18.1 C
Душанбе

Баррасии «Охири Шоҳнома»

ФУРӮҒИ ФАРРУХЗОД

«Охири Шоҳнома» номи савумин маҷмуаи шеъриест, ки Маҳдӣ Ахавони Солис (М.Умед) дар тобистони соли гузашта мунташир кардааст.

Таваллуди ин навзод ончунон ором ва бесару садо буд, ки таваҷҷуҳи мунтақидини муҳтарами ҳунариро, ки мутобиқи маълум саргарми дастабандӣ ва нон қарз додан ба якдигар буданд, ҳатто ба андозаи як сатр ҳам ҷалб накард. Тақрибан ҷуз як-ду маврид ҳеч кас аз маҷаллоти моҳона ва ғайримоҳонаи адабӣ, ки дар тамоми  муддати сол гӯш хобондаанд, то бубинанд дар диёри фаранг чӣ мегузарад ва мисли имрӯз рӯзи таваллуд ё марги кадом нависандаи дараҷаи аввал ё дараҷаи савум аст, ки бо аҷала огаҳии таслиму табрикро аз маҷаллаҳои хориҷӣ тарҷума кунанд  ва ба унвони ахбори ноби ҳунарӣ дар ихтиёри мардуми ҳунардӯсти Теҳрон бигзоранд, кӯчактарин аксуламале аз худ нишон надоданд. Гӯё ин ки таваҷҷуҳ ва аксуламали онҳо бо моҳиятҳои шинохташудаашон наметавонад ифтихоре барои касе бошад. Ва акнун ман ки фақат як хонандаи сода ҳастам, пас аз як сол мехоҳам дар бораи ин китоб ба гуфтугӯ бипардозам. Кори ман нақди шеър нест. Ман ин китобро ончунон, ки ҳаст, менигарам, на ончунон ки худ меписандам.

«Охири Шоҳнома» номе кинояомез аст. Кинояе барои он чи ки гузашт, бар ҳамосае, ки ба охир расид. Ошёне, ки дар бод ларзид. Раҳраве, ки ҷои қадамҳояшро барфҳо пӯшонданд. Соате, ки қалби шаҳре буду ногаҳон аз тапидан истод ва мардуме, ки бар ҷанозаи орзуҳояш танҳо монд.

Дар ин китоб як инсони сода, ки аз қалби тудаи мардум бархоста ва дар қалби тӯдаи мардум зиндагӣ кардааст, ҳасрату таассуфҳои пинҳонии онҳоро бо садои баланд такрор мекунад ва танини гиряолуд дорад.

Ин китоб саргузашти саргардониҳои фардест, ки рӯзгоре ғуруру эътимодашро дар кӯчаҳо фарёд мекард, акнун то нимашаб бар сари пешхони дукони майфурӯшӣ мегузорад ва дар лаҳзаи мастӣ ноумедиҳо ва сархӯрдагиҳояшро таскин мебахшад. Дар ин китоб гароиши шоир бештар ба сӯйи масоили иҷтимоӣ аст ва бо афсӯсе пуршукӯҳ аз заволи як зебоии шариф ва мазлум ва як ҳақиқати туҳматхӯрда ва лагадмолшуда ёд мекунад. Калимот ва тасовир ҳамчун гурӯҳе аз азодорон дар ҷодаҳои хокистариранги шеъри ӯ ба дунболи якдигар пеш меоянду сар бар даричаи қалби инсон мекӯбанд.

Дар қитъаи «Нодир ё Искандар», ки аввалин шеъри ин китоб ва аз ҷумлаи шеърҳоест, ки бо зиндагии умумии иҷтимоии имрӯзи мо робитаи мустақиме дорад, ӯ бо беэътимодиву хашм ба атрофаш менигарад ва дар як эҳсоси озурда ва асабонӣ уқдаи худро мекушояд:

Нодире пайдо нахоҳад шуд, Умед,

Кошкӣ Искандаре пайдо шавад.

Дар қитъаоти «Соати бузург», «Гуфтугӯ», «Охири Шоҳнома», «Пайғом», «Барф», «Қосидак» ва «Ҷароҳат» инсон пайваста ин ҷараёни хашмгин ва мутанаффир ва нобоварро эҳсос мекунад.

Дар қитъаи «Охири Шоҳнома», ки яке аз зеботарин қиъаоти ин китоб ва бегумон яке аз қавитарин шеърҳоест, ки аз ибтидои пайдоиши шеъри нав то ба ҳол суруда шудааст, ӯ ҳамосаи қарни моро месарояд, аз дунё қисса мегӯяд, ки дар он рӯзҳо хафақон гирифта, зиндагӣ лаҳ ва фосид шуда ва хунҳо табхир гаштааст. Қиссаи танҳоии инсонҳоеро мегӯяд, ки алорағи ҳама ҷаҳишҳои маҳбуткунундаи фикриашон дар заминаҳои мухталиф бо маънавияте ҳақиру залил  сарукор доранд:

Ҳон куҷост,

Пойхтахти ин дижойин қарни пурошӯб,

Қарни шаклакчеҳр, –

Бар гузашта аз мадори моҳ,

Лек бас дур аз қарори меҳр…

Инсонҳое, ки ба фардояшон умеде надоранд, таҳдидшуда ва беэътимоданд ва хутути зиндагияшон гӯйӣ бар об тарсим шудааст. Инсонҳое, ки дар қалби якдигар ғарибанд, дар саргардонӣ якдигарро медаранд ва аз фарти беморӣ ба тамошои эъдоми маҳкумин мераванд.

Ӯ дар фаромӯшии хобмонанде, ки чун туғёни об саросари андешаашро фаро мегирад, бо нигоҳе маҷзубу сеҳршуда дар зебоиҳои гузашта, ки акнун беҳурмат ва лагадмол шудаанд, хира мешавад ва бо ғуруре содалавҳу хушбин, ки ҳосили он хирагист, ногаҳон фарёд мекашад:

Мо барои фатҳ сӯйи пойтахти қарн меоем,

Мо,

Фотеҳони қалъаҳои фахри таърихем,

Шоҳидони  шаҳрҳои шавкати ҳар қарн,

Мо,

Ёдгори исмати ғамгини аъсорем.

Ва саранҷом дар сардиву торикии муҳиташ, ки аз лоша ва зубола анбошта шудааст, чашм мекушояд ва бунбастро мебинад. Акнун дигар «фатҳ» он маънии пиру куҳнаи худро аз даст додааст. Як қалбро наметавон чун туъмае миёни садҳо ҳазор қалб тақсим кард. Бо як қалб наметавон барои садҳо ҳазор қалби бепаноҳ ва саргардон хушбахтиву оромиш харид. Ӯ чангашро, ки овози фатҳ мехонад, сарзаниш мекунад ва ба таслиму хомӯшӣ мегарояд:

Эй парешонгӯй мискин, парда дигар кун,

Пури дастон ҷон зи чоҳи нобародар дар нахоҳад бурд,

Мурд, мурд, ӯ мурд,

Достони пури Фаррухзодро сар кун.

«Пайғом», «Гуфтугӯ», «Қосидак», «Барф»-у «Ҷароҳат» бозгӯкунандаи ин таслими дардолуданд. Андешаи ӯ чун хобгардон дар сояҳои атрогини баҳоре дуру матрук сайр мекунад, аммо ӯ мавҷуде бозгашта дар бунбаст нишастааст. Ӯ дигар сари ҷустуҷӯ надорад, зеро ки роҳҳо ҳар яке ба сарое мунтаҳӣ шуданду дурахшишҳои мубҳами селоб нуре ба дунбол надоштанд.

Эй баҳори ҳамчунон то ҷовидон дар роҳ,

Ҳамчунон то ҷовидон бар шаҳрҳову рустоҳои дигар бигзар,

Ҳаргизу ҳаргиз

Бар биёбони ғариби ман

Мангару мангар.

                                                                                              «Пайғом».

Ман хоб дидаам,

Ту хоб дидаӣ,

Ӯ хоб дидааст,

Мо хоб ди…

Бас аст.

                                                                                                        «Гуфтугӯ».

Чиркмурда сахрае дар сина дорад ӯ

Ки нашӯяд ҳиммати ҳеч абру боронаш

Паҳнавар дарёи ӯ хушкид,

Кай кунад сероб ҷуди ҷӯйборонаш?

Бо биҳиште мурда дар дил ку сари сайри баҳоронаш…?

                                                                                               «Ҷароҳат».

Дар шеърҳои «Мерос», «Мурдоб», «Қасида», ки ҷанбаи хусуситаре доранд, ӯ дар айни ҳол, ки ба даруни худ ва даруни зиндагияш менигарад, гӯйӣ аз ҳазорон қалб гуфтугӯ мекунад.

«Мерос» эътирози хашмолудест ба фақри модарзод ва маънавии ҷомеаи мо ва ишорае ба талошҳои фард ва иҷтимои беҳосилаш аст, ки барои решакан кардани ин беморӣ аз дербоз оғоз шуда ва ҳаргиз ба натиҷае нарасидааст.

Қалби ӯ дар ин шеър чун буғзи куҳнае дар гулӯи калимот мелӯлад ва гӯйӣ ҳар лаҳза мехоҳад, ки мунфаҷир шавад:

Солҳо з-ин пештар ман низ

Хостам, к-ин пӯстинро нав кунам бунёд,

Бо ҳазорон остин чирк дигар баркашидам аз ҷигар фарёд

Ин мабод, он бод…

                                                                                              «Мерос».

Пӯстин самбули маънавияти фақрзадаву пӯсида аст, ӯ нав кардани онро талаб мекунад, на ба дур андохтани он ва қабули ҷуббаҳои (ҷомаи болопӯши васеъ) зарбафту рангинро, ки зоҳирпарастӣ ва зардӯстии  ҷомеаеро нишон медиҳад:

Ку, кадомин ҷуббаи зарбафти рангин мешиносӣ ту,

К-аз мураққаъ пӯстини куҳнаи ман поктар бошад?

Бо кадомин хилъаташ оё бадал созам?

Ки-м на дар савдо зарар бошад?

Ӯ дар ин шеър бо содагии як инсони хуб аз падараш, аз маҳрумияту маҳдудиятҳои зиндагии як хонаводаи кӯчак, аз танҳо буданаш дар ба дӯш кашидани бори ин мерос ва аз ҳазорон дарди шармгину рӯпӯшида, даричае ба мо нишон медиҳад. Ин шеър саршор аз иззати нафс ва бузургвории рӯҳест, ки ҷалолу шукӯҳи зиндагиро ҳеч мешуморад ва барқи сикка фиребаш намедиҳад ва бо фақри худ месозад.

Қасидаи «Мурдоб» достони беҳосил ва марг дар хушёрӣ аст. Дарди дили мардумест, ки дар кӯчаҳо гӯйӣ маҳкуминанд, ки ба сӯйи қатлгоҳи хеш мераванд, мардуме, ки ҷунбиш ва таҳрик мехоҳанд, аммо дар анбӯҳашон мавҷу ҳаракате нест ва чун дарё, ки солҳо бар пояе начархида бошад, бо танбалӣ ва беҳосилӣ интизори вазишеро мекашанд. Мардуме, ки сукун муҳити зиндагии шоистагиҳо ва ҷӯшишҳояшонро макидааст. Мардуме, ки соате дар ҳошияи майдонҳо меистанду суъуд ва суқути фаввораи рангинро бо чашмоне мабҳут менигаранду дар марзи бархӯрдани ду тамаддун роҳҳояшонро гум кардаанд ва дар халои ваҳшатноки бепоёне, ки бар он номи «шаҳр» ниҳодаанд, ба лаззатҳои бемор ва олуда паноҳ бурдаанд:

Рӯзҳоро ҳамчу муште барги зарди пиру перорӣ

Месупорам зери пойи лаҳзаҳое паст,

Аз дареғу аз дурӯғ анбӯҳ

В-аз тиҳӣ саршор

Ва шабонро ҳамчу муште сиккаҳои аз ривоҷ афтодаву тира

Мекунам партоб

Пушти кӯҳи мастиву ашку фаромӯшӣ.

Дар «Ғазали 1», «Ғазали 2», «Ғазали 3» ва «Даричаҳо» ӯ ишқро ба шакле сода ва наҷибу бо эҳсосе амиқ тавсиф мекунад. Ишқ дар андешаи ӯ авҷе тобнок ва покиза дорад ва чун паноҳгоҳи мутмаине худро дар торикӣ арза мекунад.

Дар «Тулӯъ», «Хазонӣ», «Бозгашти зоғон» ӯ бо тасовире бадеъ ба тавсифи табиат мепардозад. Ӯ андӯҳи ғурубро аз даричаи тозае менигарад ва шеъри «Бозгашти зоғон» дар зебоӣ ва шукӯҳи андӯҳгинаш гароише ба қасоиди мутақаддимин дорад. «Тулӯъ» ҳам аз назари мазмун бисёр тоза, зинда ва гирост. Ҳам ҷанбаи фикрии он қавӣ аст ва ҳам ба зиндагии гурӯҳе аз мардум наздикии бисёр нишон медиҳад ва ин забоне содаву дилтанг дорад ва калимот бо танини мусиқимонандашон чун ҷӯйи дурахшон ва шаффофе дар бистари эҳсоси ҷорӣ мешаванд. Иможҳо (нақш, ангора) бо тасовири зеҳнии ӯ хоси шеъри ӯст ва кудрати баёнкунандаи васеъе дорад:

Дар сукуташ ғарқ,

Чун зане урён миёни бистари таслим, аммо мурда ё дар хоб…

Нуктае, ки пеш аз ҳар чиз дар шеъри ӯ қобили баҳс аст, забони ӯст. Ӯ ба покӣ ва асолати калимот таваҷҷуҳи хосе дорад. Ӯ мафҳуми воқеии калимотро ҳис мекунад ва ҳар якро  ончунон бар ҷойи худ менишонад, ки бо ҳеч калимаи дигаре наметавон таъвизаш кард. Ӯ бо такя ба суннатҳои гузаштаи забон ва омехтани калимоти фаромӯшшуда ба зиндагии имрӯз забони шеърии тозае меофаринад. Забон бо фазои шеъраш ҳамоҳангии комил дорад. Калимоти зиндаи имрӯз вақте дар шеъри ӯ дар канори калимоти сангину мағрури гузашта менишинанд, ногаҳон тағйири моҳият медиҳаду қад мекашад ва дар якдастии шеър ихтилофҳо фаромӯш мешавад. Ӯ аз ин назар инсонро беихтиёр ба ёди Саъдӣ меандозад. Ман роҷеъ ба забони шеъри ӯ як бори дигар ҳам суҳбат кардаам ва акнун такрори навиштаҳои гузашта бароям андаке мушкил аст ва  бе он ки худро пайрави ин забон бидонам, кӯшиши ӯро местоям ва ӯро дар роҳе, ки пеш гирифта, муваффақ ва пирӯз мебинам.

Роҷеъ ба шеъри Ахавон ва забони шеъри ӯ бисёр метавон навишт ва ман бо вақти кӯтоҳе, ки доштам, танҳо ба тавзеҳи порае аз хусусиёти шеъри ӯ пардохтам ва як нақди васеъу амиқро ба уҳдаи дигарон мегузорам, ки дар ин замина чирадастӣ доранду диққату тамаркузи фикрияшон бар диққат ва тамаркузи фикрии ман мечарбад. Ахавон яке аз чеҳраҳои дурахшони шеъри мост ва он чи то ба ҳол мунташир кардааст, шоистаи эҳтиром ва таҳсин аст.

                                                                            Таҳияи Насимбек Қурбонзода

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо