25.4 C
Душанбе

Аз «Нуни навиштан»

Кадом нависандаеро дар ҷаҳон мешиносед, ки аз худ напурсида бошад: «Барои чӣ менависам?» Ва кадом нависандаеро мешиносед, ки ба дунболи ин савол даст аз навиштан кашида бошад?

***

Эҳсос мекунам, душвортарин корҳо барои нависанда – дастикам барои ман – зиндагӣ кардан аст. Воқеан чӣ гуна бояд зиндагӣ кунам? Ҳамеша эҳсос мекардаам, балад нестам зиндагӣ кунам.

***

Эҳсос мекунам, аз китобҳо метарсам. Ҳар вақте худро дар миёни китобҳо мебинам, бо сароҳати бераҳмонае эҳсоси нодонӣ мекунам.

***

Фикр мекунам, ҳунарманд бояд битавонад дар ҳар лаҳза аз зиндагии худ се ҳолати умдаи инсониро дар худ фароҳам дошта бошад. Яъне дар они воҳид бовари кӯдаконаи саршор ва шавқи ҷавонсарона ва бурдбории пиронасарро якҷо дар худ дошта бошад, то битавонад мутаассир бишавад мисли як кӯдак; ошиқ ва барангехта бишавад мисли як ҷавон; ва таҳаммулу бурдбории зиндагиро ва масоили онро биковад ва кори худро бисанҷад ва биёзмояд, мисли як инсони пухта ва дурандеш…

***

Зиндагӣ дар авҷи худ ба ҳунар табдил мешавад.

***

То имрӯз бо ишқ ба инсон ва бо орзуи беҳрӯзии одамӣ ва зиндагии одамӣ кору зиндагӣ кардаам. Аммо дар воқеият ҳар рӯзу ҳар лаҳза эҳсос мекунам, мебинам, таҷриба мекунам, ки одамҳо як ба якашон ҷуз ба худашон ва манофеи худашон фикр намекунанд ва қадам барнамедоранд.

***

Вақте наменависам, одам нестам…

***

Дард ин ҷост, ки дардро наметавон ба касе баён кард.

***

Чун ишқ ҷой тиҳӣ кунад, тиҳигоҳи онро марг метавонад пур кунад ё нафрат ва баъзан ҳарду бо ҳам.

Маҳмуди ДАВЛАТОБОДӢ, Эрон

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо