25.4 C
Душанбе

Аз “Парасту”-и имсола чӣ умед доред?

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, мунтақиди театр:

– Ҳамчун як мунтақид мунтазирам, ки асарҳо муҳокима мешаванд. Яке аз бурдҳои мо дар солҳои баргузории “Парасту” таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи асарҳо буд. Натиҷаи ҳамин таҳлилҳо буд, ки дар “Парасту”-и дувуму севум сатҳи намоишҳо хеле баланд бардошта шуданд. Солҳои охир ин суннат аз байн рафт. Эҷодкорон бидуни ҳеч гуна шарҳ ё таҳлили асарҳо ба ин ё он ҷоиза соҳиб мегарданд. Дар чунин сурат ҳамеша касоне ҳастанд, ки бо натиҷагирии ҳакамон розӣ нестанд ва ё баръакс хурсанд мешаванд. Агар ба таври дигар бигӯем, аҳли эҷод дар охири кор намедонанд ва огоҳ нестанд, ки асари овардаашон аз кадом ҷиҳат муваффақ ва аз кадом лиҳоз айбу нуқсон дорад. Дигар ин ки ин рӯзҳо тавре ба ҳамагон маълум аст, дар пойтахти кишвар, шаҳру навоҳии мухталиф, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Конибодом бинои театрҳои наву муосир бунёд шуда истодааст. Яъне заминаи моддиву техникии театрҳо, ки замоне куҳнаву фарсуда буд, аз нав фароҳам мегардад. Моро лозим аст, ки корамонро низ дигаргуна ба роҳ монем, асарҳои нав ва ҷолибу ҳирфаиро рӯйи саҳна оварем. Барои ин андешаи мунтақидоне, ки аз кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя даъват шудаанд, хеле муҳим аст. Фикр мекунам, муҳимтар аз ҳама таҳлил ва баррасии асарҳост, ки чун обу ҳаво театрҳои мо ба он ниёз доранд. Вақте намоишҳо таҳлил ва арзёбӣ мешаванд, албатта эҷодкорон камбуд ва нуқсонҳои кори худро мефаҳманд ва аз пайи ислоҳи он мешаванд. Ба ин васила кори мо сол то сол беҳбуд меёбад.

Замоне “Парасту” театри тоҷикиро болу пар бахшид, даврони дигар аз нестӣ эмин нигоҳ дошт, солҳои ҷанги шаҳрвандиро дар назар дорам, ки театрҳо тақрибан аз фаъолият монда буданд ва дар ду сол як намоишро танҳо ба хотири “Парасту” таҳия мекарданд. Акнун марҳалае пеш омадааст, ки “Парасту” ба театрҳо ҷони дубора бибахшад. Яъне сатҳу сифати фаъолияти онҳоро хубу беҳтар созад. Ин аст умеди ман аз “Парасту”-и имсола.

Гулчеҳра НУЪМОНОВА, профессор:

– Баргузор шудани “Парасту” барои театрҳо як ҷашни хеле бузург аст. Ҳар даъфа мо мунтазир ҳастем, ки театрҳои мо дар корҳои эҷодии худ ба сатҳи баланд мерасанд. Им сол ҳам умед дорам, ки эҷодиёти ҳунарпешагони мо муассир хоҳад буд. Яъне насли ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд, дар худшиносиву худогоҳии ҷомеа нақш мегузорад. Ҳамагонро ба тамошои намоишҳои театрӣ, ба “Парасту” даъват мекунем.

Отахон САЙФУЛЛОЗОДА, мудири Театри мусиқии мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар:

– Аз “Парасту”-и имсола беҳтарин намоишҳоро чашмдорем. Фикр мекунам, ки тамоми театрҳои кишвар бо дастовези хубу хотирмон омадаанд. Дар баробари дигар театрҳо театри мо низ бо як намоиши мазҳакавӣ бо номи “Зангирӣ ва дамгирӣ” аз рӯи асари Султон Сафаров ва дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукурзода ба “Парасту”-и имсола омадааст. 19-уми апрел дар Театри ҷавонон ҳунарпешагони мо дар саҳна ин намоишро пешкаш хоҳанд кард. Намоиши мо мавзуи рӯз аст ва мушкилоти мубрамро дар бар мегирад. Мо ба драматургияи миллӣ ба он хотир рӯ овардем, ки ин жанри адабии мо рушд ёбад.

Абдулмуъмин ШАРИФӢ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон:

– Умед дорам, ки “Парасту”-и имсола хуб хоҳад буд. Мутаассифона, чанд соли охир аз назари ҳунарӣ “Парасту” парвозҳои баланд надошт. Дар оғоз, яъне охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадум ва ҳатто дар солҳои мушкили ҷанги шаҳрвандӣ “Парасту”-и мо баландпарвоз буд. Соҳои охир ҳарчанд як ё ду намоиши хубро рӯи об бароварда бошад ҳам, аксари онҳо аз ҷиҳати касбият мелангиданд. Имрӯз мо дар замони осоиштагӣ ва давроне, ки иқтисодиёт ва фарҳангамон хеле рушд кардааст, зиндагӣ дорем, аммо намоишҳо мутобиқ ва ҷавобгӯи ин шароиту ҳол нестанд. Шаҳри мо, фарҳанги мо дигар шуд, аммо театрамон ва намоишҳои театрӣ аз назари ҳунарӣ дигар нашуданд, баръакс хеле поён рафтанд. Умед дорам, дар ҷашнвораи имсола ин камбудҳо ислоҳ мешаванд ва мо тамошобини намоишҳое мешавем, ки воқеан сазовори театрҳои касбӣ ҳастанд.

Таҳияи Мижгон ХАЛИЛЗОДА, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо