бошад. Агар ӯ ноқиди шеър аст, бояд аз таърихи таҳаввули шеъри ҳам классикӣ ва ҳам муосир огоҳ бошад ва ё ноқиди наср бошад, на танҳо ан насри муосири тоҷик, балки аз осори нависандагони олам бохабар бошад.

– Устод, Шумо солҳои зиёдест, ки дар Донишгоҳи миллӣ ба донишҷӯён аз фанҳои «Таърихи нақди адабӣ», «Назарияи нақди адабӣ», «Мактабҳо ва ҷараёнҳои нақди адабӣ», «Нақди шеър ва нақди наср» дарс мегӯед, аммо ҳамчун ноқиди фаъол шинохта нашудаед. Сабаб чист?

– Дуруст мегӯед! Нақди адабӣ аз ду бахш иборат аст: нақди назарӣ ва нақди амалӣ. Камина мутахассиси нақди назарӣ ҳастам ва барои нақди амалӣ кардан вақти кам дорам. Аз як ҷониб, ҷараёни таълим, аз дигар сӯй, анҷом додани пажӯҳишҳои гуногун, илмӣ, машғул шудан ба нақди амалиро бароям маҳдуд месозанд. Шояд дар ин амр камҳавсалагӣ ҳам сабаб шуда бошад. Мисли дигарон баъзан дар заминаи дӯстию бародарӣ тақризҳо менависам. Бештари маврид ба таҳқиқи адабиёти классикӣ машғул ҳастам.

– Дар ҳолати мавҷуд набудани нақд адабиётро чӣ интизор аст?

– Адабиёт бидуни нақд вуҷуд дошта метавонад, аммо нақди адабӣ бе адабиёт вуҷуд надорад. Пеш аз пайдоиши адабиёт чизе ба номи нақди адабӣ вуҷуд надоштааст. Ҳаёти нақд дар гарави ҳаёти адабиёт аст. Адабиёт ба нақд эҳтиёҷ дорад, ба шарте, ки нақд солим бошад. Солимии адабиёт ҳам ба нақд таъсир дошта метавонад. Мисли ин ки шахс агар бемор шавад, ба табиб ниёз пайдо менамояд, таназзули адабиёт ҳам ба густаришу инкишофи нақди адабӣ замина фароҳам месозад. Эдвард Браун, шарқшиноси инглисӣ мегӯяд: “ Мардум вақте ба сиҳҳати мизоҷи худ таваҷҷуҳ мекунад, ки саломатиаш аз даст рафта бошад. Ба ҳамин монанд милал вақте вориди интиқоду кунҷковии дақиқ дар адабиёт мешавад, ки дигар қобил набошад ва натавонад аз худ адабиёти хуб эҷод намояд”. Ҳунару адабиёт ҷилваҳои таҷаллии ҷамоланд ва мунтақидони пуртаҷриба ҷамолшиностарин мухотабони ҳунармандонанд.

 Агар ба таърихи адабиёти асримиёнагиамон назар андозем, то садаи понздаҳум давраи шукӯҳи адабиётамон аст, аммо нақди сухан дар қиёс бо нақди асрҳои шонздаҳу нуздаҳ хеле заиф аст. Ҳатто дар асри понздаҳум, ки адабиёт нисбат ба давраҳои пешин рӯ ба таназзул оварда буд, афкори адабию танқидӣ хеле ривоҷ пайдо намуда буд. Намунаи олияш афкори адабӣ ва танқидии Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад.

 Шумо чӣ гуна меъёрҳоро барои нақди одилона ва илмӣ муҳим мешуморед?

– Меъёри асосӣ барои шинохти осори бадеӣ ҷанбаи ҳунарии он аст. Адабиёти бадеӣ метавонад дорои ҷанбаи қавии иҷтимоӣ, ахлоқӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва ғайра бошад, вале чун аз лиҳози ҳунар заиф аст, моли адабиёти асил буда наметавонад. Беҳуда нест, ки имрӯз дар нақди адабии ҷаҳонӣ ба формализми русӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

– Чӣ бояд кард, ки дар оянда нақди адабӣ дар Тоҷикистон рушд кунад?

– Пеш аз ҳама бояд ноқидонро ҳавасманд созем. Ноқид бояд барои заҳмате, ки дар шинохту муаррифӣ ва нақди осори суханварон харҷ кардааст, ҳаққи қалами хуб гирад. Аз дигар ҷониб, имрӯз зарурати тарбия кардани ноқидони соҳаи адабиёт ва санъат пеш омадааст. Даҳ сол пеш бо амри собиқ вазири Маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид ҳам дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва ҳам дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси нақди адабӣ таъсис дода шуд. Дар нақшаи таълимие, ки барои мутахассисони ин тахассус тартиб дода шудааст, фанҳои зиёде барои нақди адабӣ ҷой дода шудаанд, ки агар донишҷӯ онҳоро фаро гирад, беҳтарин дониши назариявиро ҳосил месозад. Мутаассифона, ба ин ихтисос онҳоеро ворид менамоянд, ки аз даври якуми имтиҳонҳои Маркази тестӣ ноумед мешаванд ва дуруст хондаву навишта ҳам наметавонанд. Мо бояд донишҷӯёни хушзавқу боистеъдод ва эҷодкореро, ки дар факултаҳои филология таҳсил доранд, шомили ин ихтисос намоем.

– Барои суҳбат ташаккур!

Суҳбаторо Латофат АБДУХОЛИҚЗОДА

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо