Шоир худованди калимот аст. Меъроҷи рӯҳонии шоир то ба меъроҷи калимот аст. Шоир дар фазои калимот мезияд, бо халлоқияти ҳунариаш даст ба кашфи калимот мезанад. Ва шоир аст, ки мехоҳад дар соҳати калимот Замину Осмон ва Одаму Оламро бигунҷонад.
Ҳарчанд ба қавли Шамси Табрезӣ «домони иборот сахт танг аст» ва шоир наметавонад тамоми бардошту хулосаҳояшро аз рӯзгор ва ҳастӣ дар қолаби вожагон бирезад, боз ҳам бо калимот тасвиркорӣ мекунад. Тангнои калимот ба шоир имкон намедиҳад, ки тамоми ангезаҳои рӯҳ ва тафаккурашро дар либоси вожагон ҷилва бидиҳад.
Ин аст, ки ормони ҳар шоире пас аз тавлиди ҳар шеъраш ношикаста мемонад ва шоир гумон мебарад, ки беҳтарин ва олитарин шеърашро ҳанӯз нагуфтааст. Ва ё ба маънии дигар ба кашфи калимоти шеъри оливу ормониаш ҳанӯз даст наёфтааст. Ҳамин ношикаста мондани ормон ва орзуи гуфтани шеъри олӣ ва роҳ ҷустан ба розу румузи калимот шоиронро бештар ба омӯзишу ҷустуҷӯ водор месозад. Шоирони бузург мехоҳанд ҳар қадр соҳати калимоти забонро фарохтар бисозанд, то шеъри олиашонро гуфтаву ормони шоириашонро бишкаста бошанд, зеро ҳар навию тозакориҳои илмиву адабӣ дар қолаби забон ва калимоти он рехта мешавад.
Чунин шоирони навпардоз даст ба кашфи калимот мезананд ва дар умри дароз дидани забони модариашон ёрӣ мерасонанд.
Яке аз шоироне, ки даст ба нав кардани вожагон ва дарунмояи шеър ёзида, ба шеъри нави тоҷикӣ нафаси тозае дамидааст, Доро Наҷот мебошад.
«Маҳтобе хамида дар рукуъ» маҷмуае аз ин шоири тозагуфтору тозаандеш аст, ки шомили шеърҳои сафед, нимоӣ ва ғазалгунаҳо буда, аз тасвиркориҳо ва хаёлпардозиҳои гӯяндааш шаҳодат медиҳад.
Доро шеъри сафед мегӯяд ва яке аз саромадон ва гӯяндагони тавоно ва огаҳи ин навъи шеър дар Тоҷикистон аст. Агар бигӯем, ки гунаи миллӣ ва тоҷиконаи шеъри сафед дар адабиёти тоҷикӣ ба исми Доро Наҷот пайванд мегирад, шояд саҳве нахоҳад шуд, зеро Доро дар шеъри сафеди тоҷикӣ бо вожагон, бо дид, назар ва сабки тозаи худаш ворид шуд. Вожагони шеърро низ нав кард.
Басомади калимоти нави ашъори Доро аз қабили вожагоне чун кайгоҳ, худиш, каёранг, фурӯҳида, варҷованд, радӣ, усарён-усариён, навасон, огин, дӯсидан, фари бурз, садгис, ангуштона, шабанбӯ, обранҷак, ожирок ва амсоли инҳо хеле зиёданд. Шумораи чунин калимоти зебо ва тоҷикии форсии нобро, ки танҳо дар шеърҳои Доро зиёд ба кор рафтаанд, бамаротиб метавон афзуд, вале бо ҳамин намунаҳо иктифо карда шуд.
Аз чунин намунаҳо аён мешавад, ки Доро шоири забонсоз аст. Навпардозиву навовариҳои вай дар шеър танҳо аз корбасти калимоти нав иборат нест. Тасвиркориву тасвирсозиҳои Доро низ нав ва хаёлпарваронаву эҳсосбарангезанд.
Масалан дар шеъри тӯлониву нахустини маҷмуаи мавриди таҳқиқ, ки «Ориёно» ном дорад, шоир эҳсоси нигарониашро аз пароканда шудан ва пош хӯрдани иттиҳод ва аз даст рафтани шону шавкати Ориёнои бузург ё Арйиана вайиҷаҳро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
Ориёно!
Ай таҳранги ноби осмони тамаддун!
Дуруд, мар турову дурахши кайгоҳи туро
аз Толори ойинаҳо,
к-орастаӣ
каёранги худишро
ба зулоли бомдоди авастоии Худо!…
Чунин тасвирот дар шеъри мудерн ё сафеди тоҷикӣ нав аст. Доро аз тасвирот, рамзу истиора ва вожагони обшуставу забонзад даст мекашад ва ба сухан рӯҳи тоза бармедамад.
Мо дар бораи турктозиҳои аҷнабиёну бегонагони бадавиву хунхор ва душманони миллати хеш шеъру қиссаҳои зиёде хонда ва ё шунидаем. Аз таърих низ маълумоти бештаре дорем, вале ин ҳақиқати талх дар тасвири бадеии Доро Наҷот бо рамзу тасвироти дигар ифода ёфтааст. Чунонки дар банди охири шеъри «Ориёно» мехонем:
Ориёно!
Ай тановар дарахт
Дар гузори тафбоди аждаҳои мақдунӣ,
девбоди ғули муғул,
самуми уштулуми Темури чиғатой
ва ҳазору як шабехуну турктозу фареш!
Дуруд,
мар ин пойиш
ва рӯйишро,
ки аз сабррешаҳо парвардаӣ
Сабзбешаҳо
ва шукуфаҳои варҷовандиву
ориёнфарӣ.
Доро мехоҳад, ки дар рагҳои калимот ва шеъри тоҷикӣ ҳамон асолат, моя, зебоӣ, рангу бӯ, донишу биниш ва андешаи бузурги ирфони озода нажодонро дар либоси наву тоза ва бо вожагону рамзи зебо ҷорӣ созад. Эҳсоси наҷиби ҳақпарастӣ то ҳадде дар қалбу рӯҳи Доро туғён мекунад, ки ӯ «тасбеҳи дарахт», «соярӯшани маънии хоб» ва «анвори тиловати баргҳо»-ро эҳсос мекунад:
Тасбеҳи дарахт
соярӯшани маънии хобро
ба зеҳнам
ва анвори тиловати баргҳоро
ба рӯҳам рехт…
Доро Наҷот таронаи худшиносиву худогоҳии миллаташро месарояд. Ва ҳамеша дасти дуо боло мебардорад барои расидан ба асли худ. Бубинем дар шеъри «Шатҳиёт» чӣ таманнои бузурге дорад ин шоир:
Кирдигоро!
обии нигоҳамро
дар сӯ-сӯи бесӯият сайқал деҳ,
ки билағжад
нафаси иблис
аз ойинаи сабр.
Доро Наҷот барои як қавми бузург дуо мекунад. Таманниёту орзуи шоиронаи Доро, ки орзуи худшиносӣ ва расидан ба асл аст, ба як миллати бузург тааллуқ мегирад.
Дар сукути шоиронаи ин шоир як ҷаҳон қиёми созанда нуҳуфтааст. Сукутест, ки «хайма ба маҳтобии хаёл задааст».
Кирдигоро!
Гуфтанро бигӯ,
вояҳои тозаам орад,
аз ғурбати нагуфтаҳо,
Сукутро бигӯ,
хайма ба маҳтобии хаёлам занад.
Бо чунин шатҳиёти гӯшнавоз мехоҳад сукути гарону тӯлонии хонандаи шеърашро низ бишканад ва ба равшанӣ ҳидоят намояд. Барои он ки аз хондани шеъри Доро сукут бишканем ва лаззат бибарем, бояд донишу андешаи бештар ва нуроние дошта бошем.
Андешаҳои ин шоир нокушуда мондаанд, навкориву тозаандешӣ ва тозагуфториву тасвирсозиҳои Дороро хонандаи тоҷик дуруст дарк накардааст…
Устод Муъмин Қаноат ба навпардозиҳои Доро дар шеър чунин баҳои муносиб додааст: «Дар Тоҷикистон касе, ки бештар аз дигарон дар шеъри сапед ва нимойӣ даст дорад, Доро Наҷот аст. Аз миёни шоирони тоҷик дар шеъри сапед ӯ қавитар ва дасти тавонотаре дорад.
Доро Наҷот бо рамз, бо мафҳумҳои ирфонӣ ва тасвирҳо сухан мегӯяд. Тасвирҳое ҳастанд, ки онҳоро бо сухан ифода кардан намешавад. Ба ин хотир фаҳми ин шеър дониши зиёдтаре талаб мекунад…»
Бо кашфи чунин вожагони нуронӣ, тасвиркориҳо ва баёну андешаҳои ҷолиби шоирона ва маъниҷӯиву маънирасиҳо Доро дар майдони шеъри мудерни тоҷикӣ мавқеъи шоиста пайдо кардааст.
Анзурат МАЛИКЗОД