Шоир ва рӯзноманигори хушсалиқаи тоҷики муқими Ӯзбекистон Абдулло Субҳон ба синни мубораки 70 расид. Ба ин муносибат мусоҳибае бо ӯ пешкаши хонандагон мегардад.
– Баъзеҳо шеъргӯйиро аз овони кӯдакӣ оғоз намудаанд, бархе дар ҷавонию миёнсолӣ, иддае дар пиронсолӣ. Шумо кай ба шеъргӯйӣ шуруъ кардед?
– Барои худнамоӣ намегӯям, ки аз модар шоир таваллуд шудаам ё аз кӯдакӣ ба гуфтани шеър шуруъ кардаам. Вақте дар синфи нуҳ мехондам, ду дафтари “шеър” доштам. Боре ҳампартаам, магар аз “шеър”-нависиям паю бӯй бурдааст, маро ба муаллими адабиёт “фурӯхт”. Устод дафтари “шеърҳо”-ямро иҷборӣ гирифт. Ва рӯзи дигар бо меҳрубонӣ, то ҷое медонист, ҳусну қубҳи шеъргунаҳоямро намуд. Гуфт: “Шеърнависиро давом деҳ, шеърҳои Рӯдакӣ низ дар қадамҳои аввал дар ин поя будаанд”. Намедонистам, ки шеърҳои овони наврасии Рӯдакӣ дар кадом поя буданд, вале суханони устод маро ба гуфтани шеър дилгарм сохтанд.
Вақте донишҷӯйи бахши филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд гардидам, то ҷое ба фарқи шеъри хубу нохуб рафтам. Дарк кардам, ки машқҳои овони наврасиям шеър набудаанд. Зимистоне он дафтарҳои машқро ба модарам барои пешдаргиронӣ додам. Шеъргунаҳо сӯхтанд, вале оташи ишқи шеъргӯӣ дар дилам намурд. Имрӯз низ, фикр мекунам, машқҳоям ба таҳриру такмил ниёз доранд…
– Шумо дар нахустин Ҳамоиши байналхалқии шеъри муосири Эрон ширкат ҷустаед. Дар ин хусус чӣ гуфтаниҳое доред?
– Соли 2004 дар Эрон нахустин Ҳамоиши байналхалқии шеъри муосири форсӣ баргузор шуду мо се тан – камина, шоирон Асадулло Исмоилзода ва Дилшоди Фарҳодзод аз ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар он ба ҳайси намоянда ширкат ҷустем. Шеърхонӣ дар ҳузури заршиносони сухан, зиёрати қабрҳои шоирони бузурги форсу тоҷик Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ва шоири бузурги муосири Эрон Суҳроби Сипеҳрӣ насибамон гардид.
Аз шеърхонӣ дар ҳузури донишҷӯёни эронӣ хушам омад, зеро онҳо, дар муқоиса ба донишҷӯёни мо, тавони ворид шудан ба образҳои шеърӣ ва мазомини шеърро доштанд…
– Дар тӯли солҳои истиқлол метавон гуфт, ки дар кишварамон ҳавзаи адабие бо номи ҳавзаи адабиёти тоҷик ташаккул ёфт. Назари шуморо ба ин ҳавза донистан мехостем.
– Бале, фикр мекунам, дар ташаккули ин ҳавза саҳми мактабҳои тоҷикӣ, гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таълими олӣ, рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Овози Самарқанд”, “Ховар”, “Дурдонаи Шарқ” назаррас аст.
