34 C
Душанбе

Баҳрабардорӣ аз гулгашт ва пайкараи муаллифи Суруди миллӣ дар Суғд

Рӯзи 11-уми июл дар ноҳияи Айнӣ гулгашт ва пайкараи Гулназар Келдӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ расид.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ сохта шуда, масоҳати умумии он бо дарназардошти сохтмони ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки гулгашти мазкур аз суҳбаткадаҳо, айвонча ва дигар зерсохти зарурӣ иборат буда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст.

Ин манбаъ афзудааст, ки “дар оянда ин макони сайругашт ҳамчун маркази баргузории рӯйдодҳои адабию фарҳангӣ ба мардум хидмат хоҳад кард”.

Бунёди ин мавзеъ ба баҳонаи ҷашни 35-юмин солгарди худсолории Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои матраҳи миллати тоҷик арзёбӣ мешавад.

Гуфтанист, Гулназар Келдӣ муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоири меҳансаро буда, осори адабияш дар парвариши маънавии мардум муассир дониста мешавад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо