ЗАХМИ СӮЗАН
Хобамон дар хурдсолӣ шаб чу мебурд,
Шӯълавартар лампа меафрӯхт модар.
Дарзҳои кандаи пӯшоки моро
Дар сари зонуи худ медӯхт модар.
Захми сӯзан дошт сӯзон панҷаи ӯ,
Доғ-доғ аз рӯзгори бесаришта.
Кас куҷо сарриштаи дунёи дун ёфт!
Мечакид аз дидааш ашки фаришта.
Риштаи меҳраш ба сӯзан мекашид ӯ,
То занад кӯке ба чоки ҷомаи ман.
Дарбеҳ аз лахти ҷигар мекард гӯё
Ҷайби сӯрохи пур аз ҳангомаи ман.
Гаҳ дарозу гоҳ кӯтоҳ аз калоба
Риштаи сӯзан ба дандон сода меканд.
Риштаи умри худи ӯро ҳам охир
Канд бо дандон ҷаҳони банд дар банд.
Вой, дигар шишаи ҷонам тарак хӯрд
Дар чароғи ёди нурафшони модар!
Вой, дигар сих-сих аз мотами ӯ
Дар дили ман монд сӯзандони модар!
ДЕҲИ БОНУӢ
Монда бемардина деҳ дар соясори кӯҳ,
Бомдодаш равшан аз бонги хурӯсонаш.
Ҷомаи домодии шаҳмарди дури хеш
Ҷон ба ҷон пӯшидаанд акнун арӯсонаш.
Подабонӣ мекунанд, оваҳ, занони деҳ,
Аз паси бузғолаву гӯсола саргардон.
Мекананд оби равон як-ду каланд аз ҷӯй,
Мекунанд аз пушта сӯи кишта баргардон.
Деҳи бонуӣ чу деҳистони минуӣ
Сабзбун аз хуррамии тутиву токӣ.
Дорад аз боғи дилаш як остин некӣ,
Дорад аз обу гилаш як остон покӣ.
Бонувон бар дӯш ҳезум мекашанд аз кӯҳ,
То намирад лахчае ҳаргиз алови деҳ.
Гармии дидорашон дар нони гарми Ғарм,
Чун алови дил таги деги палови деҳ.
Модари гаҳворабони деҳ ба тобу таб
Шаб дуо мебахшад арвоҳи бузургонро.
Рост гирад милтиқи сайёдии шавҳар,
Бишнавад аз бод агар уллоси гургонро…
Боми гардун мечакад аз боми деҳ охир
Як-як аз пориса шорад чакраборонаш.
Мекунад гӯё, ки деҳ тасбеҳгардонӣ
Рӯ ба роҳи бозгашти мардикоронаш!
ПИРАЗАНИ РУСТО
Пиразан бе илми донишгоҳии тиб,
Ростӣ, дорад табобат рустое.
Дуд меандозад ӯ гӯё сипандаш
Дар саросар сарзамини Осиёӣ.
Коми фарзандони деҳ бардоштаст ӯ,
Монда гармии дилаш аз дастмолаш.
Дар бари гаҳвораи дунё расида
Ҳар киро аз остини ӯ шамолаш.
Мешуморад набзи мардумро ба ангушт,
Мениҳад каф бар таби пешонии кас.
Мепарад чашме агар, ӯ менишонад
Пилку милки он ба вазни як пари хас.
Дар сари бемор чун теморхораш
Эҳтиёташ дорад аз гармохунук ӯ.
Дида ранги зарду сурхии забонаш
Ҳамчу маъҷун орадаш оши тунук ӯ.
Бомдод ояд саломи чашмаи деҳ,
Чашми худро мекунад равшан ба обаш.
Барги зуф як панҷа мечинад сари кӯҳ,
Медиҳад дар тахтасанге офтобаш.
Меканад як теша ангат аз буни шах,
Мепазад аз решаи он марҳами реш.
Тозаву тар аз гулу хори куҳистон
Ҷӯяд ӯ дармон ба дарди мардуми хеш…
Кас намепурсад вале дарди худи ӯ,
Панҷааш дар остин ларзон паноҳӣ.
То қадам дар остони деҳ занад боз,
Мекунад хуршед бедораш пагоҳӣ.
ФИҒОНИ ВОПАСИН
Дар кати сахти ғарибӣ шаб, тамоми шаб
Худ ба худ бехуд сухан мегуфт Лоҳутӣ.
Хоҳари беморбон аммо намефаҳмид,
Вожае аз форсии нарми моҳутӣ.[1]
Кас намедонад дигар, аз таб тамоми шаб
Ӯ чиҳо мегуфт айни назъи ҷон айнан?
Зор зери лаб фиғон шояд, ки пазмон дошт:
– Ҳой меҳан, вой меҳан, меҳан, эй меҳан!
[1] Моҳут – газвори пашмини паташ маҳин.