38.4 C
Душанбе

«Бабочка»

Раиси корхонаи «Дегу кафлез» Ҳаит Насибро яку якбора бе огоҳӣ, ба қавле, хрюшовгир карданд, яъне лунда карда гӯем, аз кор озод намуданд. Ҳатто нагузоштанд, ки даҳонашро кушояд. «Чаро?»-яш дар даҳонаш ях баст, ногуфта монд. Ҳамон замон «Чор тарафат қибла» гуфта, кафшҳояшро аз дарвозаи корхона се чақрим дур ҳаво доданд. Маҷлиси фаврии коргаронро даъват намудаву раиси тозаинтихобро ба коргарон шиносонданд. Машҳурхӯҷа Биноиев, ки сараш аз шикамашу шикамаш аз сараш калон буд, ҳамчун раиси нав муаррифӣ гардид. Он чизе, ки коргаронро ба ҳайрат овард, на каллаи калону на шиками дамидаи раиси нав, балки дар гардани ғафсу сергӯшташ ба ҷойи галстук шапалак (бабочка) бастани ӯ буд.

Баъди маҷлис дар саҳни корхона миш-мишу пичир-пичири коргарон виззоси занбӯрро мемонд. Кию аз куҷо омадани раиси навро ба таври худ пешгӯиву муҳокима мекарданд.

– Ин раиси навамон пеш дар куҷо кор мекарданд? – оҳиста пурсид бригадири корхона Салимбек аз мудири шуъбаи кадрҳо Халифаев.

– Надонам, ман ин фили бехартумро бори аввал мебинам, – китф дарҳам кашид Халифаев.

– Ба фикрам, то ба ин ҷо омаданаш дар Театри опера ва балет артист шуда кор мекард, – гуфт Ҳамдами шикам.

– Ту аз куҷо медонӣ?

– Аз «бабочка»-и гарданаш маълум. Чунин галстукҳои шапалакмонандро танҳо сарояндагони опера мебанданд, – ҷавоб дод Ҳамдами шикам.

– Не, ҷӯра, хато кардӣ. Артистони опера чунин фарбеҳу шикамкалон намешаванд, – донотарошӣ кард сармуҳосиб Рақамбоев.

– О, аз ҳамон шапалаки гарданаш маълум, ки яқин артист аст, – исбот карданӣ мешуд Ҳамдами шикам.

– Ба фикрам, ин кас то ба ин ҷо раис шуда омаданашон дар тарабхона пешхидмат шуда кор кардагӣ.

– Ҳа, ҳа, рост. Шиками дамаш гувоҳ, ки дар тарабхонаи машҳуре пешхидмат будааст.

Баҳси коргарон хеле давом кард, аммо муайян карда натавонистанд, ки раиси нав пеш аз ин дар куҷо ба чӣ кор машғул буд.

Рӯзи дигар раиси нав ҳамаро ба маҷлисгоҳи корхона даъват намуда, маҷлиси аввалини худро кушода эълон кард.

– Рафиқон, коргарон ва ходимон! Аз пагоҳ сар карда, мо корро дар корхона бо тарзи нав, яъне бо маданияти баланду муосир оғоз менамоем. Мо бояд дар ҳама ҷиҳат аз коргарони дигар корхонаҳо фарқ бикунем. Ҳатто дар тарзи либоспӯшиамон. Бинобар ин, фармони рақами яки ман ҳамчун раис барои ҳама, аз коргари одӣ то сармуҳосибу муовинон, чунин аст: аз пагоҳ ҳама коргарон бо куртаи сафед ва «бабочка» ба кор ҳозир шаванд.

Аҳли толор ба ҷунбиш даромаданд, чанд кас пиқ-пиқ хандид.

Ҳамдами шикам хандаашро базӯр нигоҳ дошта, аз ҷой хесту эътироз кард:

– Ҷаноби раис! О, ин чӣ хел мешавад?

– Нағз мешавад, – гуфт раис.

– Охир, мебахшеду мо артист нестем-ку? Баъд, ин корхонаи истеҳсолӣ, сех, чангу хок, куртаи сафеду боз ин «бабочка», масхарабозӣ нест магар?!

– Даҳонатро пӯш! – раис чунон мушт ба миз фуровард, ки чойнику пиёла аз болои он парида рафтанд. Манҳамадон! Беинтизом! Ба раис боз гапгардонӣ мекунӣ-а? Худи ҳозир аризаатро навис. Аз кор ҷавоб!

Чунин ранг гирифтани корро касе интизор набуд. Диданд, ки раис шӯхӣ намекунаду қарораш қатъист, ҳамагонро якбора ханда дар лаб ях баст, ҳама хомӯшу лол монданд.

– Ҳама аз пайи кор шавед. Боз як бори дигар таъкид мекунам, пагоҳ ҳар касе бе куртаи сафеду «бабочка» ба кор ояд, беҳтараш аризаашро нависаду баромада равад. Фаҳмо?!!

– Фаҳмо, – бо дили нохоҳам ҷавоб доданд чанд нафар.

– Фаҳмо, ки бошад, ба ҳама ҷавоб.

Баъди маҷлис дар корхона касе намонд, ҳама мағоза ба мағоза бабочкакобӣ рафтанд. Салимбек ҳам дар қатори дигарон тамоми мағозаҳои шаҳрро давр заду аз пову рафтор монд, вале «бабочка» наёфт. Ҳатто аз роҳгузарон мепурсид, ки аз куҷо дастрас кардан мумкин ҳамин «бабочка»-и дарди сарро. Касе гуфт, ки дар маркази савдои «Садбарг» ёфтан мумкин. Салимбек филфавр дар обу арақ ғӯтида, шалпару лакот худро ба маркази савдои «Садбарг» расонид. Дар яке аз дуконҳои ошёнаи дувум чашмаш ба «бабочка»-ҳои рангоранг афтоду аз шодӣ оби даҳонашро дошта натавонист.

– Мебахшед, хоҳар, ҳо ана ҳамон «бабочка»-и сиёҳ чанд пул? – пурсид аз духтараки фурӯшанда.

– 75 сомонӣ, – ҷавоб дод фурӯшанда.

– Ҳиъ, – нафас дар гулӯяш печид. Ҳамин як порча латта 75 сомонӣ? – О инсоф кунед, хоҳар, наход ин қадар гарон бошад?

– Инҳоро аз хориҷа меоранд, барои ҳамин гарон.

Салимбек ноилоҷ пушти сар хоридаву ба ҳафт пушти раиси нав нафрин хонда, «бабочка»-ро харид.

Шаб хобаш набурд. Гӯё 75 сомонӣ сарф накардаву 75 дарра хӯрда бошад, то субҳ тамоми баданаш дарду сӯзиш кард. Саҳар баъди ношто пеши оина куртаи сафед пӯшиду ҳарчанд ин тарафу он тарафро кофт, «шапалакаш»-ро наёфт.

– Занак, ҳо занак, – ҷеғ зад занашро.

– Лаббай.

– О, «бабочка»-и ман канӣ?

– Чӣ хел «бабочка»?

– Ҳамин ҷо, пеши оина монда будам, «бабочка», «шапалак»…

Салимбек нишонаҳои «бабочка»-ро ба занаш фаҳмонда буд, ки ӯ баланд хандид!

– Чӣ механдӣ? – бо ҷаҳл гуфт Салимбек.

– О, онро духтарчаамон Парвина «дадаам ба ман мӯйқапак харидааст» гуфта, ба мӯйҳояш баста, мактаб рафт.

– Эъ, занаки беақл. Тамом, маро аз кор пеш мекунанд! Салимбек бо шитоб аз хона баромаду ҷониби мактаб давид. Ҳашу фашкунон ба мактаб расид. Дари синфи духтарашро тақ-тақ зада, аз омӯзгор хоҳиш кард, ки духтарчааш Парвинаро як дақиқа иҷозати баромадан диҳад. Парвина аз дари синфхона баромадан замон ҳоло даҳон накушода буд, ки падараш чанг зада, «бабочка»-ро аз сари ӯ гирифту чаппасар баргашта равон шуд. Парвина ҳайрон китф дарҳам кашиду баъд ба синфхона даромад.

Салимбек дар оинаи калону барқади даҳлези мактаб «бабочка»-ашро саросема ба гардан басту сӯйи корхона шитофт. Дар кӯча ҳама бо чашми ҳайрат ба ӯ менигаристанд. Баъзеҳо гиребон дошта тавба мекарданду баъзеҳо аз ханда рӯдакан мешуданд. Аммо Салимбек парвои раҳгузарон надошт, балки аз шодӣ мешукуфт. Мардум ба ҳолаш ханданд, хандидан гиранд. Муҳимтар аз ҳама, супориши раисро иҷро кард. Акнун раис ӯро аз кор пеш намекунад, чунки ӯ «бабочка» дорад.

Муродалӣ СОБИР

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо