ОҒОЗИ АНДЕШАҲО
«Ҳар касе ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини дарахти ваҳдатро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид. Акнун дигар ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки теша ба решаи он расад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониҳояшон ҳамвора таъкид менамоянд, ки ваҳдати миллии мо арзишмандтарин дастоварди мост. Он осон ба даст наомадааст. Барои ин ваҳдатро ба даст овардан қурбониҳои зиёде додем. Аз ин хотир ба қадраш бояд расем, ҳифзу нигаҳдориаш кунем, Ватани соҳибистиқлоламонро ба ваҳдатистони ҳақиқӣ табдил диҳем.
ЁДҲОИ ДАРДНОК
Бале, барои ваҳдати миллиро ба даст овардан халқи тоҷик қурбониҳои зиёде дод. Ёдам меояд, ки чӣ гуна дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ тамоми мардуми тоҷик азият мекашид. Мо он солҳо ҳанӯз дар шаҳри Хоруғ мезистем, дар Хоруғе, ки дур аз макони ҷангу даргириҳо буд. Аммо хоҳ нохоҳ рӯзу рӯзгорамон басо тираву хира шуд. Нон баробари ҷон қимат дошт. То ними шаб дар мағозаи қариб холии маҳалла раҳи мошини «Нон»-ро мепоидем, вале он гоҳе меомаду гоҳе не. Ва, агар меомаду нон меовард ҳам, онро мувофиқи меъёр ба сари ҳар кас нимбуханкагӣ медоданду тамом. Борҳо шоҳид шудаам, ки баъзе солхӯрдагон дар навбати нонпойӣ ё нонгирӣ беҳуш шуда, аз по меафтоданд. Хонаи мо дар назди беморхонаи вилоятӣ буд ва зиндагӣ, махсусан барои бошандагони маҳаллаи мо сангин гардид, зеро чӣ беморону чӣ пизишкон ва чӣ хабаргирони беморон ба хонаҳои мо меомаданду нону намаку чойу тутписту зардолуқоқ ё ягон чизи дигари хӯрданӣ мепурсиданд, то аз гуруснагӣ нафавтанд. Аз пеши чашмам ҳеҷ дур намеравад, ки чӣ тавр беморонро дар рӯшноии хираи фонуси керосинӣ дар шуъбаи бемориҳои вазнини беморхона нигоҳ медоштанд. Ё чӣ гуна дар шуъбаи ҷарроҳӣ беморонро баъди ҷарроҳӣ бо гардсӯзи момогӣ «резекс» мекарданд. Ё чӣ хел дар як ҳуҷраи барои чор кас пешбинишуда даҳ-понздаҳ нафар бемори маҳалӣ ё маҷрӯҳи аз дуру наздик овардаро мехобонданду аз нодорӣ ширчойи маҳалиро бо ҳам медиданду барои зинда мондан мубориза мебурданд.
12 июли соли 1993 буд, ки дар таваллудхонаи вилоятӣ духтарам Нилуфарро ба дунё овардам. Хушдоманам ба хабаргириам омаду нони сафед овард. Чӣ беморону чӣ пизишкон якҷо нидо бароварданд: – Нони сафед? Як зани навтаваллудкарда гуфт, ки чандин моҳ боз нони сафедро надидааст, танҳо кам-кам сабӯсу орди сиёҳи боқилогӣ мехӯрдаанду тамом. Зани дигаре гуфт, ки хонаводаи онҳо ҳамонро ҳам, яъне сабӯсу нони сиёҳро ҳам надораду танҳо аз ҳисоби туту тутписташон зинда мондаанд. Тутро сӯзонда чун чойи қоқ истифода мебурдаанду тутпистро ба ҷойи хӯрок дар як рӯз ҳамагӣ ду бор тановул мекардаанд. Зани ҳам паҳлуяш ба ӯ фаҳмонд: – Каме орди сиёҳ ёбу равғаншӯрбо пухта, ба аҳли оила деҳ, мо ҳамин тавр мекунем. Ин зан ҳасрат кард, ки равған надорем, чӣ хел равғаншӯрбо пазам? Он зан гуфт: – Мо ҳам надорем, бе равған мепазем. Ордро дар деги тафсон каме бирён карда, об меандозему мепазем ва номашро равғаншӯрбо гуфта мехӯрем. Яке аз кормандони беморхона ба гап ҳамроҳ шуду гуфт, ки онҳо чандин моҳ боз намаки барои ҳайвонот муқарраршударо истеъмол мекунанд. Ҳамагон сари тасдиқ ҷунбонданд ва гуфтанд: – Мо ҳам аз чунин намак истифода мебарем. Шукри Худо, ки ҳанӯз дар фермаҳои чорвопарварӣ кам-кам аз ҳамон намак будааст, — оҳи сабук кашиданд ҳамагон.
Ана чунин буд рӯзу рӯзгору рӯзгузаронии мардум дар солҳои навадуми асри рафта. Оҳ, он давраҳо… Ба ёд оварданашон имрӯз ҳам гарон асту ҳам хушоянд. Гарон аз он сабаб, ки давраҳои миёншикане буданд. Хушоянд аз он сабаб, ки чун бо имрӯзи ҳаётамон муқоисаашон мекунем, мефахрему шукри Худо мегӯем, шукри тинҷиву сериву пурӣ, шукри меъмори сулҳу ваҳдату тинҷӣ – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мегӯем.
АЛЛАИ МОДАРИ БЕХОНА
Фирор зодаи воқеаҳои хунини соли 1992-и Тоҷикистон аст. Ӯ ҳангоми фирор намудани модараш аз ҷанги бемаънии бародаркуши Тоҷикистон ба Афғонистон дар роҳ, дар зери як хорасанге таваллуд шудааст. Маҳз аз ҳамин сабаб номашро Фирор гузоштаанд. Падараш ва ду нафар хоҳараш ҳамагӣ чанд соат пеш аз омадани ӯ ба олам дар ин тарафи марз нобуд гаштаанд.
Эй тифли ман, чу ҷону чу ҷонона омадӣ,
Меҳмон ба пеши модари бехона омадӣ.
Он қадр тарсу ваҳм туро ҳам фишурдааст,
Ки бесадову сусту заифона омадӣ.
Хуш о, биё, валек на мардона омадӣ.
Равшан агарчи кардӣ ба ман олами сиёҳ,
Новақт омадӣ ту вале, тифли бегуноҳ.
Ҳайрону лолу зор ба рӯи ту бингарам,
Санг аст бистари ману болину сарпаноҳ.
Хуш о, ба пеши ман чу ба ин лона омадӣ.
Дар он канор, дар таги он осмони мо
Оташ забона мезанад аз хонадони мо.
Дар ин канор, дар таги ин санги сарпаноҳ
Оташ фағона мезанад аз устухони мо.
Хуш о, биё, ба кишвари бегона омадӣ.
Рӯят падар надидаву пурормон бирафт,
Гулгункафан шаҳид шуду аз ҷаҳон бирафт.
Дарёи Панҷ хоҳараконат ба ком бурд,
Ҷоҳу ҷалоли мо ҳамагӣ бенишон бирафт.
Хуш о, биё, ба дидани вайрона омадӣ.
Чун аҳли байти хеш ҳама пок бохтам,
Олам ба чашми хеш чу гӯре шинохтам.
Аммо барои ҷони ту ин ҷо шудам фирор,
Ҷон, баччаҷон, зиндабагӯрат насохтам.
Хуш о, биё, ба дидани афсона омадӣ.
Баъди чоп шудани ин шеър дар рӯзномаи «Бадахшон» марди мусофирнамое пурсон-пурсон маро ёфта, ба ҳуҷраи кориам омад. Гуфт, ки хоҳарҷон, ҳамин ҳолатеро, ки дар шеърат баён доштаӣ, бо ману зану фарзанди ман ҳам рух дод. Пурсидам: Оё модару кӯдак зиндаанд, дар куҷоянд, чӣ ҳол доранд? Гуфт, не, дареғо, ки кӯдак мурда ба дунё омад ва занам баъди хунрезии шадид дар таги як санги калони соҳили дарё ҷон дод. Ҳамроҳи чанд тан мурдаи ҳардуяшонро бо азобе таҳи хок кардему ба издиҳоми гурезагон пайвастам. Чандин вақт дар дашту саҳрои тафсони Афғонистон девонавор гаштаму пас аз тариқи як минтақаи марзӣ ба Бадахшон гузаштам.
Он рӯз ҳамроҳи марди бегонаи азодор хуб гирйистаму ба рӯҳи зану фарзанди тармарги ормониаш дуо кардам. Баъди ин дар роҳи ҳифзи ваҳдати миллӣ боз ҳам муборизтар шудам.
ДУР АЗ ВАТАН ХОБЕ ДИДАМ
Солиёне пеш бо зарурате ба Маскави Русия рафтам. Он рӯзу шабҳо дар шаҳри Хоруғ аз тарафи бархе аз мухолифини ҳукумат саркашиҳову муқовиматҳои бемаъние сар заданд. Гурӯҳе мехостанд, ки мардумро раҳгум занонанду алайҳи мардуми дигар манотиқи ҷумҳурӣ шӯронанд. Вазъият муташанниҷ буд. Маҳз дар ҳамон давраҳои ҳассос шабе дар Маскави дур аз Ватан модари раҳматиам ба хобам даромад. Ба дастам як намуд ширинии аз шаҳтути боғи падарам омодакардаашро доду гуфт: «Ширинии боғи падаратро ба Душанбе, ба хонаат бар, бо ҳамсояҳоят якҷо бихӯр!..”
Хобам нотамом монду соати телефон аз расидан ба рақами 5-и саҳар дарак дод. Аз ҷогаҳ хестам ва хостам ба рӯзгордории ҳаррӯзаам машғул шавам, аммо натавонистам. Чеҳраи модарам аз пеши назарам дур намерафту суханонаш дар гӯшам такрор ба такрор садо медоданд, ки: «Ширинии боғи падаратро ба Душанбе, ба хонаат бар, бо ҳамсояҳоят якҷо бихӯр!..”
Соатҳо мегузаштанд, аммо ҳамоно дар хаёли хоби дидаам будам. Хобамро ҳар гуна таъбир мекардам, аммо ба хулосае омада наметавонистам. Хоби дами саҳарӣ, хонаи падарӣ, модари аздунёрафта, ширинӣ аз боғи падар, ҳамсояҳои душанбегӣ! Худоё, чӣ таъбире дошта бошад ин хоб?! Намедонистам, ки чӣ кор бояд кунам. Чӣ кор бояд кунам ман? Мане, ки имрӯз ақаллан дар Душанбе нестам, то шириние пазаму ба дари ҳамсояҳоям барам…
Баъди андешаҳои зиёд ба чунин хулоса омадам: Ба Душанбе, ки баргаштам, ҳатман супориши модарро ба иҷро мерасонам, аммо айни ҳол ягон амали дигари барои модарам хушояндро анҷом медиҳам. Масалан модарам ҳамеша ба ман таъкид мекард, ки пайваста шеър навис ва дар бораи дӯстӣ навис. Менависам! Ба хотири рӯҳи саргардони модарам менависам. Шояд рӯҳи модарам аз авзоъи ноороми рӯйи замин ноором шуда, ки ба дастам ширинӣ медиҳаду мегӯяд: «Ширинии боғи падаратро ба Душанбе, ба хонаат бар, бо ҳамсояҳоят якҷо бихӯр!..”
Оҳ, модари фариштаниҳодам, ман чӣ сон фармудаатро иҷро накунам?! Мекунам, менависам! Ва ҳатман чун ширинии аз шаҳтути Бадахшон омодакардаат зиндагии ҳамагон ширин мешавад.
…Ба навиштан оғоз кардам ва навиштаму навиштам, беохир навиштам, дар бораи ваҳдату ҳамзистии осоиштаву дӯстиву бародарӣ.
АНҶОМИ АНДЕШАҲО
Андешаҳоям бепоёнанд. Агар ҳамаашонро нависам, як умр барои навиштанашон кам аст. Аммо феълан дар ҳамин ҷо ба баёни андешаҳоям хотима мебахшам. Хотима мебахшаму рӯ ба мардум оварда мегӯям: – Ваҳдатро азиз донед ва азиз доред, зеро бе он зиндагӣ тираву хира мешавад, зеро бе он нур нест, сур нест, сурур нест, зеро бе он ҳатто модарони мо низ дар манзили охираташон но роҳатанду рӯҳашон саргардон аст…
Раънои МУБОРИЗ