Дар яке аз маҳфилҳо бонуи ҷавону ҷаззобу зебо аз Марк Твен пурсид:
–Дуруст аст, ки одамон аз маймун пайдо шудаанд?
–Бале,– посух дод ӯ.
–Ҳама, ҳатто ман?
– Оре, ҳама, аммо шумо аз беҳтаринаш.
***
Ҳангоми саёҳати Фаронса Марк Твен аз роҳбалади қатора хоҳиш намуд, ки ваќте ба Диҷон расиданд, ӯро аз хоб бедор кунад. Марк Твен бим дошт, ки ба ғафлат монда, истгоҳро убур мекунад, зеро қатора то Порис мерафт.
– Хоби ман бисёр сахт аст. Аз ин хотир, агар ман дар ғазаб шаваму садо баланд намоям ҳам, шумо таваҷҷуҳ накунед ва ҳатман маро бедор карда, аз қатора фуроред.
Замоне бедор шуд, ки қатора аллакай ба Порис расида буд ва ӯ инро дарк намуда, рафт, то адаби роҳбаладро диҳад.
– Ман ҳеҷ гоҳ мисли ҳозир чунин дар ғазаб набудам! – садо баланд кард Марк Твен.
– Ғазаби шумо дар муқоиса ба ғазаби он амрикоӣ, ки ман дар Диҷон ӯро аз қатора фуровардам, ҳеҷ аст, – посух дод роҳбалад.
***
Боре яке аз ошноёни нависанда як рӯйдоди аҷиби шунидаашро бозгӯ намуда, ба ин ки оё Марк Твен онро медонад, мароқ зоҳир кард. Нависанда дар посух гуфт, ки намедонад. Бо гузашти чанд вақт ҳамон шиносаш бори дигар аз нависанда пурсид, ки оё аз он қазия воқиф аст? Нависанда боз ҳам ҷавоби рад дод. Баъди он ки ҳамин саволро бори сеюм ӯ аз Марк Твен пурсид, нависанда дар посух гуфт: «Ман метавонам як маротиба дурӯғ гӯям, аз меҳрубонӣ метавонам бори дуюм дурӯғ гӯям, аммо акнун бояд воқеият ошкор шавад. Ман натанҳо ин қазияро шунидааму медонам, балки он бофтаи худи ман аст!»
***
Овардаанд, ки Марк Твен бонуеро ситоиш кард:
–Шумо хеле дилрабоед!.
Бону аз шумори мухлисони нависанда набуд. Гузашта аз ин, ӯ на зебо буду на рафтори накӯ дошт ва на ба таъриф меарзид.
– Мутаассифона, шуморо чунин баҳо дода наметавонам, – посух дод бону.
–Шумо чун ман амал кунед, яъне дурӯғ гӯед! – гуфт оромона Марк.
***
Чунин гӯянд, ки кадоме аз бонкдорон аз Марк Твен пурсид:
–Инро чӣ гуна фаҳмем? Чаро шумо (адибон) мағзи бисёру пули кам доред?
– Медонед, – посух дод нависанда, – табиат баробариро дӯст медорад. Мову шумо баробарем: шумо пули бисёр, аммо мағзи кам доред.
***
Лермонтов ба пурхӯрӣ иштиёқ дошт. Ошноёнаш дар бештари маврид ба ӯ писханд мезаданд ва шӯхӣ менамуданд. Як ҳолати бисёр аҷиб низ дар робита ба ин иттифоқ афтода, ки аз ин қарор аст: Дӯстони шоир аз ошпаз хоҳиш намуданд, ки хокаи чӯби бурида кулчақанд пазад ва шоир баъди сайри тӯлонӣ гурусна шуду чизеро пай набурда, ба хӯрдани онҳо шуруъ намуд, то даме ки дӯстонаш ӯро манъ карданд. Баъди ин ҳолат шоир танҳо дар хонааш хӯрок тановул мекард.
***
Гӯянд, ки нависандаи рус Иван Дмитриев боре ба хонаи волидайни Александр Пушкин омад. Александр он замон ҳанӯз кӯдак буд. Дмитриев тасмим гирифт, ки дар робита ба қиёфаи аҷиби кӯдак шӯхӣ намояд ва гуфт:
– “Чӣ араббачае!”
Набераи даҳсолаи Ганнибала худро гум накард ва дарҳол посух гуфт:
-“Аммо на чӯтур!”
Калонсолони ҳузурдошта аз ҳозирҷавобии Александр дар тааҷҷуб монданд ва хушњол шуданд. Воқеан ҳам, рӯйи нависанда чӯтур буд.
***
Гӯянд, ки Артур Конан Дойл ба таври шӯхӣ аз љињати обрӯю поквиҷдониашон 12 бонкдори машҳури Лондонро интихоб намуд ва ба унвони онҳо ба чунин мазмун барқия фиристод: «Ҳамааш рӯйи об баромад. Пинҳон шавед!». Рӯзи дигар ҳамон 12 бонкдор аз Лондон ғайб заданд. Ҳамаи онҳо омили фирори худро дар фаъолияти ҷиноятӣ ва амалкарди зидди ҷомеа донистанд, аммо кор аз ин ҳам ҷиддитар буд.
***
Ҳикоят мекунанд, ки боре барои гӯрондани мунаққиди машҳуре аз Дюма 5 франк пурсиданд. Ӯ гуфт:
– 10 франк гиред ва ду мунаққидро гӯронед.
***
Бонуе аз Бернард Шоу пурсид, ки чӣ гуна бояд навишт, то нависандаи хуб шавӣ? Шоу посух дод:
– Аз чап ба рост.
***
Овардаанд, ки Ҳуго ба хотири вафо ба аҳди додааш ва он иборат аз ин буд, ки дар муҳлати ишорашуда дар шартнома румони навашро навишта, ба ношир ироа медорад, як ҳисса аз мӯйи сару ришашро тарошида, қайчиро ба дур ҳаво дод. Бо ин то мӯяш баланд нашуд, ба кӯча набаромад. Китоб ҳам дар вақташ навишта шуду аз чоп ҳам баромад. Рӯзе Ҳуго ба хотири воқиф шудан аз вазъи савдои китоб ба ношир нома навишт ва дар нома ҳамагӣ як аломати «?»-ро гузошт. Чун ношир номаро во кард, бидуни истиҳола, бо ҳамон оҳанг, яъне гузоштани як аломати «!» ба Гюго посух гуфт…
Ҳаққи муаллифии нависанда 400 ҳазор фаранкро ташкил дод, ки имрӯз ҳам маблағи андак нест!
Тањияи Холис