6.1 C
Душанбе

«АДАБИЁТ ВА САНЪАТ»: БА ДУНБОЛИ СУННАТҲО, ВАЛЕ БО НАВОВАРИҲО…

(Бардошт аз ҷаласаи ҷамъбастии нашрия)

Суннати дерин аст, ки нашрияҳои Иттифоқи нависандагон – “Садои Шарқ” ва “Адабиёт ва санъат” дар оғози ҳар соли нав бо ҷалби мутахассисон ва донишмандони адабиёт, публитсистика ва ҳунар кори яксолаи хешро ба таҳлил мегиранд. Банда аз замоне, ки бо ин иттиҳодия ва ин нашрияҳо ҳамкорӣ менамоям, ин суннатро дар ёд дорам. Имсол ҳам дар санаи 28-уми январ чунин ҷаласа баргузор шуд, аммо бо дигаргуниҳо… Навгониаш ҳамин буд, ки ҳама сардабирони пешинаи ин нашрия даъват шуданд, аз шуъба ё раёсати санъатшиносии АМИТ профессор Аслиддин Низомов, меҳмонон ва муаллифони фаъол аз маҳалҳо ё шаҳрҳои дур аз марказ… Дигар навӣ ҳамин буд, ки сардабири нашрия Абдуллоҳи Раҳнамо беҳтарин муаллифони мақолаҳои соли гузашта ва сардабирони пешин ва инчунин онҳоеро, ки матолиби яксоларо таҳлилу хулоса намуданд, бо сипосномаҳо тақдир кард. Ва эълон дошт, ки ҳаққи қалами муаллифон дучанд хоҳад шуд. Обунаи нашрия, аз он хабаре, ки шунидам, ба 12000 расидааст. Ин далел гувоҳи он аст, ки нашрия илоҷи бештар раҳ ёфтан ба қишрҳои гуногуни ҷомеаро меҷӯяд, бо муассисаву сохторҳои фарҳангиву иҷтимоӣ тамос мегирад. Албатта, вақте мо, ки миллати фарҳангӣ ҳастем ва таърихи тамаддунамон панҷҳазорсола аст, боистӣ рақами обуна ҳадди ақал ба 100 000 расида бошад. Аз 11 миллион аҳолӣ, ҳеҷ имкон надорад, ки сад ҳазор ё 1%-и он бо нашрияи адабу фарҳанг пайванд набошанд… Соли гузашта, агарчи сардабир ва ҳайати таҳрир дигар буд, дар тафо вут аз пешинаҳо муҳтаво ва сифати нашрия хеле тағйир ёфт: саҳифаи вижае ҷиҳати таблиғи адабиёт барои кӯдакон таъсис шуд, миқдори матоли би марбут ба нақди адабӣ афзун гар дид, масъалаҳои нави доғ, аз ҷумла сабабу омилҳои коҳиш ёфтани ҳунари овозхонӣ ва умуман фарҳанги суруду мусиқӣ, роҳҳои пешгирии ғалаткориҳо дар нашри китобҳои адабии таълимӣ ва куллиёту маҷмуаҳо, ташкили баҳ су баррасиҳо дар мавзуоти мубрами адабиёт, аз ҷумла бурду бохти навъи ғазал, таназзули анвои драматургияи миллӣ ва чанде дигар… Дастаи эҷодии сармуҳаррири нав Абдуллоҳи Раҳнамо беш аз ду моҳ сари кор аст. Дар ин муддати кӯтоҳ ҳам нашрия хеле тағйир ёфт: агар қаблан мақолаҳои муҳим, вале ан дак дароз аз як сафҳаи нашрия беш чоп намешуданд, ҳоло ин кор нест. Як ҷиҳати хуби ин даста ҳамин аст, ки шуъбаи фарҳангро дар нашрия фаъолтар сохтанд ва инъикоси масъ алаҳои фаъолияти театрҳо, вазъи операву балет ва дигар анвои вижаи ҳунар, манзаранигориву муҷассама созӣ, синамои миллӣ, навгониҳои соҳаҳои табъу нашр, фарҳанги саро яндагӣ ва ғайра хеле беҳтар гардид. Дар музокира олими номвари ҳунаршинос Аслиддини Низом аз масъалаҳое сухан гуфт, ки ҳаллу фасли онҳо мавзуи як навиштори бу зургҳаҷм аст: мавриди баррасӣ қарор додани чандин қарори ҳукумати ки швар дар соҳаи фарҳанг аз набудани озмоишгоҳи созҳои мусиқӣ то диққат додан ба он, ки мардум дар тӯю сур чӣ сурудҳое гӯш мекунанд… Як олам масъала… Хуб, баргардем ба маҳфиле, ки дар он маводи яксолаи нашрия таҳлил шуд (назм аз ҷониби Камол Насрулло, публитсистика ё насрииҷтимоӣ аз ҷониби Мурод Муродӣ, ҳаҷв аз ҷониби Абдуррауфи Муродӣ ва нақди адабӣ аз ҷониби банда). Мутаассифона, бо сабабҳое насри бадеӣ баррасӣ нашуд, аммо Равшани Махсумзод ишораҳое аз бурду бохти ин соҳа кард. Бино ба маҳдуд будани вақти таҳлил муҳаққиқон ба муҳимтарин масъалаҳои мавриди назарашон дахл намуданд, ҳол он ки гуфтаниву пурсуҷӯву хулосаҳо зиёд буданд: масалан, банда феҳрасти он мақо лаҳоеро тартиб додам, ки ба нақди адабӣ (ба маънои томаш) ва чизҳое шабеҳ ба нақд (навиштори умумӣ, шиносоии асар аз нигоҳи таъсир ба ҷомеа ва ё зикри танҳо ҷиҳатҳои хуби асари бадеӣ, як навъ номгӯйи абёти писанди муаллиф аз осори шоире ва зикри хубиҳои онҳо, навиштаҳое омехта аз китобиёт, мақолаву тақриз ва ғайра) тааллуқ доштанд. Акнун андаке тасаввур лозим, ки таҳқиқи инҳо чӣ миқдор вақтро хоҳад гирифт. Фикр мекунам, ки дигар таҳлил гарон низ ҳамин мушкилро доштанд. Аз ин хотир, бисёр хуб мешуд, ки ҳар соҳаеро алоҳида (дар ҷаласаҳои алоҳида бо ширкати худи муаллифон ва муҳаққиқон) ба таҳқиқ гирифтан, бурду бохти ҳамон соҳаи адабро ҳамаҷониба ошкор кардан ва аз ҳама муҳим – тамоюли рушди онро мушаххас намудан мебояд. Гумон намекунам, ки ҷалби як таҳлилгар (ва аз ҷониби ӯ мутолиа шудани яксола маводи адабӣ (назму наср ва нақди адабӣ ё публитсистика, ки вақт, ҳав сала ва энерҷии зиёдеро мегирад) танҳо барои иҷрои нақша ё “тадбир ба хотири тадбир” бошад. Агар ин тавр нест, пас бояд ин фурсати бар расиҳоро ба хотири рушди адабиёт истифода бурд. Метавон моҳи аввали соли навро ба чаҳор ҳафта тақсим карда, ҳар ҳафта яке аз он соҳаҳои чаҳорго наро ба баррасиҳо кашид. Ҳафтаи аввал – публитсистика, ҳафтаи дувум – назм, ҳафтаи севум – нақд ва ҳафтаи чаҳорум ҳаҷву драма ва дигар масоили мубрами фарҳангӣ… Чӣ бок, агар ба ҷойи як ҷаласаи умумӣ (ҳарчанд чунин ҷаласаҳо то се соат идома мекунанд) чаҳор ҳамоиши пургуфтугӯ ба хотири посух ба суоли “адабиёт дар чӣ ҳол аст ва мо куҷо равонаем?” баргузор шаванд. Бовар дорам, ки натиҷаашон наку хоҳад буд. Шеъру анвои гуногуни насри бадеӣ ва драмаҳо дерӣ надоранд, аммо барои нақди адабӣ “Адабиёт ва санъат” минбари аз ҳама муҳим аст. Чаро? Чунки як хосияти нақди адабӣ фаврият аст, ноқидони сухан боистӣ ҳар асари тозанашрро оҷилан таҳлил карда, ҳусну қубҳашро ошкор намоянд. Албатта, масъалаҳои муҳимме, ки дар он ҷаласа гуфта нашуданд, аммо гуфтанашон бисёр зарур аст, зиёданд. Масалан, зери боми нашрия ташкил кардани мизҳои гирд дар мавзуъҳи нақди адабӣ, ба роҳ мон дани адабиётшиносии таҳсилотӣ, ки ҷомеа ба он ниёзи сахт дорад, таъ сиси гӯшаҳои вижа барои назариёти насру шеъру драма, ташкили озмунҳо барои навиштори хуб аз соҳаҳои гу ногуни адабиёт ва фарҳанг, ташкил намудани гӯшае бо унвони “Нуқтаи назари нависанда ё шоир”, ки ин ё он муҳаққиқ муҳимтарин андешаҳои хешро ошкор гуфта тавонад, ба роҳ мондани таҳқиқот дар чаҳорчӯби “моделҳои шахсиятӣ” ва ғайра ба манфиати ҳам адабиёт ва ҳам мухлисони он хоҳад буд.

ҲАФИЗ РАҲМОН

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо