25.4 C
Душанбе

Як ҳамел танзи Абдурауф Муродӣ

Имрӯз нависандаи хушсалиқа Абдурауф Муродӣ солгарди умр дорад. Ӯ 1-уми апрели соли 1961 дар деҳаи Хоҷапанҷи ноҳияи Панҷиканд ба дунё омада, таҳсилоти миёна ва миёнаи касбиро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст. Донишомӯхтаи риштаи суханшиносии Донишгоҳи омӯзгории Душанбе дар соли 1985 мебошад.

Вай ба унвони омӯзгор соле чанд кор карда, муддате муовини сармуҳаррири нашрияҳои “Нурафшон”, маҷаллаҳои «Дайри муғон» ва «Сомониён» ва раиси бахши панҷикандии Бунёди байнулмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст. Аз соли 2002 муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» аст.

Абдурауф Муродӣ аз даврони донишҷӯйӣ ба эҷодкорӣ машғул буда, навиштаҳояш пайваста дар маҷаллаву рӯзномаҳо ба табъ мерасанд. Муаллифи китобҳои «Дили гарм», «Мӯйлаб», «Ҷасорат», «Аз нешханд то нӯшханд», «Лутфи Худованд», «Шукуфти ғунчаи лабҳо», «Анори дона-дона», «Чошнӣ» ва қиссаи ҳаҷвии «Ману занам» мебошад.

Ӯ барандаи ҷоизаи Ҷамъияти шуравии «Дониш» ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳсуб мешавад. Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ба баҳонаи зодрӯзи Абдурауф Муродӣ намунаҳои танзашро пешкаши хонандагон мегардонем, ки шинохте аз воқеъиятҳои рӯзгор буда, лутфи намакин доранд:

Гуфтанд: – Аз ҳар чизи хуб ҳадди ақал бояд дуто дошт.

Дузана хурсанд шуд.

***

Дар сари сардор кулоҳи масхарабоз ҳам мезебад.

***

Ҳақиқатро урён мекунед? Ҳай-ҳай, шарм доред, рафиқ муфаттиш, ин ҷо занҳо низ ҳузур доранд.

***

Ҳасрати кал: Худовандо, аз ту илтиҷо карда будам, ки мӯйро аз хамир ҷудо кун, на аз сари ман.

***

Адабиётшинос: – Шеъри машҳури «Аз хоби гарон хез» яқинан илҳом аз бонги хурӯс аст.

***

Оне, ки бори аввал ҳангоси харро шунид, андешид: «Ин ҳайвон гумон мекунад, ки ҳамаи атрофиёнаш каранд».

***

Шикам ба даҳон хушомад зад:

– Вақте шумо во мешавед,

Даҳчанд зебо мешавед.

***

Сарватманд, ки ба боғ даромад, бӯйи пул бӯйи гулро пахш мекунад.

***

Таманнои ронанда: Бигзор аломати хитоб дар китоб монад, на дар дасти милиса!

***

Бисёр маймунбозӣ накун, ки руҳи Дарвин бедор мешавад!

***

Шайтон аз занон хоҳиш кард, ки барои такмили ихтисосаш ба ӯ ёрӣ расонанд.

***

Аз шеърҳои урёнатон маълум, ки парии илҳоматон бадахлоқ аст.

***

Аз дафтари хотира: «Аз ҳамон соле, ки риштаи умри шавҳари зани ҳамсо яамон канда шуд, риштаи меҳри ману занам низ гусаст».

***

Ба хонаи мо меҳмон мешавед? О, шумо ҳамеша «ман аз ҳар гуна рафтори ношоиста худдорӣ мекунам» мегуфтед ку?!

***

Шикояти пашша: — Сарам дард кард. Хунаш вайрон будааст!

***

Дар ҷангал халта гум шуд. Ҳамаи ҳайвонот аз кенгуру гумонбар шуданд.

***

Мору ресмон дӯст шуданд. Нотавонбинон морро ба ресмон баста овехтанд.

***

Обрӯяш боиси сероб гардидани полезаш шуд.

***

Аз дафтари адабиётшинос: «Аз «Бӯйи ҷӯйи Мулиён»-и устод Рӯдакӣ димоғи Абузироа сӯхт».

***

Зиндагиномаи баъзеҳоро хонда, ба «зинда» буданашон шубҳа мекунӣ.

***

Дар обшорон роҳ надоданд. Маҷбур шуд, ки дар биёбон осиёби обӣ созад.

***

«Сарат ҳамеша сабз бод!» гуфта, ба сараш об рехтанд.

***

Аљаб дунёе, баъзан баҳрнавард дар ҷӯйча ғарқ мешавад.

***

Худамро чӣ қадаре хоҳед, занед, лекин маошамро назанед.

***

«Остината ҷунбонда биё!» гуфтам. Омад! Акнун корам фақат «остинпур кунӣ» аст.

***

Гуфтанд, ки фалонӣ дар ғарибӣ фавтидааст. Гӯрков филҳол суол кард: Мурдаашро меоранд?

***

Зандории баъзеҳо аз азодорӣ кам фарқ мекунад.

***

Карам: Ҳама маро каллаварам мегӯянд. Як бор ба тарбуз ҳам нигоҳ кунанд, охир!

***

Чапдаст буд, чапкору чаправ ҳам шуд. Лозим омад, ки чаппааш кунанд.

***

Пӯсткандаи гап ҳамин, ки барои сад пӯстро дуздиданам маро пӯст канда нианд.

***

Мудир як даста пулро ба муфаттиш дароз кард: «Инҳо пора не, коғазпораанд, бародар».

***

Аз дузди зӯр хӯса мехӯсад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо