Дилам, эй дилбари ширинсухани масчоӣ,
Ба забони шакалодинии ту шуд шайдоӣ.
Сомеонат ҳама аз ҷӯши тараб мерақсанд,
Шунаванд аз патифони суханат шевоӣ.
Нарасад доди телефони дилам бар гӯшат,
Кандаӣ сими раҳи раҳм зи бепарвоӣ.
Пур шуд аз ғулғулаи шуҳрати ҳусни ту фазо,
Ту дар ин марҳала бо айроплон меоӣ.
Наргиси шӯхи ту хосияти ренген дорад,
Сурати доғи дилам мекашад аз шаҳлоӣ.
Рӯят аз пахтаи мисрӣ ба сафедист сафед,
Абруят ҳамдами доси дарав аз зебоӣ.
Ғур-ғури оташи шавқам ба трактор монад,
Тухми меҳри ту бикорам ба дили савдоӣ.
Баски дар санъату техника муҳаббат дорӣ,
Ба назарҳо ҳамагӣ дилкашу маҳбуб оӣ.
Мекашӣ дар сифати худ ғазалу ашъорам,
Микрафонвор рабоӣ сухан аз раъноӣ.
Ҳамчу техника зи худ карда дилу ҳуши маро
Духтари коргари пурҳунари масчоӣ.
***
Эй меҳрлиқои моҳпайкар,
Эй сарви сиҳиқади суманбар.
Эй ғайрати маҳвашони Фархор,
Эй рашки парирухони Кашғар.
Чашмони ту ҳаст кони бодом,
Дандони ту ҳаст кони гавҳар.
Бошад гуҳаре, вале дурахшон,
Бодом бувад, вале муқашшар.
Соф аст танат зи оби Масчо,
Сахт аст дилат зи кӯҳи Фалғар.
Тафсири рухат фазои Санъо1,
Таъбири лабат шароби Хуллар2.
Ҳамшираи Моҳи осмонӣ,
Ё меҳри фалак турост хоҳар?
Рӯят ба маризи ишқ духтур,
Мӯят ба арӯси мушк духтар.
Ҳам лашкари нозро ту сардор,
Ҳам аскари ҳуснро афитсар.
Рамзе зи лаби ту як вагон қанд,
Ҳарфе зи ту як сарой шаккар.
Чашмони ту искалоди вино,
Зулфони ту фабрикони анбар.
Ҳафтод катар барат гарав бурд
Аз докаи шасту чор ламбар3.
Як той зи пахтаи амиркон,
Як кеп ҳарири шаҳри Малсар4.
Бикшояду гӯяд: ин маро тан,
Бинмояду гӯяд: ин маро бар.
Бо қомати туст сарв камқад,
Аз мӯйи миёни туст камбар.
Абрӯ ба ҳилол нури чашме,
Чашме ба ғизоли Чин баробар.
Ҳамдӣ, дилу ҷони худ силав кун
Бо ёри ба ҷону дил баробар.
***
Рӯйи чаманат хандазани Порижу Маскав,
Мӯйи фитанат таънадеҳи Ботуму Варшав.
Дар нозукӣ, эй рашки бутони загаронич5,
Дар чобукӣ, эй ғайрати хубони Фаронсав.
Дар давлати ҳусни ту намуд он ки хиёнат,
Дар маҳкамаи қаҳри ту афтода ба тергав6.
Абрӯи ту зинатдеҳи меҳроб ба масҷид,
Гесӯи ту ошӯби чалипост ба черкав7.
Ҳамрахти рухи содаи ту суфи Тағиюф8,
Ҳамтои танат пахтаи кантӯри9 Яраслав.
Эй атри гул аз накҳати мӯи ту парастӯй10,
Аз тобиши рӯят гули атрӣ шуда фалшав11.
Дар ишқи ту маълуми замонем ба сиёз12
В-аз меҳри ту мақбули ҷаҳонем ба сайлав13.
Чун нест ба мо дигар аз ин қофия, Ҳамдӣ,
Бояд, ки заказ карда биёрем зи Маскав.
***
Эй духтари коргар, куҷоӣ,
Дерест, ки сахт камнамоӣ.
Дар фабрикаат ҳамедароӣ,
Аз дастгаҳат намебароӣ.
То кай бишавӣ ба кори мошин?
Як лаҳза ту дар канори мо шин!
Бо меҳри ту дилфигор гардам,
Лутфи ту бувад давои дардам.
Чун чархи сари матор ҳар дам
Сад мартаба аз сари ту гардам.
________________________________________________________
1Санъо – шањре дар Яман
2Шањре дар нздикии Шероз, ки шароби ангураш машњур аст
3Ламбар – навъи докаи сербар
4Малсар – тањрифшудаи Марсел – шањре дар Фаронса
5Загаронич – заграничный (хориҷӣ)
6Тергав — бозпурсӣ
7Черкав – церковь (калисо)
8Таѓиюф – Тақиев – соњиби фабрикаи суф дар Боку
9Кантӯр — контора
10.Парастуй – простой (одӣ)
11.Фалшав – фальшивый (беқадр)
12.Сиёз – съезд (анҷуман)
13.Сайлав — интихобот
Аҳмадҷон Ҳамдӣ
Таҳияи С. Амирхон