Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад, ки дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, қарорҳои бахшҳо ва Раёсати Кумита асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2026 пешбарӣ карда шаванд:
Бахши адабиёт
Мирзо Саидзода. «Нони шарикӣ» (роман). Душанбе, «Эр-Граф», 2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Давлати Раҳмониён. «Номаи офтоб» (маҷму аи шеърҳо). Душанбе, «Адиб», 2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ
Исматулло Холиқов. «Чашмаи меҳр» (маҷмуаи сурудҳо). Душанбе, «Истеъдод», 2024. Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Фурқат Саидзода. «Сози ватандорӣ» (маҷмуаи сурудҳо). Душанбе, «Аржанг», 2024. Ҳайати мушо вараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳуку мати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Шералӣ Қосим. «Меъмори Истиқлол» (маҷму аи адвор ва сабти сурудҳои солҳои 2023-2025). Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ
Ғафур Ҷӯраев. «Живопись. Монументальная скульптура» (китоб-албом). Тошканд, 2024. Раё сати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон Абдусаттори Раҳмон. «Хонаи мо – гулхона» (маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳо). Душанбе, «Адиб», 2024. Раёсати Иттифоқи нави сандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши журналистика
Бахтиёр Муртазо, Шералӣ Мӯсо. «Чароғафрӯ зон» (маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатӣ). Душанбе, «Эр-Граф», 2024. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ
Абдусалом Мамадназаров. Тарҷума ба ан глисӣ ва пажуҳиши асарҳои Садриддин Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро», «Марги судхӯр», «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурма лик», чоп дар нашриётҳои Англия, ИМА, Тоҷикис тон ва рӯнамоӣ дар шаҳрҳои Лондон, Ню-Йорк ва Душанбе. 2022-2024.
Раёсати Иттифоқи нависан дагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ аз мутахассисон ва ҳамаи ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш мекунад, ки дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути воситаҳои ахбор, то 10 майи соли ҷорӣ, фаъолона иштирок намоянд.





