25.4 C
Душанбе

Аз дафтари ғазал

Ройгон мебахшамат гулҳои оҳам, мебарӣ?

Хӯшаҳои ашк дорам дар нигоҳам, мебарӣ?

Гуфта будӣ, себ мехоҳам, вале арзону муфт,

Ин дили афтодаро аз рӯи роҳам мебарӣ?

Бонувонро навҷавонӣ медиҳад, аз қавми шеър

Юсуфи гумгаштае дорам ба чоҳам, мебарӣ?

Гар ба гесӯят бимолӣ, медиҳад бӯи ғазал,

Шишае аз ранги шабҳои сиёҳам мебарӣ?

Рафтани ту аз бисотам рафтани лабхандҳост,

Раҳм кун, лабхандҳои гоҳ-гоҳам мебарӣ?

Зулфиқори дасти ушшоқ аст шеъри шоирон,

Бар дифои ишқ рафтӣ, ин силоҳам мебарӣ?!

***

Оқибат парвози моро осмон аз ёд бурд,

Достоне доштем, он достонро бод бурд.

Мехи мижгон, теғи дандон… Зиндагӣ монанди дузд

Ҳарчи зебо дид дар девори тан, бикшод, бурд.

Ишқ беосеб бигзашт аз падофанди хирад,

Обрӯи лашкари тадбир ин паҳбод бурд.

Бар хазон гуфтам: Ҳама зар гаштаӣ, андӯҳ чист?

Гуфт: Зар додам ҷаҳон, аммо сиришти шод бурд.

Ҳар ки ҳар ҷо рафт, ваҷҳе дошт баҳри рафтанаш,

Шоиронро низ ҳар сӯ нози истеъдод бурд.

Куртаи “гулбаст”-и модар дидаам дар лолазор,

Метавон аз ёд оё решаву бунёд бурд?

Ҳар қадар кӯшид, коре барнаомад аз хирад,

Ишқ моро ҷониби пайроҳаи эҷод бурд.

***

Бояд ғазали хубии фарҳанг нависем,

Дар ҷанг чӣ хубист, ки аз ҷанг нависем?!

Лаб банд зи Темур, ки шоиста набошад

Бо табъи даванд аз сафари ланг нависем.

Мо аҳли вафоем, надонем ҷафоро,

Фарҳод бихонем, агар санг нависем.

Пажмурдагии сурати дил чист? Биёед,

Аз бӯса, аз ин душмани ожанг нависем.

Сарсабз шавад ҳар чамани зард, агар мо

Дар барги нигаҳ қиссаи “Аржанг” нависем.

То ишқ намонад ба дили панҷара сокит,

Борон, ки бигаштем, аз оҳанг нависем.

Парвоз чу дар ҷуръати мо нест, чӣ гӯям?

Пайваста дурӯғ аз қафаси танг нависем!

***

Дар саҳифаи пойиз қудрати хиёли кист?

Матн дилкаш аст, аммо кас нагуфт моли кист.

Дӯш олами ҳусну ҳолиё намоди ҳузн,

Барг зери пои мо бозгӯйи ҳоли кист?

Май дигар намеҷӯшад дар рагаш ба ҷои хун,

Панҷаҳои хушки ток шарҳи синну соли кист?

Гар на осмон гиряд баҳри куштаҳои хеш,

Нам-наме, ки мерезад, ашки инфиоли кист?

Марг мушкил аст оё? Ҳамчу гул ба он дунё

Ханда кардану рафтан посухи суоли кист?

***

Бевафо, ҳоло, ки рафтӣ, шӯру ҳоламро бидеҳ,

Умри ман сарфи ту шуд, он моҳу соламро бидеҳ.

Дил агар мол аст, қозӣ байни ошиқҳо Худост,

Шарм кун назди Худо, баргарду моламро бидеҳ.

Мезанам раҳгум миёни бешаи ғамҳои худ,

Он Ҷанубу Ғарбу он Шарқу Шимоламро бидеҳ.

Бениёзи мекунӣ, ин қадр агар ворастаӣ,

Аз чӣ бо худ мебарӣ? Ҳушу хаёламро бидеҳ.

Кафтаре будам, ки санги таънаат болам шикаст,

Ҷумла дороии ман бол аст, боламро бидеҳ.

Мисли ман шояд ту меёбӣ, вале чун ишқи худ

Ман нахоҳам ёфт, ишқи бемисоламро бидеҳ.

Ройгон нест ин ғазал, бошад баҳояш: Офарин!

Ҷайби лабро боз кун, ҳаққи ҳалоламро бидеҳ.

***

Фарёд аз сукути шаби бечароғи мо,

Эй кош, нури ишқ бигирад суроғи мо.

Бе суд дарси мадрасаи гул бувад, агар

Бӯе намебарад зи муҳаббат димоғи мо.

Аз бозмондаҳои ҳавасҳову орзу

Осорхонаест дили доғ — доғи мо.

Даҳ шамъи равшан аст даҳ ангушти ман зи таб,

Аз тирагӣ матарс, биё шаб ба боғи мо.

Абрӯ гувоҳ, шом бадал мешавад ба субҳ,

Бингар, пари сафед баровард зоғи мо.

Ҷуз ҷоми изтироб нанӯшам ба базми шеър,

Ҷон кандан аст номи дурусти фароғи мо.

***

Сулҳро нахоҳӣ дид, гар зи ҷанг метарсӣ,

Сахттар шавад зарбаш, гар зи санг метарсӣ.

Шарҳи рӯзгоратро хандадор мебинам,

Аз туфанг метарсӣ, бе туфанг метарсӣ.

Бо шино гузаштам ман мавҷро, вале бар ту

Гар биёварам киштӣ, аз наҳанг метарсӣ.

Бешаро ба кафторон вогузор, агар бо худ

Шерро намехоҳӣ, аз паланг метарсӣ.

Эй мудом пуркида, зиндагии берангат

Ранг чун ба худ гирад, гар зи ранг метарсӣ.

Май нахӯрданат бо мо аз камии сидқи туст,

Ҳарфи шаръро бигзор, аз шаранг метарсӣ.

***

Меситезад рағми нодониву хоб омӯзгор,

Ҳаст, бешак, аз табори офтоб омӯзгор.

Дона-дона хишти кохи умри моро чидааст

Аз фазилат, аз муҳаббат, аз савоб омӯзгор.

Сохтанро менишонад ҷои ҳарфи сӯхтан,

Мекашад маънии нав аз инқилоб омӯзгор.

Субҳгоҳон то барад сайри «Гулистон» кӯдакон,

Мекунад шаб матни зебо интихоб омӯзгор.

Ҳар хати ожанги рӯяш ҳаст сатри ҳикмате,

Дорад аз авроқи рӯи худ китоб омӯзгор.

Гуфт ҷарроҳе, надидам қалбро дар синааш,

Кардааст онро барои халқ об омӯзгор.

Тарҳ гардад гар саволе: Фарди фардосоз кист?

Мешавад аз матни он боло ҷавоб: Омӯзгор!

ВАТАН

Он яке гуфт: Ватангӯйӣ бас!

То ба кай ин ҳама бо меҳр сухан?

Чӣ бидидам зи Ватан, бинмоед

Ин муаммои мураккаб равшан.

Гуфтамаш: Ҷони бародар, додаст

Ватанат баҳри ту ин дашту даман,

Ки дар он мисли ватандори асил

Ҳама ҷо сабз кунӣ боғу чаман.

Ватанат дода ба ту фарҳанге,

Ки Таҳамтан шавию Рӯинтан.

Бикушӣ аждари нопок чу Сом,

Гургро сар бизанӣ чун Бежан.

На чу Заҳҳок шавӣ, роҳ диҳӣ

Ба дилат васвасаи Оҳарман,

Ки аз ин васаваса мерӯяд мор,

Бификан, мор зи дӯшат бификан!

Метавон ёфт агар пораи нон,

Метавон ёфт агар хонаву зан,

Модарат рафт, наёбӣ модар,

Меҳанат рафт, наёбӣ меҳан.

Эй бародар, зи Ватан даст макаш,

Зар бирезанд гарат бар доман.

Гавҳари додаи Яздон Ватан аст,

Гавҳари додаи Яздон машикан!

Ҷои баҳсе, ки чӣ дидам аз ӯ,

Ҷои даъвӣ, ки чӣ додаст ба ман?

Пурс аз худ, ки чӣ хидмат кардӣ,

Дар ҳама умр чӣ додӣ ба ватан?!

АЗ РУБОИҲО

Омодаи кори ҷанг шав, ойина,

Ҷо дар бағали туфанг шав, ойина.

Аз санг бурун омаданат буд ғалат,

Баргард, дубора санг шав, ойина!

Санге, ки канори рӯди кӯҳӣ хоб аст,

Аз нолаи рӯд дидааш пуроб аст.

Ҳикмат дорад хамӯшии рӯд ба шаҳр,

Дар шаҳр каси дардшунав ноёб аст.

З-ин ғусса, ки шамъ зарбат аз бод бихӯрд,

Парвона ҳазор оҳ дар сина бимурд.

Фарёд зи бекасӣ, ки бо он ҳама таб

Кас даст ба пешонии хуршед набурд.

ОЗАР

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо