Сайидамин Ҷило 80-сола шуд. Ӯ шоир, намоишноманавис, рӯзноманигор, тарҷумон ва омӯзгори хушсалиқа аст. Ҳанӯз соли 1970 нахустин шеъраш бо тахаллуси Ҷило бо имзои Раҳим Ҷалил нашр шуда буд. Сипас ашъори ноби шоир дар маҷмуъаҳои “Обутоби ишқ”, “Афсонаи ишқ”, “Меҳри падар”, “Паҳнои мурод”, “Санги овоз”, “Бонги ғазал”, “Дар водии боронҳо”, “Наҷвои дуродур” гирд оварда шудаанд. Адиби шинохта то имрӯз дар идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” фаъолият дошта, сафҳае бо номи “Сафинаи Сайҳун”-ро таҳия мекунад, ки гулчини намзу насрро барои хонандагон муаррифӣ месозад.
Мо ба муносибати 80-солагии Сайидамин Ҷило суҳбате бо ӯ ороста, назари дӯстону ҳампешагон ва ҳамқаламонро дар бораи эҷод ва шахсияташ гирд овардем.
– Фаъолияти касбии худро аз омӯзгорӣ оғоз кардам. Пасон ҳамчун мудири бахши адабӣ дар Театри мазҳакаи мусиқии Камоли Хуҷандӣ ва ба сифати мусаҳҳеҳ, хабарнигор, мудири шуъбаи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” кор кардам. Ҳамоно аз пешаи нахустинам – омӯзгорӣ даст накашидам. Дар Литсейи физикаву математикаи №1 ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, муассисаи №43-и деҳаи Болои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фанни физикаву нуҷум дарс медодам, — афзуд Сайидамин Ҷило.
Ӯ дар омӯзиши илму дониш зирак буданро зарур дониста, таъкид мекунад, ки танҳо бо омӯхтани адабиёт ё физика маҳдуд шудан дуруст нест. Ҳар одами маърифатҷӯ майли зебоиву нафосат мекунад. Дили кас тамошои гулу гулзор мекашад. Шеър, ҳунар, суруду рақс низ олами зебоиву нафосат аст, ки замири инсонро ба ҷӯш меорад.
– Дар айёми наврасӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде обуна шуда будам. Хатбар як зани калонсоли рус буд, бағале пур аз маҷаллаву рӯзномаҳоро ба хона оварда, аз ман мепурсид: “Оё ба хондани ҳамаи ин вақтат мерасад?” Бо лабханд мегуфтам, ки “ҳа, мерасад”. Агар нахонем, аз худ ва ҳаёт бехабар мемонем, – иброз дошт адиб.
Мавсуф ба як зумра шоирони ҳавзаи адабии вилояти Суғд вазни арӯзро омӯзонидааст. Ӯ мегӯяд, “вақте ман номбар кунам, ки барои фалониҳо ҳаққи устодӣ дорам, аҳамияте надорад. Агар худи онҳо қоил шаванд, ки андаке ҳаққи устодӣ дорам, он гоҳ метавон онҳоро шогирд шумарем.
– Дар зиндагӣ роҳҳои нек бисёр, вале умр кӯтоҳ аст. Вақте касберо интихоб карда, бо он зиндагиро зеботару осонтар созед, хушбахтед. Бо шавқу завқ зиндагӣ кунед, донишу касбу ҳунарҳоятон раҳнамо ва мушкилосонкуни Шумо бошад, – дар ҷамъбасти суҳбат гуфт Сайидамин Ҷило.
Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон:

– Саодати азими мо бод, ки ҳудуди ду сол (солҳои 1986-1988) дар як дафтари корӣ бо устодони наҷиби мо Озод Аминзода ва Сайидамин Ҷило як ҷо будем. Аз ҳастии башоратбахши эшон бисёр мустафид мешудем. Ба ҳунару шахсияташон иродатманд будам ва меҳру дилбастагӣ то имрӯз идомат мекунад. Баъди ду соли ҳамнишиниву ҳамдилӣ дарёфтам, ки устод Ҷило як шахсияти бисёр бемонанд ҳастанд. Шабеҳашонро дар миёни 8 милярд одами олам наметавон, ки дигар пайдо кунед. Одамоне ҳастанд, ки пас аз дарёфтани код, яъне шумораи ниҳонӣ ба ҷавҳари онҳо ворид мешавед. Устод Ҷило ҳам аз қабили ҳамин навъ шахсияте буданд, ки аввал бояд кодашонро кашф кунем, баъд ба дилу ҷон, зеҳну андешаҳояшон раҳкушоӣ намоем. Хушбахтона, ҳамин рамзро як андоза дарёфта тавонистем ва аз суҳбатҳо, машваратҳо, ҳидоёту иноёти устоди Ҷило хеле истифода кардем.
Устод Ҷило авзони шеъри форсиро ба ҳадде медонанд, ки хиёл мекунам, дар ҳудуди вилояти мо шояд кам нафаре инчунин ворид бошад, ба назарияи сухан, дарёфт ва шинохти арӯзи форсӣ ва истифодаи хеле ҳунармандонаи он. То имрӯз дар кулли осори манзуми мавсуф ҳанӯз камтарин қусури вазн, тақсиру халали авзони шеърро мушоҳида накардам. Чанд бор хиёл карда будам, ки агар эшон фурсате медоштанд, барои донишҷӯён ва ҳамчунин шуарои навмашқ дарси арӯзи форсӣ ва суханвариро меомӯхтанд. Чунки ҳатто барои устодони донишгоҳ уҳда кардану шинохтани зиҳофу баҳрҳо ва рукнҳои дохилии вазни арӯзро фаро гирифтан душвор аст. Аммо ҳамаи нозукиву зарофатро устод Ҷило ба тамом азбар карда, дар шеър корбаст кардаанд. Хиёл мекунам, ки дар жанри ғазал тозакориву наҷобате, ки дар он марҳала доштанд, дар ҳавзаи адабии Суғд кам дарёфта будам. Аз шуарое буданд, ки жанрҳои пешинро канор намеандохтанд. Бо тарзи наву равиши тоза ба он ҷон мебахшиданд. Муддати зиёд чандин жанри шеърии мо мисле, ки мураххасӣ буданду аз истифода берун. Шоир аз ғазал ҳаргиз ҷудо нашуданд, он дар осорашон мақоми салтанатро дорад.
Аввалин навиштаҳои худро ба он кас манзур мекардам. Эшон ишорат мекарданд, ки дар чанд ҷо вазн халал дорад ва вироиш мехоҳад. Барои ман ворид шудан ба дунёи арӯз як андак гаронӣ эҷод мекард, зеро ба андешаҳоям фишор меовард. Озодиву ворастагиро дӯст медоштам, риоя кардани дастурот мушкилӣ пеш меовард. Бо роҳнамоии бисёр пурсаброна нишон медоданд, ки ба қавонини умумиву ҳамагонӣ риоят кун, набояд ба қоидаҳои ҳамешагии сухан шабехун ворид кунӣ».
Ин қадар солиёни зиёд гузашт, аз он рӯзгори хуҷаставу мутабаррик. Баъдан таваҷҷуҳ кардам, ки бо устод Озарахш қабл аз ман низ ошно буданд. Як нуктае барои ҳамеша дар ёдам монд. Толиби Озарахш бори аввал ба идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” барои дидор бо дӯстон ва аз ҷумла бо мо ҳам омада буданд. Бо худ гулқанде бо номи «Птичье молоко», ки он солҳо дар Хуҷанд машҳур буд ва танҳо дар шаҳри Душанбе фурӯхта мешуд, оварданд. Онро барои тамоми аҳли рӯзнома тақсим карданд. Устод Ҷило гуфтанд, ки ин гулқандро Толибҷон барои ман овардаанд. Яъне нахостанд мардум пай баранд, ки аз ин бештар муносибате ҳам ҳаст ва далеле низ ҳаст, ки Толиби Озарахш ба идораи рӯзнома омаданд. Он рӯз эшон шоҳмот бозӣ карданд ва ман барвақттар аз кор рафта будам. Устод Ҷило пагоҳи он рӯз гуфтанд, ки “Иноятҷон хиёл мекунам, Толибҷон, ки омада буд, муродаш фақат дидори ман набуд”. Он кас бо идроки зарифи худ дарёфтанд, ки муроди омадани Озарахш на танҳо суҳбат бо Сайидамин Ҷило будааст. Ин лаҳза як моҳ пеш аз базми издивоҷи мо ба вуқуъ пайваста буд.
Бигзор, солиёни дароз раҳомӯзу ҷодафрӯзи аҷдоди худ бошанд. Авлодашон танҳо хешону пайвандону ворисони хонаводагиашон нест, балки Шумо – ҷавони азиз ҳастед, ки бо чароғи сухан мехоҳед ояндаи миллати моро рӯшаноӣ бахшед. Саломатии поянда во саодати ҷовидона дошта бошанд. Бо мисбоҳи ҳунар ояндаҳоро афрӯзгорӣ кунанд.
Аҳмадҷон Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон:

– Мо бояд дар айёми зиндагонии шахсиятҳои арзанда ба қадру қимати онҳо расем. Ба онҳое, ки воқеан аз ҷумлаи шахсиятҳои зубда ҳастанд, ҳангоми дар ҳаёт будан бояд баҳои шоиста диҳем. Адабиёти муосири моро бидуни эҷодиёти устод Сайидамин Ҷило тасаввур кардан ғайриимкон аст. Устод дар ҷодаи матбуот ва насри публисистӣ бо очеркҳо ва мақолаҳои пурмазмуну таъсиргузорашон шуҳрати хоса доранд. Вале нақши эшон дар рушди драматургияи тоҷик бениҳоят калон аст. Эҷодиёти Сайидамин Ҷило драматургияи муосири тоҷикиро ғанӣ гардонида, ба хазинаи фарҳангии мо саҳми босазо гузоштааст. Эшон донандаи хуби вазни шеъри тоҷикӣ буда, дар иншои жанри маъмули адабиёти классикӣ – ғазал мумтозанд. Дар баробари ин мураббии хуб ҳастанд, шоирони зиёде аз дониши он кас баҳравар шудаанд, аз ҷумла мо ҳам. Ман бисёр шод ҳастам, ки дар паҳлуи устод будам ва ҳастам. Мактаби он кас нерӯманд аст ва оянда низ идома меёбад. Осорашон тарбиятгари насли минбаъда хоҳад буд.
Мавлуда Шарифова, рӯзноманигор:

– Ман ҳамеша устод Сайидамин Ҷилоро дар ҷустуҷӯ ва талош мебинам. Гарчанде баъзан вақт саломатиашон хуб нест, рӯҳияшон ҳаргиз шикаста нест. Дар рӯзҳое, ки дар хона нишаста буданд, драмаи як нависандаи маъруфи фаронсавиро тарҷума мекарданд. Ҳарчанд бемор буданд, аз пайи созгор кардани асар ба саҳна мекӯшиданд. “Аз куҷо ин қадар нерӯву хоҳиш” – боре пурсидам аз он кас. Бо табассум гуфтанд: «Тургенев гуфтааст, ки нависанда бояд ҳар рӯз нависад. Агар рӯзе навишта натавонист, бояд ҳамон рӯзро ҳам сабт кунад, ки бо чӣ сабабе навишта натавонист». Қалам барои он кас дармони дилашон ҳам аст. Қариб ним аср мешавад, ки бо устод дӯстӣ дорем. Ба он кас рози дил карда метавонед. Кам касон ҳастанд, ки аз ҳама ҷиҳат барои одам намуна бошанд.
Файзуллохоҷа Атохоҷаев, сармуҳаррири вақти “Ҳақиқати Суғд”:
– Асарҳои насрии эшон низ ҷаззоб ва шавқовар буда, дорои арзишу ҷаззобияти хос ҳастанд. Очерк ва лавҳаҳое, ки аз ҳаёти мардуми вилояти Суғд офаридаанд, намунаи хуби насри публисистӣ ба шумор мераванд. Ҳамчун драматург барои ғанӣ гардондани фазои намоишии саҳнаҳои вилоят ва ҷумҳурӣ заҳмат кашида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд. Асарҳое, ки барои кӯдакон навиштаанд, то имрӯз дар театрҳои наврасон, аз ҷумла дар Театри Камоли Хуҷандӣ, рӯи саҳна омада истодаанд. Дар ин рӯзҳо барояшон умри дарозу пурбаракат орзу менамоем. Ҳаргиз рӯйи бемориро набинанд.
Ориф Набиев, коргардон:
– Соли 1981 нахустин намоишномаи эшон бо номи «Калиди бахт» рӯйи саҳна омад. Ман он замон дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳ хидмат мекардам. Вақте ки гузинаҳои (вариантҳои) аввали намоишномаро бароям фиристоданд, онро мутолаа намуда, фикру мулоҳизаҳои худро менавиштам. Ниҳоят, моҳи феврали ҳамон сол асари комил рӯйи саҳна омад. Сайидамин Ҷило ҳамеша ҷонибдори корбурди забони тоҷикии меъёр дар саҳна буда, бо талошҳои пайвастааш забони ноби тоҷикӣ миёни бозигарон нигаҳдорӣ шуд. Имрӯз, мутаассифона, дар забони ҳунармандон истифодаи лаҳҷа ба назар мерасад, меъёрҳои забони меъёр на ҳамеша риоя мешавад. Ӯ асарҳои зиёдеро бавижа намоишномаи Виктор Розов “Чор қатра”, мазҳакаи «Маҳфилоро» ва монанди инро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар ҳамкорӣ бо эшон як мазҳака дар бораи қаллобон навишта будем, ки дар театри шаҳри Бохтар ба намоиш гузошта шуда буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ беш аз 15 асар аз драматургияи миллиро рӯйи саҳна овардам. Ифтихор мекунам, ки бо чунин шахс дар зиндагӣ рӯбарӯ шудаам, ӯро устод ва бародар мегӯям.
Карим Шариф, сардабири вақти “Ҳақиқати Суғд”:
– Дар бораи устод Сайидамин Ҷило хотираҳои зиёде дорам. Ҳанӯз аз солҳои 80-ум бо ҳам шинос ҳастем ва пайвандҳои эҷодиву дӯстона дорем. Он кас дар шуъбаи иҷтимоъии рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” бо адибони маъруф Қурбоналӣ Урмонов, Озод Аминзода ва Фарзона фаъолият доштанд. Устод инсоне заминӣ ва наҷибанд. То имрӯз нашунидаам, ки ба касе сухани баде гуфта бошанд ё тезутунд бархӯрд кунанд. Фикр мекунам, инсон бояд чунин бошад – ором, меҳрубон ва бомаърифат. Вақте соли 2008 сармуҳаррири рӯзнома таъйин шудам, эҳсос кардам, ки ҳайати эҷодӣ чандон пурқувват нест. Касе набуд, ки монанди Ҷило шеърро бо дарки амиқ фаҳмад, вироиш кунад, маънидод намояд ва ба ҷавононе, ки қалам ба даст гирифта шеъру тарона менавиштанд, роҳнамо бошад. Аз ҳамин сабаб устодро ҷустуҷӯ кардам ва ба кор даъват намудам. Дар муддати ҳафт соле, ки сарварии рӯзномаро ба уҳда доштам, устод Сайидамин Ҷило дар паҳлуямон буданд. Суннатҳои рӯзноманигории солҳои 70–80-умро идома доданд ва ба тарбияи мутахассисони ҷавон мусоидат карданд. Тақвим хабар дод, ки устод ба синни мубораки 80 расиданд. Эшонро табрик мегӯям, таманно дорам, ки қаламашон ҳамеша бурро бошад ва мардумро тавассути эҷодиёти пурбори худ ба пешрафти Тоҷикистон даъват намоянд.
Рафоат Муъминова, рӯзноманигор:
– Бо вуҷуди он ки синну соли устод ба 80 расидааст, то имрӯз дар баробари ҳаёт қадам мезананд. Он кас узви фаъоли ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» мебошанд. Шеърҳое менависанд, ки хонандагон ҳамеша дар интизори онанд. Инсонияти баланди устод Умаров дар он таҷассум меёбад, ки барои эшон инсон худ арзиши бузурге дорад. Ба он кас молу сарват доштани кас муҳим нест, ба бузургии маънавиву ахлоқии инсон эътибори хос медиҳанд. Он кас дӯстпарвар, хоксор ва ғамхори наздиконанд. Соҳибмаслиҳати мо – ҳамкорон низ ҳастанд.
Ҳайати эҷодии adab.tj низ Cайидамин Ҷилоро бо 80-умин солгарди мавлудашон хуҷастабод гуфта, ба ин шоири хушном тандурустию сарфарозӣ ва дастовардҳои эҷодӣ орзуманд аст.

Файзуллохон Обидов,
рӯзноманигор