Бодо муборак, эй дил, ин Ваҳдати ватансоз,
Қодир ба ҳар амал бод ин қудрати ватансоз.
Зеби сарои халқ аст, кони тилои халқ аст,
Пайваста бештар бод ин сарвати ватансоз.
Мардум шуда дилозод, кишвар шуда дилобод,
Эй Ҳотами замонҳо, бин ҳиммати ватансоз.
Бингар таҳаввулашро, аз хор то гулашро
Аз сурати ватансоз то сирати ватансоз.
Ганҷаш аз ин фузунтар, хасмаш аз ин забунтар,
Бодавлати ҷаҳон бод ин давлати ватансоз.
Вирди ҳама забон шуд, то ибрати ҷаҳон шуд,
Аз буда бештар бод ин шуҳрати ватансоз.
Бо шеъру бо тарона, бо чангу чағона
Вассофи Ваҳдат омад ин санъати ватансоз!
Низом ҚОСИМ