Рӯзи 15-уми апрел пас аз гулчанбаргузорӣ бар пайкараи бунёдгузори адабиёти муосири тоҷикӣ устод Садриддин Айнӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию адабӣ зери унвони «Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.
Рӯйдоди мазкур бо ибтикори Иттифоқи нависандагон ва кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ сурат гирифта, дар он адибону адабиётшиносон ва рӯзноманигорону донишҷӯён ширкат карданд.
Декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ба маҳфил оғоз бахшид.
Дар идома гардонандаи маҳфил номзади илми филология Қарор Муҳаммадизода, муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа, шоир ва пажӯҳишгар Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ дар бораи хидматҳои зиёди Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ сухан гуфтанд.
Профессор Аламхон Кӯчарзода дар мавзуи «Устод Айнӣ – нависандаи зуллисонайн (дар мисоли Романи «Ғуломон»)» ва профессор Абдулҳай Маҳмадаминов дар мавзуи «Як ҳуҷҷати нодир дар бораи устод Айнӣ» маърузаҳо қироат карданд.
Гуфта шуд, ки барои шинохти устод Айнӣ ва эҷодиёти гуногунҷанбаи ӯ минбаъд низ бояд корҳои пажӯҳишӣ анҷом дода шаванд. Нашри куллиёти осори устод барои доираи адабию илмии кишвар ҳадяи гаронбаҳо хоҳад шуд.
Ин маҳфил бо шеърхонӣ ва қироати пораҳо аз осори насрии Садриддин Айнӣ анҷом ёфт.