– Дар бораи вазъи нақди адабии мо назарҳо гуногунанд. Як идда бар онанд, ки нақди мо фаъол аст, гурӯҳи дигар акси онро мегӯянд. Ба назари Шумо, нақди адабии мо дар кадом вазъ қарор дорад?
– Ақидае, ки гӯё нақди мо вуҷуд надорад, бепоя аст. Агар аз солҳои 20-уми асри гузашта оғоз намоем, нақди мо суннат ва анъанаҳои қариб 100-сола дорад. Хусусан дар солҳои 70-80 нақди ҳирфаӣ шакл гирифт, ки ба ҷараёни адабиёт дахолати фаврӣ мекард, ҷараёни адабиро ба таҳлил мегирифт, проблемаҳоеро пеш меронд, ки ҳатто адабиёт баъдтар мутаваҷҷеҳи он мегардид. Имрӯз нақди мо дар ҳамон савияе ҳаст, ки адабиёти мо қарор дорад. Вале то чӣ андоза ин нақд фаъол мебошад, масъалаи дигар аст. Ин вобаста ба фаъол будани мунтақидони ҳирфаӣ аст ва оё мо онҳоро дорем? Албатта, як мунтақиди бузургсол ҳамеша наметавонад дар ҷараёни нақди адабӣ фаъолона иштирок кунад. Бинобар ин, вазифаи аввалиндараҷаи мо тарбияи мунтақидони ҷавон аст.
Инро ҳам бояд гуфт, ки вожа ва истилоҳи нақд дар афкори адабии кунунӣ маънӣ ва мафҳуми зиёд дорад ва дар маҷмуъ ба шинохти куллӣ ва гуногунҷабҳаи адабиёт иртибот мегирад. Нақд ба ин маънӣ тақозо дорад, ки осори адабӣ аз дидгоҳҳои гуногуни мавзуиву идеологӣ ва зебоишинохтиву забоншиносӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, феминистӣ, равонӣ, фалсафӣ, марксистӣ, тахайюлӣ, муколамаӣ, куҳанулгуӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардад. Зиёда аз он нақд ба маънии шинохту қазовати ҳодисаҳои адабӣ ба истифода меравад, мисли нақди матншиносӣ, сохторӣ, суратгароӣ, шарҳу тавзеҳи матн ва ғайраҳо, ки мутолиаи нав ва чандҷанбаи адабиётро дар назар дорад. Дар канори ин нақди навин, ки ба осори адабӣ чун арзиши мухтор муносибат медорад, тибқи меъёрҳои он бояд чун асари мустақил омӯхта шавад. Аз ин ҷост қазияҳои «нуқтаи сифри навиштор» ва «марги муаллиф» дар баррасӣ ва арзишдовариҳои интиқодӣ.
Аммо нақди амалӣ, ки нақди тоҷикӣ бар он устувор аст, аз таҳлилу баррасии асарҳои алоҳида, эҷодиёти адибон ва равандҳои ҷараёни адабӣ, ҳусну қубҳи он иборат аст. Нақд арзишдоварӣ аст. Гоҳо тасаввуроте ҳаст, ки нақд, яъне дидану нишон додани қубҳи адабиёт аст. Аммо ин тавр нест, балки ҳадаф нақд кардани арзиши асар ва адабиёт аст, ки онро ба тавсифу мазаммат маҳдуд кардан мумкин нест. Нақди воқеӣ бояд аз меъёри одилона, яъне қазовати беғараз сурат бигирад.
Дар иртибот ба ин як мушкили дигари нақди имрӯзи мо иборат аз риоя накардани меъёрҳои асили нақди адабист. Дар мо ноқидони сатҳигӯй ва эҳсосотӣ ба майдон омаданд, ки ҳеч меъёри ҳирфаии ноқидона надоранд (аслан чунин саводро надоранд) ва аз ин ҷо қазоватҳояшон боғаразу додситонона мебошад. Эшон ба кадом меъёрҳо такя мекунанд, маълум нест. Нақди онҳо ба назарияи адабиёт, асолати ноқидӣ мувофиқат намекунад. Аммо гӯё маслиҳатҳои умумии дастурӣ медиҳанд, арзиши асарҳои мақбули ҷомеашударо ба ҳеч мебароранд, як марҳалаи адабиёт, барои мисол тасаввуфро ботил ҳукм мекунанд ва ғайра. Танҳо нақди ғайриҳирфаии беандеша ин корро мекунад. Ин навиштаҳои ба ном нақд аз назари мавқеи милливу сиёсӣ низ аҳаммияте надоранд ва қобили қабул нестанд. Ин гуна нақдҳо меъёрҳои шинохту қазовати адабиётро вайрон мекунанд, хонандаро ба гумроҳӣ мебаранд.
Барои он ки нақди мо бештар рушд кунад, нахуст бояд адабиёти сара ташаккул ёбад, аз савияи Фазлиддин Муҳаммадиев, аз насли Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад як зина боло равад. Наметавон гуфт, ки адабиёт ба пеш ҳаракат намекунад ва нақд ҳам суст аст. Ҳарду дар ҳаракат ҳастанд, аммо нақду адабиётро як зина боло бурдан, тағйири сифатӣ додан лозим ва ҳатто хеле зарур аст.
Дар адабиёти мо нақди зеҳнии нависандагӣ низ вуҷуд дорад. Метавон дар ин миён аз адибони соҳибсухане чун Муъмин Қаноат, Гулназар, Фарзона, Камол Насрулло, Низом Қосим ном бурд. Онҳо ба масъалаҳо ворид буда, огоҳона бархӯрд намуда, ҳусну қубҳи асарҳоро хуб дарк мекунанд. Дар баробари нақди ҳирфаӣ нақди зеҳнии нависандагӣ низ бояд фаъол бошад.
– Дар замони истиқлол асарҳои зиёде навишта шуданд, аммо чаро мунтақидони нақдпажӯҳи мо бисёр каманд?
– Нақдҳои одию умумиро метавон дар як муддати кӯтоҳ навишт. Нақди асил заҳмату таҳаммулро тақозо мекунад. Барои сеҷилдаи як нависандаро нақд кардан вақти зиёде сарф мешавад. Зеро барои ба умқи асар рафтан на як бор, балки онро ду-се бор бояд хонд, хубу бадашро муайян кард. Нақди адабии мо ба назму наср пойбанд мондааст. Бояд адабиёти кӯдак ва драмаҳоро нақд кард. Имрӯз ҷомеаи мо ба мунтақиди адабиёти кӯдак ва драма бисёр эҳтиёҷ дорад. Ҳатто метавон осори мунтақидонро низ ба риштаи таҳқиқ кашид.
Дигар ин ки мунтақидонро тарбият кардан, қадрдонӣ намудан лозим аст. Чунон шароит бояд фароҳам овард, ки ҷасурона, дар роҳи худ устувор қадам бардоранд, аз танқиди касе ҳарос надошта бошад. Дар тарбияи мунтақидон, омӯзгорони макотиби миёна, донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, Иттифоқи нависандагон бояд саҳим бошанд, ҳама аз як гиребон сар бароранд. Тарбияи мунтақидонро ба дӯши як-ду муассисаи илмӣ гузоштан дуруст нест. Корро бояд чунон ба роҳ монд, ки мунтақид худро ҳамчун адиб ҳис кунад, масъул ҳисобад, донад ки ҳарфашро қабул доранд. Бояд гуфт, ки танҳо бо ҳаққи қалами хуб пешниҳод намудан масъала ҳалли худро намеёбад.
– Ба назари Шумо мунтақиди асил кист?
– Ба бахшҳое аз ин пурсиш боло мутаваҷҷеҳ шудем. Бояд гуфт, ки як матншинос, рӯзноманигор, педагог ҳанӯз мунтақид шуда наметавонад. Мунтақид модарзод бояд чизе дар ниҳодаш дошта бошад, қазоватгар бошад, роҳи арзишдиҳӣ ва бархӯрд кардан бо асарҳоро донад. Зеро ҳар асари адабӣ муносибати хосро аз мунтақид талаб мекунад. Мунтақид бояд назарияи адабиёт, таърихи адабиёт, илми забону баён, ҳамчунин иҷтимоиёту фалсафаву ахлоқро хуб омӯзад ва ақаллан дар сатҳи мутавассит донад. Бе ин мунтақиди асилу ҳирфаӣ шудан мумкин нест.
Мунтақидони асил ҳангоми баҳо додани асари адабӣ аз меъёрҳои солими илмӣ кор мегиранд, бо эҳтиёт муносибат мекунанд. Баъзе аз мунтақидон ҳини баррасии қисса ё романе менависанд, ки маъниву паёми ин асар дар фалон эпизод ифода ёфтааст. Агар ин тавр бошад, муаллифи асар аз ҳамон эпизод ҳикоя месохт, лозим набуд қисса ё роман нависад. Мунтақиди асил касест, ки асари бадеиро дар кулл баррасӣ мекунад. Баъзе аз мунтақидон ба «Ҳасани аробакаш»-и устод Мирзо Турсунзода эрод гирифтанд, ки он ноқис аст, муборизаи синфӣ дар он нест ва ниҳоят дар зиндагии сотсиолистӣ иштирок намекунад, бинобар бояд мукаммал бошад. Ин эрод, ба назари ман, қобили қабул нест, зеро дар он масъалаи асосӣ ва марказии асар ва хусусияти жанриву ҳунарии он дарк карда нашудааст. Ҳар асарро мисли худаш, дар ҷои худаш, вобаста ба мавзуъ, масъалае, ки адиб дар он гузоштааст, бояд баҳо дода шавад. Ин гуна баҳо доданҳои умумии назариву мафкураӣ кори нақди асил нест.
– Чаро нақдро барои адабиёт зарур мешуморанд?
– Бояд тавассути нақд тафаккури интиқодиро дар ҷомеа шакл дод. Нақд ҷомеаро чунон тарбият мекунад, ки вай ба масъалаҳо огоҳона ворид шавад, баҳо диҳад ва аз пайи ҳар ҳарфи носанҷида наравад. Бо ин роҳ рафтори ҷомеа интиқодиву солим мешавад. Дар ин кор нақд нақши ҳалкунанда дошта метавонад.
Нақд барои ташаккули насли солими мунтақидон муҳим аст, зеро тавассути баҳсу мунозира, қазоват намудан дар сари масъалаҳои гуногун ва суду зиёни онро меомӯзонад. Нақд ба ҷомеа арзишдоварӣ, қазоват намудан, мӯйро аз хамир ҷудо намуданро меомӯзонад. Нақд мисли боғбонест, ки ниҳолу меваҳои сара ва носараи боғи адабиётро ҷудо ва ба тартиб медарорад. Нақди воқеӣ омили инкишофи адабиёт аст.
– Чанде пеш дар маҷлиси баррасии ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон гуфт, ки нависандагони мо ҳанӯз аз қолаби реализм фаротар нарафтаанд ва равишҳои тозаи насри ҷаҳониро таҷриба намекунанд. Шумо ба ин масъала чӣ назар доред?
– Дуруст ҳам мегӯянд. Мо дар реализми сотсиалистӣ тарбият ёфтем. Ҳамон қолабҳо, ҳамон қаҳрамонофариниҳо ва идеяҳои маъмул мушоҳида мешавад. Лекин, бадбахтона, мо дар қолаби реализми сотсиалистӣ монда, ҳатто реализми асилро ҳам аз худ накардем. Агар дурусттар нигоҳ кунем, мебинем, реализм мактаби хуби ҷаҳонист, ки намояндагонаш Л. Н. Толстой, Ф. Достоевский, А. П. Чехов ва бисёр адибони Шарқу Ғарб ҳастанд.
Адибони мо равишҳои навро низ таҷриба кардаанд. Масалан, кӯшишҳои Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, Муаззама, Муҳаммадзамони Солеҳ, Юнус Юсуфӣ ва дигарон дар заминаи тамоюлҳои насри мудерни сурриалистӣ, реализми ҷодуӣ асарофаринӣ буд. Аммо мо ин суннатро надоштем. Ҳатто Баҳманёр дар оғози роҳ ҳарос дошт, ки оё мардум асари дар сабки нав эҷодшударо меписандида бошанд? Ҳоло дарк мекунем, ки осори хубу ҳирфаии насри мо осори Баҳманёр аст. Сарчашмаи эҷоди ӯ афсона, адабиёти гузаштаи мо буд, ки тавонист онро бо адабиёти ҷаҳон созиш диҳад, афсонаву муболиғаҳои аҷибе, ки дар психологияи мардуми кӯҳистони мо ҳаст, чун меъёри шинохти инсон ба адабиёт ворид кунад. Ин дар адабиёти мо кӯшиши нав буд. Мутаассифона, ба осораш баҳои арзанда дода натавонистем. Ҳарчанд ки нақд инҳоро дастгирӣ кардааст. Масалан дар бораи Баҳманёр чанд мақола, ба як асараш сарсухан ва ҳамчунин ба нашриёт тақризи мусбат навишта будам.
Дар адабиётшиносии шӯравӣ дар бораи гуногунии шаклу услуб дар реализми сотсиалистӣ масъала матраҳ шуда буд. Диданд, ки бо қолаби реализми сотсиалистӣ масъала ҳал намешавад. Бояд шаклу услуби дигар пайдо шавад. Бо ин роҳ ба адабиёти ҷаҳонӣ пайванд хӯрдан мумкин буд. Агар реализм на қолабии сотсиалистӣ, балки реализми амиқ мешуд, ҳатман аз реализм берун мерафт. Имрӯз имкон ҳаст, бояд аз онҳо омӯзем, адабиёти миллии муосир офарем, на ин ки дар сояи дигарон монем ва худро дар ҳамин ҳудуди соданависии имрӯза маҳдуд гузорем.
– Оё нақди адабии мо бо осори адабии имрӯзамон баробар ҳаракат мекунад ва мунтақидон ҳини баррасии ин осор оё аз равишҳои тозаи нақд кор мегиранд?
– Бояд ба осори ҳар адибе муносибати хос дошта бошем, ба он аз назари адабиёт баҳо диҳем. Дар дунё равияҳои гуногуни нақд вуҷуд доранд, ҷараёнҳои гуногуни адабиёт пайдо шудаанд. Чаро онҳоро наомӯзем ва ба асаре, ки дар қолаби нав эҷод шудааст, бо назари инкор нигоҳ кунем? Бояд моҳияти асарҳоеро, ки дар сабки нав навишта шудаанд, кушоем, ба хонанда нишон диҳем, хонандаро бо ин осор шиносонем. Асаре, ки дар равиши нав навишта шудааст, бо усулҳои нақди мудерн бояд мавриди баррасӣ қарор гирад. Мутаассифона, мо ҳанӯз то ин дараҷа пеш нарафтем. Масалан, насри Сайфро «насри шоирона» гуфтану бо ин қонеъ шудан дуруст нест, балки онро дурусту дақиқ бояд шинохт, поэтикаи хоси худашро кушод.
Адибоне амсоли Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама, Юнус Юсуфӣ сабки нави нависандагиро таҷриба кардаанд, аммо то кунун мунтақидон чуноне ки бояду шояд, осорашонро мавриди баррасӣ қарор надодаанд.
– Дар маҳфилу ҷаласаҳое, ки дар бораи нақди адабӣ баргузор шуданд, мунтақидон пешниҳод намуданд, ки аз нақди тавсифию таърифӣ даст кашем. Вале баъди чанде мебинем, ки баъзе аз онҳо худ мақолаҳои тавсифӣ таълиф мекунанд. Барои аз байн бурдан ё кам кардани нақди тавсифӣ ва хотирбинӣ дар нақд чӣ бояд кард?
– Барои он ки адиберо наранҷонанд ва ё ки дӯсташон аст, ба нақди тавсифӣ даст мезананд. Нақди тавсифӣ низ бояд асоснок бошад. Адибро аз будаш зиёд баҳо надиҳад. Мунтақид сараввал бояд тавсифоти худро собит кунад, ки дар ҳақиқат ин шоир ё нависанда ба ин гуна баҳо сазовор аст. Нақдҳое, ки дар ҷашни ин ё он адиб менависанд, бояд ҷойгоҳи он адибро дар ҷараёни адабӣ муайян кунанд, на ин ки тавсифию пурмуболиға ё ёдоварии умумии фактҳои зиндагиву осори ӯ бошанд.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки дар баробари сарватҳои моддӣ, адабиёт сарвати маънавии миллӣ аст. Хоса дар замони Истиқлоли кишвар ин қазия ба маротиб аҳамият пайдо мекунад, масъулияти адибон ва аҳли нақдро як бар чанд меафзояд. Моро зарур аст, ки ба эҷоди асарҳои миёнаҳол қаноатманд нашавем. Нақди адабӣ дар ин амал бояд хеле фаъол бошад.
Ба адибон додани унвони Нависандаи халқӣ, Шоири халқӣ, ҷоизаи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода нақд кардани осори онҳост, яъне, осори адиб ба ҳамин дараҷа арзиш дорад. Бояд асарҳоро ба савияи ҳамин нигоҳ карда баҳо диҳем. Унвону ҷоиза набояд навбат дошта бошад, ки имрӯз ба ин диҳем, соли дигар ба он. Сифати асарҳо дар ин маврид муҳим аст. Дар баҳо додан ба онҳо ба нақд бояд афзалият дод, мунтақидони ҳирфаиро ҷалб кардан лозим, назари онҳоро дар бораи асаре, ки барои унвону ҷоиза пешниҳод мешавад, бояд гирифт. Он вақт сухани мунтақид қадр пайдо мекунад, ки ба ӯ такя мекунанд. Мартабаи мунтақидро бояд баробари марбатаи адиб боло бурд. Дар адабиёти рус нақдро адабиёт меҳисобанд, ба мунтақид мисли адиб арҷ мегузоранд.
Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯз ин заруратҳо риоят намешаванд. Фикр мекунам, ки муҳити адабии мо ба ин ниёзи зиёд дорад.
– Ба ноқидони ҷавони тозакор чун мунтақиди пуртаҷриба чӣ маслиҳат медиҳед?
– Ман дар ин бора чанде пеш дар рӯзномаи шумо изҳори назар карда будам. Ҳоло изҳор медорам, ки нахуст бояд нақд навиштан талаботи ботинии мунтақид бошад, дар ин роҳ масъулияти миллӣ эҳсос кунад. Адабиёт сарвати миллии маънавии мост. Мунтақид дарк кунад, ки баробари адиб барои ба вуҷуд овардани адабиёти асил муваззаф аст. Зиёда аз он, бо донишҳои суханшиносӣ, иҷтимоӣ, фалсафию маънавӣ мусаллаҳ бошад, тафаккури интиқодии худро тарбия кунад ва хонандаро дар рӯҳияи солимназарии адабӣ раҳнамо шавад.
– Сипос барои суҳбати ҷолиб.
Мусоҳиб
Насимбек ҚУРБОНЗОДА, «АС»