Ҳавзаи адабиёти тоҷики Ӯзбекистонро бе маҳсули хомаи адибони саршиносу ҷавон Болта Ортиқзода, Салим Кенҷа, Ҷонибек Қувноқ, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҳадя Раҷабова, Аминҷон Шукуров, Нор Остонзода, Адаш Истад, Ҳамроқул Даврон, Акбар Пирӯзӣ, Маҳбуба Неъматзода, Бекназар Тӯйназаров, Ҳамробой Илҳом, Нормурод Каримзода, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Абдураҳим Беҳбуд, Бахтиёри Ҷумъа, Маҳбуба Турсунова, Солеҳ Саидмуродов, Нодир Нодирӣ, Сулаймони Хоҷаназар, Холбойи Ҷалил, Абдулло Раҳмон, Паймон, Муҳаммад Шодӣ, Раҳимбердӣ Тошматов, Неъмати Суннатулло, Юнуси Имомназар, Шарифи Халил, Файз Маҳмуд, Ҷаъфар Муҳаммад, Асадулло Шукуров, Хоҷа, Дилшоди Фарҳодзод, Парисо, Хусрави Саъдулло, Ӯғулой Ҷӯрабоева, Садриддин Ҳушёрӣ, Шодӣ Карим, Фозили Шукурзод, Тӯхтамиш Боқӣ, Илҳоми Насафӣ ва дигарон пеши назар наметавон овард.
Шояд осори на ҳамаи ин номбаршудагон мондагор аст. Вале мисли ин, ки бо як гул баҳор намешавад, бо ду-се адиб ҳавза нест, адабиёт нест.
Муҷиби шукргузорист, ки ба хотири рушди адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Шӯрои адабиёти тоҷик ва дар назди шуъбаи вилоятии он дар Самарқанд бахши тоҷикӣ таъсис дода шуд…
Вале бояд гуфт, ки вазъи гурӯҳҳои тоҷикӣ дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ нигаронкунанда аст. Бо сабабҳои гуногун гурӯҳҳои тоҷикӣ сол то сол кам мешаванд. Решаи дарахт бурида шавад, шоху баргаш нумуъ намекунад. Ин мабод, ки рӯзе дар ин ҳавза нашрияҳо ва осори адибони тоҷик бе хонанда монанд…
Таҷрибаи аҳди шӯравӣ нишон медиҳад, ки дар нимаи аввали садаи ХХ дар ташаккули адабиёт ва фарҳанги навини тоҷик дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии устод Айнӣ, адибону фарҳангиёни бухороию самарқандӣ ва дигар манотиқи Ӯзбекистон саҳми назаррас гузоштаанд. Фикр мекунам, имрӯз низ ин зарфият дар кишвари мо ҳаст, яъне шоиру нависанда ва фарҳангиёни тоҷики Ӯзбекистон метавонанд ба рушди забон, адабиёт ва фарҳанги давраи истиқлоли кишвар беш аз пеш саҳм гузоранд…
– Табиист, ки инсон дар тӯли умр на ба ҳамаи орзуҳояш расида метавонад. Шумо оё ба ҳамаи орзуҳоятон расидаед?
– Умре бо орзуи гуфтани шеъри баланд тапидам. Мегӯянд, ки шоир шеъри хубашро дар гӯр мегӯяд. Шояд ба инҷониб низ навиштани шеъри хуб дар гӯр муяссар мегардад:
Пайи Ҳофиз, пайи Хайём рафтем,
Ба дасте хома, дасте ҷом рафтем.
Вале як байти хотирмон нагуфтем,
Зи дунёи сухан ноком рафтем…
– Баъзан шумо дар навиштаҳоятон аз паст будани сифати таълими фанҳои забон ва адабиёт сухан ба миён меоваред. Мактабҳо фаъолият доранд, омӯзгорон маош, хонандагон баъди хатми мактаб номаи камол мегиранд. Вале шумо мегӯед, ки сифати таълими фанҳои забон ва адабиёт паст аст…
– Шумо мехоҳед, ки гуфтаҳоямро собит намоям. Фикр мекунам, ки изофанависӣ аз мактаб шуруъ мешавад. Сарфи назар аз он, ки сифати таълим дар кадом поя аст, барои маош гирифтан ҳамин кофист, ки омӯзгор мавзуъҳоро дар журнали синф қайд намояд ва ба хонандагон баҳо гузорад. Дар мактабҳо пастии сифати таълим то ҷоест, ки наваду панҷ дарсади насли ҷавон баъди хатми мактаб ва ба даст гирифтани номаи камол ба сари худ ариза, тарҷумаи ҳол, нақли хаттӣ ва иншо навишта наметавонед.
– Тавре ки дар як мақолаатон гуфтаед, шояд механизми таълими забон ва адабиётро бояд тағйир дод?
– Инҷониб баъди хатми донишкада ба насли ҷавон даҳ сол аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтам. Шогирдони камина низ баъди хатми мактаб ба сари худ ариза ё тарҷумаи ҳол навишта наметавонистанд. Сабаби ин ҳолро ба таври худ дертар кашф намудам. Натиҷа гирифтам, ки бояд механизми таълими забон тағйир дода шавад. Фикр мекунам, дар мактабҳо тартиби таълим бояд бад-ин зайл бошад: Аввал забон ва адабиёт, баъд химия; аввал забон ва адабиёт, баъд физика; аввал забон ва адабиёт, баъд математика; аввал забон ва адабиёт, баъд геометрия, аввал забон ва адабиёт, баъд таърих; аввал забон ва адабиёт, баъд география…
Суоле табиӣ ба миён меояд, ки чаро аввал забон ва адабиёт? Зеро он чи хонандаро ба моҳияту муҳтавои дигар фанҳо ворид месозад, забон аст, дар ҳамаи фанҳо матлаб тавассути забон (вожа, ибора ва ҷумла) баён мешавад. Адабиёт ғизои бебаҳои маънавиест, ки дар ташаккули инсони комил нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин натиҷа гирифтам, ки таълими қоидаҳои забон дар мактаб шуғли бесуд аст. Бояд забон ба насли ҷавон бе қоидаҳои грамматтикӣ омӯзонда шавад. Ин шуғли бесуд вақти зиёди омӯзгор ва тоилибилмонро мегирад. Мо чӣ мекунем? Ба хонандае, ки таркиби луғавиаш ночиз асту дар доираи забони меъёр ҷумлае сохта наметавонад, аз ёд кардани қоидаҳои даҳ ҳиссаи нутқ, сараъзо ва аъзои пайрав, ҷумлаҳои содаву мураккабро супориш медиҳем, талаб мекунем, ки ба зери хабари ҷумла ду хат, ба зери мубтадо як хат кашад…
Фикр мекунам, дар таълими забон холигоҳи қоидаҳои забонро бояд корҳои амалӣ: кор бо луғат, ҳифзи беҳтарин пораҳои насрии қадиму ҷадид ва муколама пур кунанд. Осори насрӣ бо се услуб: бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ офарида мешавад. Ғалат накунам, Сӯзании Самарқандӣ фармуда будааст, ки агар шоири ҷавон панҷ ҳазор байт аз ашъори шоирони қадим ва панҷ ҳазор байт аз ашъори шоирони муосир ҳифз намояд, шеъри хуб навишта метавонад. Пас чаро агар мактабиён дар тӯли даҳ сол даҳ ҳазор пораи насрӣ ҳифз кунанд, дар сатҳи як нависанда ё олим ё журналист ҷумла пардохта натавонанд? Итминони қавӣ дорам, ки метавонанд, зеро пораҳои насрӣ дар зеҳни насли ҷавон қолаби ҷумлаи саволӣ, нақлӣ, хитобӣ, сода, мураккаб, яктаркиба, дутаркиба ва ҳоказоро ташаккул медиҳанд. Ин усул имкон медиҳад, ки насли ҷавони тоҷик, сарфи назар аз он, ки дар кадом гӯшаю канори дунё ба сар мебарад, забони меъёри форсии тоҷикиро бе ишкол дар сатҳи баланд меомӯзад…
Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА