35.8 C
Душанбе

“Ваҳдатофарин”. Намоиши аксҳои Заур Дахте дар Душанбешаҳр

Рӯзи 25-уми июл дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи асарҳои Заур Дахте, аксбардори саршиноси тоҷик барпой шуд. Ин намоишгоҳ “Ваҳдатофарин” унвон дошта, беш аз 200 акси бардоштаи ин филмбардори фақидро дар бар мегирад.

Намоишгоҳи мазкур ба баҳонаи 28-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” аз сӯйи хешовандони Заур Дахте роҳандозӣ шудааст, ки қарор аст то 8-уми июл идома кунад.

Гуфтанист, Заур Дахте аксбардор ва филмбардори номдори Тоҷикистон буда, созандаи камобеш 600 филми мустанад ва 13 филми синамоӣ шумурда мешавад.

Ӯ аз соли 2003 ба аксбардорӣ пардохта, намоиши тасвирҳояш дар Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Олмон, Фаронса ва Тоҷикистон баргузор шудааст.

Заур Дахте 15-уми августи соли 2024 дар 87-солагӣ дар асари тасодуфи ронандагӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ аз дунё даргузашт.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо