Дар ҳар соҳае, хоса дар ҷодаҳои адабиёт ва ҳунар, баъзе пешаҳои ба зоҳир техникӣ, вале дар асл эҷодию заҳматталабе вуҷуд доранд, ки фаъолияти пурсамари намояндагони ин пешаҳо гоҳе аз назари бинандаву шунаванда ва хонанда пинҳон мемонад ва камтар тарғиб мешавад. Барои мисол, намоҳанги таронаи овозхоне дар шакли ҷолибу ҷаззоб ва диданӣ сохта ва ҳамагонӣ мешавад, мардум аз тамошои он ҳаловат мебаранд. Ба сароянда ҳазорҳо офарин хондаву дар ағлаби мавридҳо ҳатто ба зеҳнашон намерасад, ки дар таҳияи таронаву намоҳанги он таронанавис, оҳангсоз, садобардор, навозандагону тадвингари тарона, коргардону таҳиягар ва чанде дигар нақш доранд. Ё шоире дафтари ашъори хешро дар шакли мунаққашу зебо чоп мекунад ва аз ҷониби ҳаводорони шеър ҳарфи аҳсан мешунавад, вале заҳмати онҳое, ки аз лиҳози фаннӣ (техникӣ), аммо эҷодкорона китобро ба зевари табъ оростаанд, хеле кам ёд ва ташвиқ мешавад. Ба ин монанд мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, аммо ба умеди он ки дар баробари чеҳраҳои дурахшони адабу ҳунар фаъолияти резакорони ин ҷодаҳо низ тарғиб мешавад, дар идомаи матлаби хеш китоби фаъолияти пурсамари Фаррух Улмасовро варақ мезанем, ки дар сохтани намоҳангҳои ситораҳои пурдурахши ҳунари овозхонии Тоҷикистону ҷаҳон, дар мисоли Фарҳоди Дарё, Нигина Амонқулова, Сиддиқ Шабоб, Мадина Ақназарова, Олимҷон Солеҳзода, Нозияи Кароматуллоҳ, Бахтиёр Давлатов (Барзу), Дилором Қурбонова, Ҳасани Ҳайдар, Парвин Юсуфӣ, Ҷонибек Муродов, Фарангис, Аброр Назаров, Аҳмад Ҷавод Каримӣ, равоншодҳо Суҳроби Сафарзод, Баҳром Ғафурӣ ва ғайра ҳамчун коргардон нақши босазо гузоштааст. Ин матлаб дар ҳоле иншо мешавад, ки солҳои охир дар намоҳангсозӣ саҳлангориҳои зиёде сурат мегиранд ва миёни муҳтавои тарона ва намоҳангҳои сохтаи аксари онҳо умумият ва ҳамоҳангиро ба нудрат мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо қаҳрамони мо Фаррух Улмасов ҳамчун коргардону таҳиягар аз рӯзҳои аввали по гузоштан ба ин ҷода талош кардааст, ки қабл аз сохтани намоҳанг нахуст муҳтавои таронаи мавриди назарро комилан фаро бигирад ва дар асоси он клип бисозад. Масалан тамошобини огоҳ метавонад танҳо бо дидани намоҳанги Фарҳоди Дарё, ки «Он вақтҳо» унвон дорад ва коргардони он Фаррух аст, ин ҳарфи моро таъйид кунад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки дар сохтани намоҳанги ин таронаи аз рӯйи мазмун сиёсӣ-иҷтимоъӣ заҳмати зиёде сарф нашудааст. Вале такдарахти баргҳои зарду сабздоштае, ки Фарҳоди Дарё дар навор зери он тарона иҷро мекунад, ба таври рамзӣ комилан бозгӯкунандаи мазмуни суруди мазкур аст. «Вақте ки Фарҳоди Дарё панҷ сол қабл бо ҳадафи намоҳангсозӣ ба Тоҷикистон омад, тақрибан миёни тамоми коргардонҳои синамо ва намоҳангсозҳо дар ҷиҳати пешниҳоди ғояи таронаи мавриди назараш озмун эълон кард. Хелеҳо дар ин маврид назар доданду ғояҳо пеш ниҳоданд. Ман ҳам андешаи худро ба эшон иброз доштам, ки ба дилашон нишаст ва зуд аз пайи сохтани намоҳанг шудем. Хушбахтона, кори мо гарм пазироӣ шуд”, – зимни суҳбат иброз дошт Фаррух Улмасов.
Дар ин радиф метавонем клиптаронаи Нигина Амонқулловаро, ки чанд сол пеш таҳти унвони «Дил ба дил роҳ дорад» аз ҷониби Фаррух Улмасов сохтаву ҳамагонӣ гашта буд, яке аз беҳтарин намоҳангҳои солҳои охири эстрадаи тоҷик унвон кунем.
