25.4 C
Душанбе

Аз дафтари шоири муҳоҷир

Шеърро гар ба лавҳи дил мардум

Наканад чун шиор, зебо нест.

Рустам Ваҳҳобзода

***

Баҳри нон илтимос зебо нест,

Гадя чун ихтисос зебо нест.

Ҷанда мепӯшу пок дил медор,

Баддили хушлибос зебо нест.

Зеби мардон ҷасорати гург аст,

Рӯбаҳосо ҳарос зебо нест.

Миси худро тило нишон додан

Пеши гавҳаршинос зебо нест.

Илм бошад ҷиҳози хонаи умр

Хонаи бепалос зебо нест.

Айби кас бо далел бояд гуфт,

Таънаи беасос зебо нест.

Ҳар касе ҷойи хешро дорад,

Шоиронро қиёс зебо нест.

***

Зи боғи умр барги дилситонӣ бигзарад кам-кам,

Ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ бигзарад кам-кам.

Диле шодоб кун, гар ҳосиле аз зиндагӣ хоҳӣ,

Ки вақти кишту рӯзи обмонӣ бигзарад кам-кам.

Чу ҳоло навхате ҳастӣ, ба гулрӯён хате бинвис

Ки фардо фурсати дилномахонӣ бигзарад кам-кам.

Ғанимат дон ҷавониро, ки чун маҳтоби пушти абр

Яке бинмояду бо ноаёнӣ бигзарад кам-кам.

Бияндеш аз гузашти рӯзу соат, эй ту, хомандеш,

Ки рӯзу соати андешаронӣ бигзарад кам-кам.

Чу илҳомат шакаррез аст, бар он лабшакар, Тилло,

Бигӯ шеъре, ки ин шаккарфишонӣ бигзарад кам-кам.

***

Монд баъди сари ту ҳавлии танҳо, падарам,

Оҳ, бефайз шуда баъди ту дунё, падарам.

Рӯйи ҳавлӣ ҳама ҷо рӯйи туро меҷӯям,

Аз ягон ҷо нашавӣ лек ту пайдо, падарам.

Бо ту дар зиндагӣ аз мушкилае ҳарф набуд,

Бе ту шуд зиндагиям пур зи муаммо, падарам.

Баччагиям, ки фақат тарс зи гӯристон дошт,

Гӯр ҳам дар назарам баъди ту зебо, падарам.

Хокбӯсии ту оям зи ғарибӣ ҳар сол,

Во ғарибо, падарам, во падарам, во падарам!

ХАТО

Ин ҷаҳон хонаи киҳо бошад?

Доми кӣ, донаи киҳо бошад?

Сулҳ – бозичаи сиёсатҳо,

Ҷанг парвонаи* киҳо бошад?

Орзу дорам ин, ки аз фарҳанг

Гум шавад вожаи касифи «ҷанг».

Гум шавад марзу хандақу сангар,

Сари ҳар кӯдаке шавад аз санг.

Ками дунё зи беши ӯ беш аст,

Аз каму беш синаам реш аст.

Ман намегӯям аз ками модӣ,

Ки ба маънӣ муҳит дарвеш аст.

Огаҳам, зиндагонӣ осон нест

Чархи ӯ бе талош гардон нест.

Илм омӯхтан – гарон, аммо

Ҳеч моле чу илм арзон нест.

На сиёсӣ, на иртиҷоиям,

Шоири шеъри иҷтимоиям.

Ҳаст дороиям чу ганҷи сухан,

Манаму узри бематоиям.

Дастрас гарчи шеърҳои ман аст,

Шеъри ман дасти норасои ман аст.

Даст аз гуфтанаш набардорам,

Гарчи фоҳиштарин хатои ман аст.

***

Дидаам бас дӯстонро, дӯстхониҳо – дурӯғ,

Дӯстдориҳо фиребу дӯстгониҳо – дурӯғ.

Ғайри меҳри модарон меҳре набошад ростин,

Меҳрубон бисёр, аммо меҳрубониҳо – дурӯғ.

Дона андар хок кай ҳосил диҳад бе парвариш?

Кишт агар бе ҷӯя бошад, обмониҳо – дурӯғ.

Ишқ ояд, ҳар нафас аз чашм ахгар мепарад,

Чашм хомӯш аст агар, абрӯпарониҳо – дурӯғ.

Тарзи айёшӣ дигар, маънои авбошӣ дигар,

Эй ҷавонавбош, ин гуна ҷавониҳо – дурӯғ.

Арзише дорам агар, дар зиндагиям қадр кун,

Рӯйи қабрам баъди ман гулдастамониҳо – дурӯғ.

***

Он чи монда ёдгор аз рӯзгори динаам,

Як гули сурх аст аз ишқат даруни синаам.

Сад раҳ афтодам ба доми орзуи ҳиллагар,

Доманашро сар надод аммо дили бекинаам.

Ишқ як бор омада, як умр мемонад ба дил,

Мекашам ҳар сол то пирӣ ғами поринаам.

Аз баҳори ман чи мепурсӣ, зимистонзодаам,

Ҷуз гули барфе чӣ дорад хонаи ойинаам?

Кӯшиши тағйири табъи ман макун, эй зиндагӣ,

Ман ҳамон Тиллои пешин, ошиқи деринаам.

***

Эй Худо, ҳоло тавонамро нагир,

Зӯри бозуву миёнамро нагир.

Пир гуфтиву гирифтиям падар,

Модари доимҷавонамро нагир.

Аз ту як хоҳиш: каме таъхир кун,

Ман намегӯям, ки ҷонамро нагир.

Дар дилам ногуфтаҳо дорам басе,

Хомаам – яъне забонамро нагир.

Муҳлатам деҳ то ба ҳарфи охирин,

Охирин тири камонамро нагир.

Тохтан хоҳам ба майдони сухан,

Орзуи паҳлавонамро нагир.

Ҳусни хаттамро бигирӣ, розиям,

Шоирам, ҳусни баёнамро нагир.

***

Падарам чӯпон буд...

Озарахш

Падарам деҳқон буд,

Ҳар саҳаргоҳ савори хари бӯраш

Сӯйи саҳро мерафт.

Сабз мекард дарахтонро ӯ,

То савоби ҳамаи раҳгузаронро гирад.

Дона мекошт ба уммеду ҳавас,

То расад фоидааш бар ҳама кас.

Ман мусулмонӣ аз ӯ омӯхтам.

Падарам деҳқон буд,

Ҳар саҳаргоҳ каландаш дар китф

Сӯйи саҳро мерафт.

Ҳамчунон олими мактаб,

Ёд медод ба деҳқонбачагон

Тарзи сархат задани ҳар варақи ҷӯякро,

Зарбати сахт ва ё суст ва ё жарф ва ё рӯякро.

Ман аз ӯ, ростӣ, устод будан омӯхтам.

Падарам деҳқон буд,

Ҳар саҳаргаҳ ба ду чашми хӯрҷин

Модарам тӯшаи якрӯзаи ӯро мемонд.

Падарам боғе дошт,

Ки саропо гули ҳаррангаву зебояш буд.

Ҳар замон пинҳонӣ

Ба ду чашми хӯрҷин

Гули зебо мемонд…

Бахудо, шеваи румонтик аз ӯ омӯхтам.

Падарам деҳқон буд,

Ҳар саҳаргоҳ ба саҳро мерафт,

Боз бегоҳ суйи кулбаи худ бармегашт.

Лек чандест, ки баргашта намеояд боз.

Ҳой мардум!

Падарамро дидед?

Аз ҳамон рӯз, ки гум шуд падарам,

Хонаи мо пури меҳмон шудааст.

Дина муллои маҳалла ба ҳама кард эълон,

Ки фалонӣ (падари ман яъне)

Рахт барбаст ба саҳрои адам.

Ҳой мардум!

Зи шумо ҳеч касе роҳ ба саҳрои адам медонад?

Бинамоед раҳашро, ки падарро ёбам,

Бесаранҷом шудам, соҳиби сарро ёбам.

Ҳой мардум!

Падарамро дидед?…

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

Кишвари гурдҳо – Тоҷикистон, ба пеш!

Мулки гардунливо – Тоҷикистон, ба пеш!

То сари қуллаҳо гом зан устувор,

Бол зан, пар кушо, Тоҷикистон, ба пеш!

Пеш рав, пеш дав, то шавӣ пешсаф,

Дар ҳама Осиё, Тоҷикистон, ба пеш!

Ҳафт пушти ту, ки паҳлавонзода аст,

Рустамона биё, Тоҷикистон, ба пеш!

Қаҳрамонони миллат дуогӯйи мо,

Шукри дасти дуо, Тоҷикистон, ба пеш!

Ростӣ, хам макун сар ба пеши касе,

Пуштибонат Худо, Тоҷикистон, ба пеш!

Баҳри тақлид не, баҳри тавҳид гӯ

Ҳамраҳи Пешво: «Тоҷикистон, ба пеш!»

Тоҷикона бигӯ: Тоҷикистон, ба пеш!

Тоҷикона саро: Тоҷикистон, ба пеш!

Тоҷикистони ту, Тоҷикистони ман,

Тоҷикистони мо, Тоҷикистон, ба пеш!

*Парвона-фармон

Нусратулло БОБОЕВ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо