Дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки дар гуфтору навиштори адабӣ ва матбуотӣ шумори зиёде аз нависандагон ва сухангӯён калимаи арабии “анқариб”-ро ба маънои “тақрибан”, “тахминан” ба кор мебаранд. Масалан, “Шумораи донишҷӯёни ин донишгоҳ анқариб чор ҳазор нафар аст”; “Дар соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолоти корхона анқариб 20 дарсад афзоиш ёфтааст”. Ҳатто баъзан хабарнависон ин калимаро, ки ба назарашон зоҳиран “тозатар ва таъсирбахштар” расидааст, ба маънои наздикии маконӣ ҳам истифода кардаанд. Мисол: “Дафтари кори онҳо анқариби Донишгоҳи тиббӣ воқеъ гардидааст”. Дар асл “анқариб” (вожаи арабӣ) мураккаб аз пешванди арабии “ъан” ва решаи “қариб”, маънои зарфи замонии ба зудӣ, ба наздикиро ҳамроҳ бо ирода кардани ҳатмӣ будани натиҷае, рухдоде мерасонад. Бештар дар матнҳое ба кор меравад, ки дар муқаддима гӯянда ҳолатеро зикр мекунад ва нисбат ба пайомади ногузири мантиқии он ҳушдор медиҳад. Ин маънӣ, масалан, дар ин абёти Саъдӣ ба таври барҷаста ошкор аст:
Ба эътимоди вафо нақди умр сарф макун,
Ки анқариб ту безар шавию ӯ безор.
Ҳамчунин аз шоирони муосир дар ин байти Лоиқ Шералӣ бамавқеъ омадааст:
Анқариб аст шавад туъмаи мор
Писари ҳаждаҳуми Кова ҳанӯз.
АРЗИ ВУҶУД ДОРАД — ВУҶУД ДОРАД
Дар ибораи “арзи вуҷуд дорад”, ки ин рӯзҳо пуристифода шудааст, калимаи “арз” барзиёд ва нозарур аст. Дар забон он чи барзиёд аст ва вазифаи хосеро анҷом намедиҳад, ғалат ва ғалатсоз аст. Маълум аст, ки ин ибораи пайдошуда дар солҳои охир аз таъсири ибораи дигари мушобеҳи он, ки худ саҳеҳ аст, ба вуҷуд омадааст, яъне аз “арзи вуҷуд кард”. “Арзи вуҷуд кард” дар мавриде гуфта мешавад, ки чизе, падидае дар замони мушаххасе ҳузур ва вуҷуди худро маълум сохта бошад, чун “арз” ба ибтидо ишорат мекунад. Масалан: “Ҳамон замон буд, ки дар мамлакат чандин корхонаи нав арзи вуҷуд кард”. Аммо баъдан дар тӯли солҳо иттилоъ аз ҳузури ин корхонаҳо бо ибораи “вуҷуд доштан” ба тамому камол баён мешавад. Ин ҷо дигар “арз” зиёдист. Магар ин ки онҳо ҳар моҳу сол аз нав “вуҷуди” худро арз кунанд, ки ин мантиқӣ нест. Пас дурусти ин ҷумла ва умуман, ҷумлаҳои мушобеҳ ба ин чунин мешавад: “Дар ин шаҳр чандин корхона вуҷуд дорад (ё “мавҷуд аст”).
Рустам ВАҲҲОБЗОДА