Аммо бояд бигӯем, ки қаҳрамони матлаби мо коргардониро ба таври касбӣ наомӯхтааст, балки ҳаваскорона дар ҳирфаи мазкур тавоно шудааст. Ӯ аслан аз рӯйи ихтисос рассом аст. Омӯзиши мусаввириро дар Донишгоҳи давлатии Бобоҷон Ғафуров (Хуҷанд) оғоз намуд ва сипас дар Донишгоҳи мусаввирии Василий Суриков (Маскав) идомаи таҳсил кард ва соҳибтахассус гардид. Тасвирҳои фалсафие монанди «Асрори азал», «Рақси эҳсос», «Садои сукут», «Падруд» ва чанде дигар аз корҳои мусаввирии ӯст, ки шояд оянда дар бораи ин тасовир матолиби дигаре иншо кунем. Аммо ҳоло бармегардем ба намоҳангсозии Фаррух Улмасов. Мо аз ӯ дар мавриди он ки чӣ гуна дар баробари мусаввирӣ ҳаваси намоҳангсозӣ кард, пурсидем ва чунин посух шунидем: «Вақте ки аз Маскав баргаштам, яке аз дӯстони падарам ба ман дастгоҳи аксбардорӣ ҳадя кард. Онро ба кор бурдаму ҳаваси филмсозӣ кардам. Дар сар баъзе идеяҳои ҷолиб ҳам доштам. Хушбахтона, яке аз азизон боис шуд, ки бо чанд овозхони машҳур ҳамнишин шавам ва афкори филмбоби худро сарфи намоҳангсозӣ кунам. Аммо бояд бигӯям, ки ҷумла ҳунарҳо ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳамин аст, ки дар канори намоҳангсозӣ мусаввирӣ ҳам мекунам. Шояд рӯзе ягон намоиши тасвирҳои хешро низ роҳандозӣ намоям. Аз зебоиҳои Тоҷикистон, махсусан шаҳри Душанбе низ аксҳо мебардорам ва бо корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ дар миён мегузорам. Барои худам гоҳ-гоҳ оҳанг ҳам месозам. Дар андешаи сохтани як филми кӯтоҳ низ ҳастам. Мехоҳам ин филм дар бораи робитаи инсон бо техника ва фанновариҳои нав бошад. Хулоса, ба қавле гоҳе ҳамакора шуданам дар ростои кашфи идеяҳои тоза барои намоҳангсозӣ боис мешавад».
Мавриди зикр аст, ки ҳаваси пайвастани Фаррух ба дунёи ҳунар, махсусан мусаввирӣ, аз оила сарчашма мегирад. Ӯ дар як хонадони ҳунарӣ парварда шудааст. Бавижа падараш Фирӯз Улмасов, доктори илми ҳунаршиносӣ ва ҳамзамон профессор аз муҳаққиқони номдори мусиқии тоҷик мебошад, ки ин рӯзҳо дар Консерваторияи миллии Талабхон Сатторов ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст. Фаррух низ талош кард, ки пайрави сазовори падар бошад ва барои хеш аз ҳар гӯшаи дунёи ҳунар хӯшае бардорад. Ин амалкард боис гардид, ки ҷумла бардоштҳои худро дар кори намоҳангсозӣ хулоса кунад: «Заҳмати коргардони намоҳангсоз камтар аз заҳмати як коргардони синамо нест. Намоҳанг ҳам ба навъе филм аст. Махсусан вақте ки овозхонҳо аз мо дар баробари коргардонӣ чӣ гуна сохтани муҳтавои намоҳангро низ талаб мекунанд, барои мани коргардон мушкилтар мешавад. Мутаасифона, бисёриҳо моҳияти ин корро намедонанд. Фикр мекунанд, ки намоҳансозӣ дар мавҷудияти як дастгоҳи филмгирӣ хулоса мешавад. Набояд ба ном коргардонҳо таронаҳои бе ин ҳам пастмазмуни «ситораҳо»-ро бо сохтани намоҳангҳои ғайриҳирфаӣ пастмазмунтар муаррифӣ кунанд».
Фаррух Улмасов аз рӯйи тахассуси мусаввирӣ фаъолияти омӯзгорӣ низ доштааст ва чанд сол дар Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба донишҷӯён нозукиҳои ҳунари рассомиро омӯзонидааст. Ҳоло чун рассом бо Театри ноҳияи Данғара ҳамкорӣ дорад. Аз соли 2015 Маркази продюсерии «Farrukh Film»-ро фаъол кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо чеҳраҳои саршиноси ҳунари тоҷик тавассути ин марказ корҳои гуногунмуҳтавои ҳунариро таҳия ва муаррифӣ карданист. Мо дар амалӣ кардани ҳадафҳои эҷодӣ ба Фаррух Улмасов барор таманно дорем.
Бахтиёр РАҲМОНИЁН, “АС”