6.1 C
Душанбе

АНҶУМАНИ ЗАБОНШИНОСОНИ ДАВЛАТҲОИ ҲАМЗАБОН

Имсол дар кишвари мо бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад, ки аз 15 то 18-уми ноябр давом мекунад. Дар он пажуҳишгарони давлатҳое, ки ба таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, ширкат меварзанд. Имрӯз забони тоҷикӣ забони модарии миллионҳо сокини кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, зеро тоҷикон аз қадим дар ин минтақаҳо низ зиндагонӣ доранд. «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, пешрафти босуботи ин забонро ҳамчун забони дорои мақоми давлатӣ таъмин менамояд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо