Имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, ки шахсияти саршиноси адабӣ ва пуштибони аксари эҷодкорони Тоҷикистон шумурда мешавад, 115-умин солгарди таваллуд дорад. Шахсияте, ки ҷарақаи истеъдоди адибоне чун Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигаронро кашф кардаву барои рушдашон замина фароҳам кардааст.
Ба ин баҳона мақолаи Камол Насруллоҳ, Шоири халқии Тоҷикистонро пешкаши хонандагони гиромӣ мекунем.
Агар мо бихоҳем маъно, ҳадаф, чеҳраи инсонӣ ва адабии устоди зиндаёд Боқӣ Раҳимзодаро дар як мисраъ баён кунем, ҳамон мисраъи шеъри машҳури худашонро бояд ба забон орем:
Қамарро пеши поят мегузорам, як табассум кун!..
Ҳадафҳое, ки шоир дар зиндагӣ пайгирӣ мекард: некӣ, хайрхоҳӣ, зебоипарастӣ ва фалсафаи ҳаёти ӯ дар ҳамин як мисраъ ва ҳатто як ибора ифода шуда аст: як табассум кун! Симои Боқӣ Раҳимзода, маънои Боқӣ Раҳимзода дар ёдҳои мо, дар фарҳанги мо, дар эҷодиёти худи ӯ ҳамин як табассум аст. Як табассуме, ки ҳама чизро дар худ ифода мекунад: ҳама талхиву ширинии ҳаётро. Ҳамин як табассуме, ки одӣ нест, умедбахш, рӯшноибахш, нерӯбахшу ҳаётбахш аст. Ин як табассуме, ки ҳарфашро мезанем, худи устод Боқӣ Раҳимзода, симои худи ӯст, ки он рӯзҳо ҳаёти моро мунаввар медошт ва имрӯзҳо ҳамин ки ба ёд оварем, хотироти моро боз ҳам рӯшан мегардонад. Ва агар мехоҳем рӯшноӣ бо мо бошад, бояд ин табассумро гум накунем, дар ёд ва дар дил фурӯзон нигоҳ дорем. Агар мо онро аз худ раҳо кунем, маҳрум аз нури равон бахшаш мегардем.
Вежагиҳои ҳаёти устод Боқӣ Раҳимзода хеле зиёданд. Кам мешавад, ки як инсон ҳам дар байни садрнишинон ва ҳам дар байни мардуми одӣ баробар маҳбубият дошта бошад. Устод Боқиро ҳам болониши нон дӯст медоштанд (ӯ нозпарварди шахсони аввали ҷумҳурӣ буд), ҳам халқи одӣ, сарфи назар аз мансуби яти маҳаллу касбу кор. Хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, дастгириву мададгорӣ, хушсуханиву меҳрубонӣ, ҳозирҷавобиву зарофатгӯӣ…, яке аз ин чандин сифатҳои неки ӯ кофӣ буд, ки ӯ маҳбуби ҳамагон бошад.
Дар бораи яке аз файласуфони Юнони қадим Де мокрит гуфтаанд, ки як хандаи ӯ ба тамоми сарвати Мидас баробар будааст. Табассуми устод Боқӣ низ қимати баланд дошт. Ин табассум баъзан кореро мекард, ки сарватманде наметавонист бо сарваташ амалӣ кунад. Чи қадар ҷавонони эҷодкор соҳиби хона гардиданд, чи қадар ҷавонҳои ошиқ соҳиби арӯс шуданд, чи мушкилҳои дигаре ҳалли худро меёфтанд, агар Боқӣ Раҳимзода бо табассуми мушкилкушои худ дахолат мекард.
Маҳбубияти устод Боқӣ, хусусан дар байни ҷаво нони эҷодкор ва дар доираи адибон, аз он ҷо буд, ки ӯ ҳамеша ғамхорашон буду дастгириашон мекард. Теъ доди зиёди ҷавонҳоро ӯ барои адабиёт кашф кардааст, истеъдодҳоеро аз дасташон гирифтаву ба даргоҳи Иттифоқи нависандагон овардааст. Ӯ дар ҳар куҷое як нашрияе чоп мешуд, аз ҷаридаҳои маълуму машҳур то рӯзномаҳои донишҷӯёну ноҳияҳо, ҳамаро мутолиа мекард, бо мақсади он, ки истеъдоде пайдо кунад. Дар маҳфилҳои адабии донишҷӯён ширкат меварзид ва шеърхонии ҷавононро бо диққат мешунид ва онҳоро сара мекард. Аксари адибони машҳури мо аз тамоми гӯшаҳои дуру наздики кишвар бо далолату дастгирии ӯ ба адабиёт омадаанд.
Донишҷӯи соли дуюми таҳсил дар Донишгоҳи омӯз горӣ будам. Боре ба ман гуфтанд, ки декани факулта, ёдаш ба хайр, Сангинов, маро ба назди худ мехонад. Бо тарсу ларз ба назди декан омадам, ки чӣ гуноҳе карда бошам. Аммо декан баъд аз ҳолпурсӣ меҳрубонона ба ман гуфт, ки бояд ба Иттифоқи нависандагон, ба назди Боқӣ Раҳимзода равам. Барои мани донишҷӯ, ки якта –нимта навиштаҳои шогирдонаам дар рӯзно маи Донишгоҳ “Педагоги ҷавон” чоп мешуд, Иттифоқи нависандагон як даргоҳи муқаддас ва Боқӣ Раҳимзода як шахсияти дастнорас буданд. То расидан бо тарсу ҳарос ба Иттифоқи нависандагон боварам намеомад, ки маҳз маро даъват кардаанд. Баъд маълумам шуд, ки устоди ғамхору меҳрубон Боқӣ Раҳимзода, ки мудири бахши кор бо ҷавонони Иттифоқ буданд, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи ҷавонони лаёқатманд буда, шеърҳои шогирдонаи маро низ дастрас намудаву хондаанд.
Ҳайрати ман боз бештар афзуд, вақте ки устод баъд аз шиносоӣ ва суҳбат ба ман фармуданд, ки ба назди муҳосиби Иттифоқ дароям. Маълум шуд, ки бо супориши устод ба номи ман маблағе чун кумакпулӣ ва ҳавасмандсозӣ ҷудо гардидааст. Баъдтар фаҳмидам, ки устод бад-ин тариқ бисёр ҷавонони эҷодкорро суроғ кардаву дастгирӣ мекардаанд.
Чунин буданд устод Боқӣ Раҳимзода. Маҳз бо ташаббусу дастгирии он кас бисёре аз адибони мо аз гӯшаҳои мухталифи кишвар ба сафи адабиёт омаданд. Он кас ғамхор ва дастгиру балогардони ҳамаи ҷавонони эҷодкор буданд. Аввалин шеърҳои Муъмин Қаноати мактабхонро, ки дар рӯзномаи ноҳиявии Рашт бо та шаббуси муаллимашон ба табъ расида буд, маҳз он кас хондаву дар мактуби ҷавобӣ дилашонро гарм карда буданд. Чунон ки Муъмин Қаноат қайд кардааст, устод Боқӣ Раҳимзода барҳақ устоди Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Файзулло Ансорӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Хуршеда Ота хонова, Акобир Шарифӣ ва дигар адибони номдори мо буданд. То ҷойе, ки ин устоди хайрхоҳ баъзе аз адибони ҷавону бепаноҳро дар хонаи худ манзил медоданд. Соли 1947 дар шароити баъдиҷангӣ як гурӯҳ шоирону нависандагон аз Хуҷанд ба Душанбе омаданд ва дар хонаи устод мезистанд, аз он зумра Пӯлод Толис ва Муҳиддин Фарҳат. Баъдан маҳз Боқӣ Раҳимзода аз Ло иқу Бозор Собир то бандаву Раҳмат Назриву дигаронро дастгиру ғамхор буданд ва нафақат дар эҷодиёт, балки дар тамоми мушкилоти рӯзгор кумак менамуданд.
Маҳз ба шарофати ҳаракатҳои устод Боқӣ Раҳим зода як теъдоди на ками адибон соҳиби хона шудаанд, ки аз Ҷумъа Одина то Раҳмат Назрӣ ба он шомиланд. Номҳои зиёди дигарро низ метавон овард, танҳо барои роҳ надодан ба иштибоҳ банда худдорӣ мекунам. Аммо ёдам намеравад, ки чӣ гуна устод Боқӣ барои хонагирии Бозор Собир чандин бор ба даргоҳи КМ рафта буданд.
Раҳмат Назрӣ ҳанӯз дар синфи 10-и мактаби миёна, дар Кӯлоб таҳсил мекард, ки устод ӯро кашф карда бу данд ва баъд аз интишори шеърҳои Раҳмати мактабхон дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” бо ташаббуси Мастон Шералӣ ӯро низ зери қаноти баэътимоди бо вари худ гирифтанд.
Устод Боқӣ, ба хушбахтии мо, як инсони хеле ра музфаҳм буданд. Он кас бе сухану пурсиш, бо як нигоҳ мефаҳмиданд, ки дар дили мо чӣ гап аст. Ва бисёр шудааст, ки бидуни пурсишу хоҳиши мо аз пеши худ ба мо дасти ёрӣ дароз кардаанд.
Боре чунин шуд. Мо ду адиби ҷавон — банда ва Раҳ мат Назрӣ бояд барои ширкат дар Фестивали умумии тифоқии шоирони ҷавони шӯравӣ, ки дар Туркманистон сурат мегирифт, ба Ашқобод сафар мекардем. Аммо табиист, ки намехостем бо кисаҳои тиҳӣ ба сафар ба роем, то дар байни ҳамсолони худ аз дигар ҷумҳуриҳо мулзам набошем. Бо Раҳмат маслиҳат кардем, ки ба назди устоди мушкилкушо Боқӣ Раҳимзода меравем, то аз хазинаи пурбаракати худ ба мо маблағе ҷудо кунанд. Аммо ҳамин ки бо устод рӯбарӯ шудем, касе аз мо ҷуръат накард, ки ин азмро ба ӯ расонад. Устод ҳам бо табассум бо мо роҳи сафед хоста хайрухуш карданд, аммо дасташон ба дари даромадгоҳи Иттифоқ, як ба қафо нигаристанду гуфтанд:
– Баъди нимрӯзӣ як аз шуъбаи мусоҳибот хабар гиред. Ку бинем, дар таги халтаамон ягон чи мондааст… Бале, устоди рамузфаҳм бе гуфтани мо ҳам азми дили моро фаҳмида буданд.
Беҳтарин навиштае, ки дар он симои ин шахсияти некниҳод таҷассуми шоирона ёфтааст, боз ҳам шеъри устоди зиндаёд Лоиқ Шералист, ки чунин оғоз меёбад:
Дар ин дунё ду-се марди бузурге пуштибони мост,
Дар ин дунё ду-се соҳибдиле ҳамдостони мост.
Ба зери осмони ниливу рӯи замини сабз
Замину бомашон, гӯӣ, замину осмони мост…
Дар ин дунё ду — се чашмони бино чашми дунёянд,
Ду-се тан покҷоне покии дунёи зебоянд,
Ду-се озодфикре ҷумла оламро кунанд озод,
Ду-се равшанзамире рӯшании ҳастии моянд.
Сипас ин шеър бо чунин байт ҷамъбаст меёбад:
…Тавонад ҳарки омӯзад ду-се ҳарфи савод, аммо
Чу Боқӣ ҳар ки қадри мард донад, устоди мост.
Устод Боқӣ Раҳимзода натанҳо мураббии ғамхору дастгири ҷавонону инсони нексиришт, балки шоири хуби замони худ буданд ва дар ҳамон марҳалаи рушди шеъру суруди тоҷикӣ саҳми боризи худро ниҳодаанд. Аз тамоми ашъори навиштаи шоир як инсони хушбин, некназару некмазҳар, хайрхоҳ, зебоипараст, инсонпар вару башардӯст бо мо сухан мегӯяд. Ӯ худ муҷассамаи меҳру дӯстӣ буд ва ашъораш низ тараннуми ин ғояҳои нек аст. Дар шеъри Боқӣ Раҳимзода муҳаббати Ватан, тараннуми ғояҳои баланди инсонӣ тавъамон бо заро фати зебо, ҳамон “як табассум”-и малеҳу нишотбахш баён ёфтааст. Ба ин гуфтаҳо таровати оҳангҳои халқӣ низ зам мешавад ва дар маҷмуъ ҳар шеъри Боқӣ Раҳи зода барандаи як пора нуру рӯшноист. Бо ҳама гароиш ва огоҳии хубе, ки ӯ аз шеъри классикӣ дошту шеърҳои суннатӣ менавишт, як озодӣ ва тозаҷӯиро дар ашъораш метавон мушоҳида кард. Дар шеърҳое чунин чун “Дар лаби обе”, “Нигоҳе”, “Эй чароғ” ва бисёри дигар аз ҷиҳа ти ҳам баён ва ҳам шакл тозаҷӯиҳои шоир намудор аст:
Дӣ шабе буд, ки ранҷида нигорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Бахт хандида хиромон ба канорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе.
Хуб санҷид, ки ман ошиқи як дилдорам,
Соф як дил дорам.
Ду нашуд ҳарфашу бар дидаи чорам омад,
Дар лаби обе,
Шаби маҳтобе…
Тозагиву равонӣ ва равшанбаёнӣ им кон додаанд, ки аксари ин шеърҳо суруда шаванд ва устод Боқӣ Раҳимзода воқеан яке аз беҳтарин шоирони суруднависи мо буд ва сурудҳояш имрӯз ҳам ҳамнавои рӯзанд ва дар дили хонанда баландтари ну самимитарин эҳсосоти ватандӯстиро бедор мекунанд. Хусусан, суруди “Ре спубликаи ман” дар оҳанги Шарофиддин Сайфиддинов ва иҷрои Аҳмад Бобоқулов ҳар бор тозаву таъсирбахш ба гӯш мера сад ва ба хазинаи тилоии ҳунари мо ворид гардидааст.
Устод Боқӣ дар сабки суннатӣ низ шеърҳои тозае бо забону нигоришҳои имрӯзӣ гуфтааст. Аз ҷумла ҳамон шеъри “Як табассум кун”, “Шодии дил”, “Дигар марав” ва бисёри дигарро метавон мисол овард:
Баҳри аёдат омадӣ, зуд биё, дигар марав,
Хонаи туст бурҷи дил, чун каси раҳгузар марав.
Рафта мадору тоқатам, бо ту ҳамеша роҳатам,
Шоми фироқ баҳри ман додаву чун саҳар марав.
Хам шуда рӯи бистарам, ранг бубину ҳол пурс,
Пуртабу тоб пайкарам, сӯхта чун шарар марав.
Дард дигар, даво дигар, чора дигар, шифо дигар,
З-ин ҳама бош бохабар, гуфта ту, алҳазар марав.
Омадаӣ ба пои худ, олиҳаи шифои ман,
Гар биравӣ, маро бибар, бе мани ҳамсафар марав.
Ёдам ҳаст, ки устод Боқӣ Раҳимзода вақтҳои охир таваҷҷуҳи зиёде ба шеъри шоирони сабки ҳиндӣ дош танд ва дар суҳбатҳояшон моро ба омӯзиши санъати сухан ва эҷоди тасвирҳои шоирона раҳнамоӣ мекар данд. Дар ҳамон пиронсолӣ шеъри шоирони ин сабкро бо шавқи беандоза аз ёд мекарданд ва дар суҳбатҳо ба забон меоварданд. Хусусан, аз Сайидои Насафӣ ҳамеша байтҳое вирди забонашон буд. Ин аст, ки мета вон аз эҷодиёи худашон низ чунин байтҳои шоиронаро пайдо кард:
Чароғи ишқ нури офтоб аст,
Куҷо мумкин бувад пӯшидани ишқ.
***
Зи гулзори муҳаббат ҷуз гули шавқат намечинам,
Ба сунбулзори хушбӯе ба ҷуз мӯят намехоҳам.
Ҳилол абрӯ намояд, аз нигоҳаш дида мепӯшам,
Ки дар авҷи талаб ҷуз авҷи абрӯят намехоҳам.
Аз вежагиҳои зиёди дигари шеъри Боқӣ Раҳимзода низ метавон сухан кард. Ӯ тасвири шоиронаи табиа тро дар баёни андешаи самимии худ хуб истифода кардааст:
Нишастгоҳи ман аст арчи домани хуршед,
Дил аз фараҳ зи нишоти назора шуд шодоб.
Сипеҳр чеҳра барафрӯхт, абри найсон рехт
Ба сӯи сабзаву гулҳо ҳазор гуна гулоб.
Ва аксари ин тасвирҳо мисли худи шоир, шахсияти ӯ ба дилҳо фараҳу рӯшноӣ мебаранд:
Саҳар паёми навин дод, офтоб омад,
Вазид дар дили ман хуш насими субҳи сухан.
Зи рӯи шамсу табиат саҳар сухан чидам,
Таҷассуми дили худро бубин зи ҳадяи ман.
Бидуни шубҳа, шеъри шоир ҳамеша таҷассумгари худи ӯ, эҳсосоту рӯҳияи ӯст ва ин байтҳо, ки ба ёдбуди ба қавли худи шоир “Ҳазрати Ҳофиз” суруда шудаанд, мароми баланди эҷодии ӯро ифода мекунанд ва иф тихори гузаштагон, сарбаландиву бовару умед ба ҳар мисраи он ҷилову дурахше бахшидааст:
Аз ишқи поку хуни дилу рӯҳи пурҷило
Дар маърази баҳори ҳаётам сириштаанд.
Ҷони сухан ба қолаби маънӣ гирифт ҷо,
Бар ман хати барот бузургон навиштаанд.
Ман ишқро чу шамси ҷаҳонгир кардаам,
Дарёдилон ба боли ҳумоям нишондаанд,
Тақдирро чу қофия тағйир додаам,
Дар роҳи рӯзгори навин ҷон фишондаам.
Ва дар ин чор мисраи зер тамоми расолат ва ҳа дафҳои баланди суханвар ва суханро тавонистааст шоирона ҷо кунад:
Ман худ суруши назмаму ҷӯшу хурӯши базм,
Ҷону ҷаҳони лафзаму оҳанги рӯзгор.
Авҷу барори азмаму тиру камони разм,
Резад мудом аз нафасам накҳати баҳор.
Вақте ки дар бораи Боқӣ Раҳимзода ва маҳбубия ти ӯ дар байни халқ сухан мекунем, бояд гуфт, ки ин муҳаббат хеле қавиву пойдор ва дуҷониба буд. Халқ Боқиро дӯст медошт, Боқӣ халқро. Ва муҳаббати халқ қариб аз ҳар навиштаи ӯ дурахшон аст:
Ҷонам фидои номат, халқи бузургворам!
Бар чашм хоки поят чун тӯтиё гузорам!
Симои халқ, заҳматҳои ӯро низ Боқӣ Раҳимзода хеле муассиру шоирона ба қалам додааст:
Ҳар як ниҳоли пахта чун тифл парваридӣ,
То ки набинад офат, роҳат ту ҳам надидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ,
То сарбаланд гардӣ, бисёр сар хамидӣ.
Шахсияти дӯстхоҳу дили сулҳпарвари Боқӣ Раҳим зода буд, ки ӯро нафақат дар Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди он ҳам мардум меписандиданду бар ӯ муҳаб бат доштанд, зеро ӯ ба ҷуз шахсияти хайрхоҳаш, дар ашъори худ низ ғояҳои сулҳу дӯстиро тарғиб намудааст. Ва касе натавонистааст, ки мисли Боқӣ Раҳимзода пайванди ҷудоинопазири мардуми тоҷику ӯзбекро дар чор мисраъ чунин муъҷаз ва нишонрас баён кунад:
Фарқи ҳама мардумони олам осон,
Аммо шуда мо ба ҳам чунон ҳам наздик,
Бинанда чунин суол орад ба миён:
Эй ҷӯра, бигӯ, ту ӯзбакӣ ё тоҷик?
Ҷойи баҳс нест, ки яке аз вежагиҳои дурахшон ва фавқулодаи Боқӣ Раҳимзода танз ва ҳаҷви ширину намакини ӯ буд ва гуфтору рафтори ӯ дар ифшои танз то ҷойе расида буд, ки вақте ӯ ба минбар мебаромад, ҳамин танҳо сукути маънидораш мардумро механдонд ва вақте ки ӯ хеле ҳунармандона абрӯ мепаронд, толор, ҳанӯз ҳарфе нагуфта, саросар гирифтори ханда мешуд. Ман чунин шахсеро ҳатто аз байни ҳунармандон нади дам, ки будуни ибрози ягон ҳарф тавонад мардумро танҳо бо имое ё нигоҳе маънидорона чунон хандонад, ки онҳо аз ҳол раванд. Албатта, дар он лаҳзаҳо дар паси ҳузури устод Боқӣ шахсияти шӯху ҳаҷвнигори ӯ ва муҳаббату шинохти мардум ҳам кори худро мекард. Дар шахсияти Боқӣ Раҳимзода бе шубҳа як ҳунарманди фавқулодаи ҳаҷвнигор ниҳон буд. Бояд гуфт, ки Боқӣ Раҳимзода як ҳаҷвнигори бузурги адабиёти мо буд. Ва нақлу навиштаҳои ҳаҷвии ӯ то имрӯз дар байни мар дум вирди забонанд. Ҳаҷв ва танзи Боқӣ Раҳимзда на кам аз ашъору сурудҳову дигар навиштаҳои ӯ симои эҷодиашро таҷассум кардаанд ва дар байни мардум маҳбубият доранд.
Имрӯз ҷойи Боқӣ Раҳимзода холист, инсоне, ки дили пур, пушту паноҳ ва раҳнамои адибон буд. Имрӯз он суханони маънидору дурбинонае, ки устод Боқӣ ба Муъмин Қаноат дар поёни умраш гуфт, аз заковати бузург ва пешбинии ин марди шариф гувоҳӣ медиҳанд. Муъмин Қаноат менависад: ”Танҳо як бор, ки бо ҳам будем, гуфтанд:
– Муъминшоҳ, ин тарафаш худат эҳтиёт шав. Ҳайф, намедонам туро ба кӣ монда равам.
Дар он вақт ман раиси Иттифоқи нависандагон, барандаи Ҷоизаи давлатии иттиҳоди Шӯравӣ ва номзад ба намояндагии Шӯрои олии СССР будам. Бузургии инсонро ҷӯед ва ёбед.”
Рӯзе, ки устод Боқӣ Раҳимзода ҷаҳонро падруд гуфт, хурду бузурги кишвар ашк мерехтанд. Одаме, ки як умр ҳамеша ҳамаро механдонд, имрӯз бори аввал бо марги худ водор кард, ки мардум ашк резанд… Дар қатори халқе, ки шоир ва шахсияти маҳбуби худро ба роҳи охират гусел мекард, адибони тоҷик, ки аксарашон парвардаи дасти меҳру муҳаббати ӯ буданд, аз пайи тобут ашкрезон мерафтанд… Боқӣ Раҳимзода рафт, аммо ҳамшабеҳи ӯ дигар наёмад, чунон ки ҳамшабеҳи Турсунзода низ… Банда дар ин саф равон будам ва беихтиёр ин байтҳоро замзама мекардам:
Видоъ, эй боғбон, рафтӣ, чаман монд,
Чу оби дида шабнам дар суман монд.
Пас аз ин боғбоне чун ту ғамхор
Магар ояд, ки пайванди сухан монд?
Гули ханда шукуфад боз оё,
Дили хандони ту чун аз задан монд?
Пас аз он хандаҳои умрафзо
Ғамат чун ашк дар чашмони ман монд.
Ту будӣ ханда дар рухсори мардум,
Ту рафтӣ, ашки ғам бо марду зан монд.
Ватан карданд мардум дар дили ту,
Ба мо ҳамчун дилат аз ту Ватан монд.
Сухан бошад агар мероси шоир,
Зи Боқӣ ҳам сухангӯ, ҳам сухан монд.
Ёдашон ба хайр!
Камол НАСРУЛЛО