30.8 C
Душанбе

Як ҷумлаи нотамом

Шаршараи овозадор

Таги оби шаршара ба устод форида, диле, ки об ба сарашон шораду шорад. Роҳат, ҳаловат, осудагӣ. Лек то кай? Назари одамон ба он кас. Рӯ ба роҳи баромадашон шуданд. Шаршараи овозадор аз сӯрохии ба даҳони дегдон монанди танаи кӯҳ ба поён мефурояд. Садояш гуворо, ширин. Агар дардмандие, фаромӯш мешавад. Зарраҳои об ба дуриҳо, ба болои баргҳои дарахтон ва ба рӯи гулу гиёҳҳо, аз дурахши офтоб чи манзараи зебо ва дилнишине. Дар пешгоҳи шаршара майдони васеъе, қолиносо, дарахтони беҳисоби ча нор, онҳо ҳар кадом афсонае, ки аз кадом як аср монда, шоху навдаҳо аз қуллаҳои кӯҳ боло, рӯ ба кабудии осмон, баргҳо аз нурҳои офтоб тиллоӣ, зарринтоб, ранг ба ранг. Устод дар баромадгоҳи шаршара, даст дар санге, мафтуни тамошо. Баъд рӯ ба нишебӣ, нишебие, ки то поён ҳамвор не, боз сангҳои хонамонанд, ки гирд-гирдашон тоб мехӯрӣ, оҳиста-оҳиста бо эҳтиёт қадам мениҳӣ. Дар поён ҷои ба он кас писанд рӯи суфа, суфа дар таги чанори лаби сангоб. Оби сангоб – ҳам аз шаршара, об нуқра, пуртуғён, хеле, як осиёб, қад-қади сангоб боз ҷӯйчаҳои об аз адиру пуштаҳо мехамад. Устод ба ин манзараҳо дилбохта. Мепурсед, ки устод кистанд? Устод нависандаи машҳури аср Фазлиддин Муҳаммадиев, устоди мо нависандагон. Боз мепурсед, ки роҳашон чӣ тарз ба деҳаи Мағмуруд кашида шуда?

Дар деҳаи Моинкаҷ, ки оби он ҳам аз шаршараи Мағмуруд аст, хешовандонашон мезистанд, онҳо омӯзгор. Сабаби дигар банда, ки шогирдашон ҳастам. Деҳаи мо ба Мағмуруд наздик. Худи устодро гоҳе хумори тамошои шаршараи Мағмуруд мегирифта. Як номаашон:

Кароматулло!

Мо – Муҳаммадиев, Ӯ. Куҳзод ва Саттор Турсун омадем, шуморо наёфтем ва баромада Мағмуруд рафтем, агар ёбем… Хоҳишмандем, тавонед, баъди намоз бо мо ҳамроҳ шавед.

09.05.1980, соати 10

Ташвиши рӯзгор

Дар як гӯшаи ҳавлӣ пал, ҷӯякҳои гул, бодиринг, помидор. Ниҳол лозим. Ба шаҳраки Янгибозор (ш.Ваҳдат) рафта будам. Чӣ ниҳоле хоҳем мавҷуд. Бештар ниҳоли помидор гирифтам. Аз рӯи гуфтаҳо серҳосил, навъ ба навъ, навъи аълои хушранг, чун мешинондаем, ба гул медаромадаанд.

Бо хурсандӣ ба хона баргаштем. Ба номам мактуб, хондам. Саросема шудам, намедонам чӣ хел мошин мерондам, то Мағмуруд хеле роҳ. Дар пеш талу теппаҳо. Дар рӯзҳои баҳор гулпӯш, сабзаю себаргазор. Устод Фазлиддин Муҳаммадиеву ҳамроҳо нашон пиёда роҳӣ шуда будаанд. Аз афташ, дар роҳу рӯ ғарқи тамошо. Ҳар қадар бо суръати баланд мошин мерондам, ба хаёлам, ки дер мешуд. Ба наздикиҳои шаршара расидам.

Он ҷо серодам. Маълум, аҳли деҳа аз омадани устоду ҳамроҳонашон хабар ёфта, бисёриҳо ба по. Дар рӯи суфа ҷой густардаанд, меҳмондорӣ. Дар он рӯз устод бо ҳамроҳон ба Мағмуруд омада, дар суфаи канори сангоб нишаста буданд. Ҷои ба худашон маъқул. Минбаъд, ки ба Мағмуруд меомаданд, дар болои суфа менишастанд. Дар он рӯзи мавриди тасвири мо, ки устод аз зери оби шаршара баромада буданд, баъд ба болои суфаи таги чанор омаданд.

Деҳаи Мағмуруд ҷои рафту омади устод Ф. Муҳамадиев ҳам шуда. Дар ин ҷо он касро мешинохтанд. Ба меҳмонӣ мехонданд. Як шиносашон мудири мактаб, ширкаткунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон Абдуфаттоҳ Шарифзода, ҳамсарашон бонуи олмонӣ Людмила Григоревна, дар Берлин шинос шуда будаанд. Тақдир бонуро ба Мағмуруд оварда. Ба пирӣ расидаанд. Людмила Григоревна аз устод китоб мепурсидаанду китоб мехонда. Фарзандон баркамол, тарбиятдида. Якеашон пас аз падар мудири мактаб, дигарӣ Азизбек сиёсатмадор, арбоби намоёни давлатӣ, котиби аввали ҳизби коммунисти ноҳия.

Баъди фавти устод шогирдашон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бештар ёдовариашон менамоянд. Ҳамин рӯзҳо дар бораи устод китобашон “Инсон ва нависандаи нодир” дастраси хонандагон гашта.

Талошҳои дилсӯзона

Дар асар талошу дилсӯзиҳои устод барои шогирдон ба қалам омада. Мисолаш худи Абдулҳамид, ҳикояҳои “Даҳмарда”, “Эҳтиёт” ба устод пешниҳод шуда. Ҳарчанд, ки барои нависанда душвор, вале устод онҳоро танқид кардаанд. Ҳатто ба ҳикояи “Даҳмарда” эрод зиёдтар. Вай дар газетаи “Маориф ва маданият” чоп шуда, беҳтарин ҳикояи муаллиф ба ҳисоб мерафт. Мешунидем, ки устод ба навиштаҳои шогирдон аксар аз назари танқид менигаристанд. Мегуфтаанд, ки “бо болобардории сунъии аз ҳад зиёд шоиру нависанда сохтан хидмати хирсона”. Устод камбудиҳои кадом шогирдеашонро, ки мегуфтаанд, боз бо ӯ меҳрубон. Дилбардорӣ, тасаллӣ. Ба худи Абдулҳамид ҳам ҳамин ҳол рух дода. Дар садорате, ки дар китобхонаи Лоҳутӣ мегузашта, сухан аз эҷоди ҷавонон, як ҳикояи Абдулҳамид “Эҳтиёт”-ро устод низ танқид кардаанд, ҷумла ба ҷумла, ҳарф ба ҳарф. Дар миёни дӯстону ҳамқаламон ба Абдулҳамид асар. Хоста худро ба каноре кашад. Устод наздаш омаданд, дасташро самимона фишурда, бо меҳр ба чашмонаш нигаристанд.

Устод то ба нашр омадани китобҳои аввали шогирдон гӯё мутасаддӣ, пурсида меистодаанд, боз мададгор мешудаанд. Китоби ҳикояҳои Абдулҳамид “Шохи чанор” дергоҳ чоп нашуда, худи устод ба директори нашриёти “Маориф” муҳтарам Собир Хоҷаев гап зада. Ҳамин хел воқеа дар масъалаи чопи китоби аввали банда ҳам ба вуқуъ омада. Қиссаи “Ситораи умед” дар Иттифоқи нависандагон муҳокима ва дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуда, баъд боз бо мактуб ба нашриёти “Ирфон”. Қисса он ҷо се сол боз мехобид, аз тақдираш бехабар, ба кӣ чӣ гуфтанамро намедонистам. Устод фаҳмиданд. Пагоҳии дигар муовини мудири нашриёт аз ҳуҷрааш берун омад, мағал.

“Чӣ гап?” Ӯ гуфта, ки дод, сад дод аз ҳамшаҳригарӣ. “Чӣ гуна ҳамшаҳргарӣ?” Талабе, ки китоби Кароматуллоҳ Мирзоев ҳатман ба нақша дохил шавад. “Кӣ ҳамшаҳрӣ?” Устод Фазлиддин Муҳаммадиев. Ҳама дар ҳайрат, устод бо Кароматуллоҳ ҳамшаҳрӣ не, он кас аз Самарқанду Кароматуллоҳ аз ҷамоати деҳоти Роҳатӣ. Муовин мефаҳмад, дар хиҷолат.

Устод ҳамеша ба шогирдон меҳрубон, дар маъракаҳои хушию нохушиашон ҳозир. Аз ҷумла тӯю маъракаҳои хурсандии мо бе он кас намегузашт. Воқеаи нохуше ба ёдам омад. Марги бародар. Дар аввали романи “Дар орзуи падар” навишта шуда буд: “Ба ёди бародарам Амонӣ”. Марги ана ҳамин бародарам барои ман, модар, аҳли хонадон қиёмат буд. Аз хабар додан ба устод худдорӣ намудам.

Дунё ҳамин хел, додар

– Кароматуллоҳ, салом, – муаллим номамро гирифта муроҷиат карданд ва дар оҳанги гапзаниашон дарду аламе, ки он рӯзҳо маро дарёфта буд, ҳис мешуд.

– Ассалом, муаллим, – ҷавоб гардондам бо телефон.

– Дилатон ганда нашавад, дунё ҳамин хел аст, додар, чӣ мекунед?.. Лекин нағз накардед, ба ҷаноза хабар надодед.

Муаллим бародарамро медонистанд, аз тақдираш огоҳ. Аз дунё рӯз нодида, қисмат ба ӯ нохушӣ оварда. Дар серӯзагӣ босмачиҳо падарашро куштаанд. Рӯи хона хун, ҳама ҷо ғарқи хун. Тифли серӯза миёни хун монда. Модари зор тифл дар оғӯш ҳайрону дар ҳарос. Оқибати ба ӯ шири ботарс доданро медонист, вале ноилоҷ. Вай гурусна, аз гиря намемонд, беҳол, қарибе нобуд мешуд. Худо мегуфт рӯзи ӯро ба сари морҳои газанда наорад. Ба тифл шир дод, рост мегуфтаанд, тифл нуқс ёфта. Азобу озори якумра.

Модар кардаанд, зиндагии тифл дар хонаи падари ӯгай. Ӯ сиҳат не, ноқис, фарзандони дигари падар ӯро чашми дидан надоштанд. Ба замми ин солҳои қаҳтӣ, гуруснагӣ, тақсими нон. Ҳаққи Амонии модар кам, бо мақсади рӯзҳои хуш, амон – амон ба вай Амонӣ ном ниҳодаанд. Модар ғами ӯро мехӯрданд, нони худашон ҳам барои ӯ. Бачаҳои хона бағали акаамро мекофтаанд, номи модарам бад, дасташон қалб, барои бачааш нон пинҳон мекарда. Ҳамин тавр, бародарам Амонӣ то охири умр ноосуда, гапшунав. Модар худро гунаҳгори ҳоли ӯ медонистанд, ки ба вай шири бо тарс доданд. Ва агар гоҳе муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев меҳмони мо мешуданд, албатта, аз ҳама аввал ба хонаи зисти акаам медаромаданд, наздашон менишастанд, ҳолу аҳвол мепурсиданд. Мешуниданд, ки дардашон бедаво, бештар ғамгусораш мешуданд.

– Ҳа, мулло, ин дард аксар аз зиқӣ сар мезанад, одам месӯзад, – мегуфтанд ба банда ва оҳи сард мекашиданд.

Ва муаллим аз марги бародарам Амонӣ хабар ёфта норизоӣ доштанд, ки ба ҷаноза он касро хабар надодам. Он рӯз ба муаллим гуфтам, ки фалон рӯз фотиҳа.

Рӯзи ҷумъа буд. Аз кор баргаштам. Муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев хона омада будаанд. Чанд лаҳза рӯи кати зери толор нишастаанд. Писарам Иқболи хурдакак ҳам назди он кас баромадааст. Тифли дигарам Парвизро дар дасти модараш дида, пурсиданд, ки оё писар аст. Баъд ӯро ба бағал гирифта гуфтаанд:

– Офарин, келин, шумо қаҳрамон.

Суханҳои неку лутфомези муаллим аз ёдҳо намераванд. Муаллим шахси наздики аҳли хонадони мо буданд.

Номаҳои устод

Абдулҳамид филмнома ҳам навиштаанд. Наворҳо аз Мағмуруд, аз мавзеъҳое, ки устод дар он ҷойҳо буданд. Ману Абдулҳамид бо муаллима Людмила Григоревна вохӯрдем. Аз хонаашон намебаромадаанд, солмандтар, пирӣ, дар даст китоб, бо як шогирд дар суҳбат.

Аз банда низ ба ёди устод чанд навишта. Ҳикояи “Дили пурормон”, силсилаи мақолаҳо. Дар рӯзҳои мотам устод бештар дар хаёлу дар пеши назарам. Китоби “Дӯстон тоҷи сар”-ашон (нашриёти “Ирфон”, соли 1985, теъдод 14-ҳазор)-ро мехондам.

Дар он қисса, очерк, эссе, ҳикоя. Ҳама чун як барги сабзе аз устод Ф. Муҳаммадиев ба аҳли илму адаб, ба устодону дӯстон. Эссее аз ҳаёту фаъолияти устод Ҷалол Икромӣ. Дар чанд ҷумла мазмуни як мақола.

“Ҷалол Икромӣ бо сеҳри қалам ва заҳмати бардавоми нимасра оламе офаридаанд. Олами пур аз қиссаҳои шавқангез, пур аз типҳо, характерҳои зинда ва аҷоиб, саршор аз панду ҳикмат” (“Дӯстон тоҷи сар”, саҳ.39). Боз мебинем, ки устод Раҳим Ҳошимро чи тарз ба хонанда шиносондаанд:

«Раҳим Ҳошим аввалин котиби масъули маҷаллаи “Роҳбари дониш” (1926) буданд, ки сароғози маҷаллаи ҳозираи “Садои Шарқ” будааст. Соли 1934 котиби масъули правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, вакили нахустин анҷумани нависандагони СССР интихоб шудаанд. Дар паҳлу ва таҳти назари устод Айнӣ ва устод Лоҳутӣ барин арбобони намоёни адабиёти советӣ хидмат кардаанд, ки чеҳраи онҳоро аксари мо, хонандагони имрӯза, аз рӯи китобҳо ва аз ҷумла китобҳои навиштаи Раҳим Ҳошим дидаем (“Дӯстон тоҷи сар”, саҳ. 49).

Як номаи устод ба Барно Исҳоқова:

“Шумо “Муноҷот” мехондеду ман ҳам ба хаёл рафта будам. Шумо қисми зиёди сурудҳои классикиро беҳтар, дилхурӯштар аз дигарон мехондед (“Дӯстон тоҷи сар”, саҳ.36)”.

Як талошашон баҳри ӯ дар ёдҳо монда. Барно Исҳоқова ба Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод мешаванд. Довталабҳо зиёд, мухолифҳо низ. Устод ҷонибдори Барно Иҳоқова. Гуфтаанд, ки агар ҷоиза барои Барно Исҳоқова нашавад, он кас ҳам аз ин ҷоиза даст мекашанд.

Ҳар ҳарфу суханашон дар ҳаққи дӯстон аз рӯи меҳру дӯстдорӣ. Гуфтаанд, ки бо дӯстон зиндаанд. Пас аз сарашон акнун худашон тоҷи сари дӯстон. Бо ҳамин ном банда китобе ба чоп ороста (“Тоҷи сари дӯстон”, нашриёти “Адиб”, соли 1991). Шоири маҳбуб Бобо Ҳоҷӣ дар бораашон нигоштаанд:

Дӯсти ман нест бо ман баъд аз ин,

Баъд аз ин бинам варо танҳо ба хоб.

Ҷои Фазлиддин шуда хулди барин,

Ҷои ман кунҷи ҷаҳим асту азоб.

Баъд аз ин ҳам нур пошад офтоб,

Баъд аз ин ҳам сабзгун бошад замин,

Одамӣ ояд ба дунё беҳисоб,

Лек мисли ӯ наояд баъд аз ин.

Ду номаи алоҳида

Мулло Кароматулло!

Повест баромадааст (қиссаи “Шабе дар Кабудҷар”дар назар аст К.) Лекин боз андаке кор металабад:

Аввал таҳрири бодиққати услубӣ. Баъд чанд нуктаи дигар.Дар повест ҷанги авлод бо авлод ҳаст. Ҳамин чиз ҳатман чун як зуҳуроти нозеб, пӯсида, зарарнок тасвир, таъкид шавад. Ҳат ман ва хеле равшан…

Ҳамаи қайдҳои ман бо қалам навишта шудааст. Бо хаткӯркунак кӯр кардан мумкин.

Повест муборак бошад. Аз пешрафти Шумо шодам.

Ф. Муҳаммадиев

***

Ҳазратам, салом!

Муаллифи ин мактуб муаллими таърих аст, дар мактаби миёна. Дар ёд дошта бошед, аз саҳ. “Ад. ва санъат” ба яке аз мактубҳояш дар мубоҳисаи ҳафтавор оид ба васвасаи чизпарастӣ ҷавоб навишта будам. Ин мактуб аз ман дида ба эҷодиёти шумо дахл дорад. Аз ин сабаб ба сӯи шумо роҳӣ мекунам. Аз рӯи мактубҳояш чунон мухлиси аҷоиби адабиёт ва адибон аст, ки агар яке аз китобҳоятонро ба номаш фиристед, сараш ба осмон мерасад.

Бо иродат бародаратон Фазлиддин Муҳаммадиев. 07.01.1986

Пешомадҳои ноаён

Устод нависандаи ҳаҷвнигор ҳам. Ҳикояи “Аспи суғурта”-ашонро имрӯз ҳам, ки кас хонад, худро аз ханда нигоҳ дошта наметавонад. Гоҳе шӯхӣ карда маро “мулло, ҳазратам” ва вақти намоз гуфта механдиданд, дар номаҳояшон низ ҳамин тавр зикр мешудам.

Банда сармуҳаррири нашриёти “Адиб”. Устод худашон китоби қисса ва очеркҳояшон “Варта”-ро ба чоп ҳозир намуда буданд. Аз он рӯзҳо чанд нома!

Ҳазратам, салом!

Папкаро ба дасти ёрдамчиатон супурда рафтам. Шарҳаш бо телефон. Фақат якта очерк мондааст (дар дасти мошинка). То Соли нав мешавад. 2 папка барои он ки ба якеаш нагунҷид.

Соли нав муборак бошад!

Бо эҳтиром Ф.Муҳаммадиев. 24.12.1985

***

Ҳазратам, салом!

Ҳамсоядухтари рӯбарӯятон Галинахонуми нозанин илтифот карда, нусхаи контролиро ато фармуданд. Хулоса, мурод ҳосил. Соли наватон боз муборак бодо!

Саломатии маҳкаму мустаҳкам ба ҳамаи аҳли байт, саҳифаҳои зебою ботароват барои худатон ва хонандагонатон фаровон оварадо!

Ф.Муҳаммадиев 03.01.1986.

Баъди бо дасти худашон ислоҳ шудани хатоҳои дастнавис, китобашон “Варта” ба чоп фиристода шуд, муаллим хурсанд. Вале аз оқибати он ки ин китоб дар чи рӯзҳое ба дасташон мехӯрад, ноогаҳ. Пагоҳии 15.07.1986. Бармаҳал ба кор омада будам, ки нооромӣ. Дар забони ҳама хабари хунук: “Муаллим Фазлиддин Муҳаммадиевро бо корд задаанд”, боз давоми хабар мудҳиштар, ба гуфтае аз олам гузаштаанд. “Наход ҳамин хел одаме бошад, ки ба сари муаллим мушт бардорад… Наход Муҳаммадиев акнун дар қайди ҳаёт нестанд?” Мо ҳама дӯстону наздикон сӯи беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” мешитофтем. Устодро ба ин ҷо овардаанд. Рӯзи дуюм андаке ба худ омадаанд. Дар атрофи беморхона шиносу наздикон, мухлисон, аҳли илму адаб беҳисоб. Баъзеҳо барои дидорбинӣ наздашон даромаданӣ, яке аз духтурони машҳур, ки нигоҳубини муаллимро ба уҳда дошт, шиноси наздикам, аз ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, аз деҳаи Теппаи Самарқандӣ Бурҳониддин. Ваъда дод, ки маро ба наздашон мебарад. Аммо пас аз чанд лаҳза аз пешашон берун омада гуфт, ки табашон баланд, ҳолашон нохуб. Аз Бурҳониддин хоҳиш кардам, ки ба устод саломи маро расонад. Дар ҷавоби салом ӯ аз муаллим мужда овард, хатчае ба номам.

Ҳазратам, салом!

Беташвиш бошед, табобат муътадил меравад. Ба дӯстон салом.

Ф.М-и шумо.

Аз номашон мактуб? Чӣ хел нома навиштаанд? Маҷруҳ, ҷароҳатҳои корд, шояд дасту панҷаҳо хунолуд. Қалам доштаанд, коғазпораи кадом як ҳуҷҷати духтурӣ. Ҳарфҳои каҷу килеб рӯи як пора коғази дарида, як ҷумлаи нотамом, як нишона, табаррукие аз нависандаи бузург Ф. Муҳаммадиев. Ҳамин хел буда оқибати вафои олам ба одам, ба одамиён, олами афсона!

Ин хатчаи аз беморхона омадаро миёни коғазҳо нигоҳ медорам, гӯё бемор аст, ки ғамхораш ҳастам, эҳтиёташ менамоям.

Давоми табобати устод дар беморхонаи Шаҳраки тиббӣ. Хабаргириашон мерафтам. Аз вазъи китобашон хабар додам: “Варта” аз нашр баромада. Сифаташ нағз, муқова зебо, ваъда додам, ки барои худашон меорам ва ҳамчунин гуфтам, ки дар нашриёт вазъияташон ба ҳисоб гирифта шуда, ҳаққи қалам андаке бештар…

Дар рӯи ҷойгаҳ, дар зери бағал болишт якнима рӯ ба банда менишастанд. Дар чеҳра ризоятмандӣ. Хурсандтоб, дар ҷавоб чанд ҳарф, сиҳат ёбанд, аз беморхона бароянд, пули китобро гирифта ба истироҳатгоҳ мерафтаанд, маърака ҳам мегузарондаанд. Ҳамин хел орзую ниятҳо. Вале афсӯс, ки пули китобро аҳли хонадони муаллим баъди сарашон дар рӯзҳои мотам сарф карданд. Орзуҳои муаллим рӯи об наомад.

Вале хушҳол ҳастем, ки устод Фазлиддин Муҳаммадиев имрӯз низ бо моанд.

Кароматуллоҳи МИРЗО,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

25.07.2025

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо