Рӯзи 4-уми июни соли равон маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барпо шуд.
Нахуст маърӯзаи Раиси ИНТ бо унвони «Бозтоби мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти тоҷик» ироа гардид. Низом Қосим дар хусуси саҳми халқу давлати Тоҷикистон, аз он ҷумла адибон дар Ғалаба бар фашизм, вежагиҳои осори адабии марбут ба ҶБВ ва хидмату аҳаммияти онҳо дар тақвияти ҳисси ватандӯстии насли даврони соҳибистиқлолӣ муфассалу фарогир ибрози андеша намуд.
Адибони шинохта Абдулҳамид Самад, Ҳақназар Ғоиб, Аҳмадҷон Раҳматзод, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Абдунабӣ Сатторзода, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода ва Абдуллоҳи Раҳнамо дар бораи маърӯза андеша баён намуда, онро амиқу фарогир ва пурмуҳтаво арзёбӣ карданд.
Аз рӯйи масъалаи дигар аъзои Садорат адибони тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чоршанбеи Деҳнавӣ, Саодат Сангинова ва Илҳоми Насафиро ба узвияти ифтихории ИНТ пазируфтанд.
Баъди муҳокимаву баррасӣ миқдори минбаъдаи ҳаққи узвият барои узви қобили кори ИНТ дар як моҳ 10 сомонӣ ва барои бознишастагон 5 сомонӣ муқаррар шуд.
Даъвати Анҷумани 16-уми Иттифоқи нависандагон масъалаи дигаре буд, ки аз ҷониби аъзои садорат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қарор шуд, ки Анҷумани ИНТ 7-уми ноябри соли равон баргузор бигардад.
Бо мақсади беҳбуди фаъолияти созмон бо овоздиҳии якдилонаи аъзои садорат комиссияи такмили Ойинномаи ИНТ таъсис шуд, ки натиҷаи фаъолияташро ба Анҷумани 16-ум пешниҳод хоҳад кард.
Аъзои садорат дар бораи масъалаҳои ҳаррӯзаи фаъолияти созмон низ ибрози назар карданд.
“АС”