15.1 C
Душанбе

БАРРАСИИ НАВИШТАҲОИ НАВИСАНДАГОНИ ҶАВОН

Дар маҳфили навбатии омӯзи шии адибони ҷавон дар Иттифоқи нависандагон, ки рӯзи 12-уми де кабр баргузор гашт, қаламкашони наврас ва донишҷӯёни эҷодкор бо ҳавасмандии зиёд ва бардоштҳои қаноатбахш аз маҳфилҳои қаблӣ иштирок доштанд. Ин маротиба ҳикояҳои эҷодкоро ни ҷавон Беҳрӯз Қаюмӣ ва Ҳафи зуллоҳ Тоҳирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Мудири бахши кор бо адибони ҷавон Рустам Ваҳҳобзода, мудири бахши наср Равшан Махсумзод, профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул ва дига рон дар бораи ҳикояҳои ҷавонадибони номбурда андеша ва хулосаҳояшонро пешниҳод карданд ва маслиҳатҳои муфид доданд. Маврид ба таъкид аст, ки хонандагони ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» аллакай бо маҳсули қалами Беҳрӯз Қаюмӣ ва Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ ошноянд. Ҳамин тавр, чуноне дар шумораҳои пешин низ ёдрас шуда будем, ҳар ҳафта маҳфили омӯзишӣ бо барномаи қаблан тарҳрезишуда ба роҳ монда мешавад. Ва дар гузоришҳои баъдина муфассалтар аз ҷараёни он ҳаво дорони нашрияамонро огоҳ менамоем. Ба онҳое, ки дар маҳфил иштирок кардан мехоҳанд ё аз фаъолияташ хабардор шуданиянд, хоҳиш менамоем, ки ба таври мунтазам ҳафтаномаи мо ва сомонаи расмии ҳафтанома — www.adab.tj ва шабакаҳои иҷтимоии интернетиро пайгир бошанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо